Муҳити мусоид барои ташаккули зеҳнии кас таъсири калон дорад.
Муҳити мусоид барои ташаккули зеҳнии кас таъсири калон дорад. Аз сӯи дигар барои интихоб кардани ягон пеша таъсири муҳити оила ва мактаб низ назаррас аст. Азбаски падарам худ омӯзгорӣ кардааст, аз ин рӯ барои соҳиби касби пуршараф шудан такон бахшид. Ҳоло ҳам дар дами пирӣ ба мо – фарзандон маслиҳатҳои муфид медиҳад.
Соли 2011 дар қисмҳои ҳарбии вилояти Тошканд хидматро ба ҷо оварда, ба Донишкадаи давлатии омӯзгории Ҷиззах дохил шудам. Зимни таҳсил дар донишкада кӯшиш ба харҷ додам, ки узви фаъоли тадбиру чорабиниҳо бошам. Баъди гирифтани тахассуси омӯзгори фанни география ба зодгоҳам – деҳаи Порашт омада, ба фаъолият шурӯъ намудам. Дар ин муддат ду бор дар озмуни «Заковатли ёшлар», ки бо ташаббуси ҳокими ноҳия баргузор гардид, иштирок карда ва ҳамроҳи шогирдонам ҷойи аввалро гирифтам. Дар ин озмунҳо ба он муваффақ гардидем, ки ҷоми ҳоким таъсиснамударо ба даст оварем.
Ҳоло дар мактаби рақами 13-уми деҳаи Порашт баробари ба насли наврас сабақ додан вазифаи пурмасъулияти ҷонишини директор оид ба корҳои таълимро бар ӯҳда гирифтаам. Собир Эргашев, Сарибой Ярашев, Намозбой Шарифуллоев ва Садбарг Аллаеваҳо барин устодон ба ман, бародарам Холмурод ва дигар омӯзгорони ҷавон дарси маҳорат меомӯзонанд. Барои баланд бардоштани мавқеъ ва обрӯи омӯзгор аз тарафи ҳукумат бо ташаббуси Сарвари давлат пайваста ғамхорӣ зоҳир карда мешавад. Ин ҳол моро хеле шод мегардонад. Ҳамаи ҳампешагонро бо ҷашни гузаштаашон самимона муборакбод менамоям ва таманно мекунам, ки дар роҳи адои касби шарафнок асло монда набошанд.
Ҳофиз ШАРИФОВ,
омӯзгори мактаби таҳсилоти ҳамагонии рақами 13-уми
деҳаи Порашти ноҳияи Фориш.