Касе, к-ӯ ба дониш...
Касе, к-ӯ ба дониш барад рӯзгор,
На ӯ боз монад, на омӯзгор.
Ҷаҳонро ба дониш тавон ёфтан,
Ба дониш тавон риштану бофтан.
***
Бад-он кӯш, то зуд доно шавӣ,
Чу доно шавӣ, зуд воло шавӣ.
На донотар он кас, ки волотар аст,
Ки волотар аст он, ки донотар аст.
***
Чу пухта шавад, талх ширин шавад,
Ба дониш сухан гавҳарогин шавад.
Сипоҳ андаку раъю дониш фузун,
Беҳ аз лашкари кашни бераҳнамун.
Абӯшакури БАЛХӢ.