Тӯли асрҳои миёна сарзамини илм ва адабпарвари мо нобиғаҳои зиёдеро ба дунёи тамаддун тақдим сохт, ки ин ба касе сир нест.
Яке аз онҳо Абӯрайҳони Берунист, ки оғози ҳар тирамоҳ бузургдошти ӯ хотирмон сурат мегирад. Имсол низ алоқамандони илм ва фарҳанг ба муносибати зодрӯзи ниёи бузурги мо чорабиниҳо доир сохтанд ва
1046-солагиашро бо тантана қайд намуданд.
Чун Форобӣ ва Абӯалӣ ибни Сино вай алломаи замон, донандаи илмҳои зиёд, яъне энсиклопедист ба шумор мерафт. Ягон соҳаи илму маърифати давре, ки ба сар бурд, аз назари ӯ дур намонд. Бо пеш бурдан, таҳқиқу тадқиқи амиқи математика ва астрономия, география ва геодезия, геология ва минералогия, илмҳои тиб, таърих ва филология, фалсафа ва нуҷум барин фанҳо ва таълифи осори илмӣ ӯ дар ин соҳаҳо ба тараққии илму маърифати асрҳои миёна таъсири муайян расондааст.
Абӯрайҳон Берунӣ чун бисёр намояндагони барҷастаи илм ва ирфони мо дар шароитҳои мураккаби таърихӣ умр ба сар бурд ва ҳаёти худ ба пажӯҳиш, ба таълиф бахшид. Нооромӣ дар Мовароуннаҳр бинобар инқирози Сомониён, тохтутозу тороҷгариҳои қарохониён ва Султон Маҳмуди Ғазнавӣ боис гашт ҷилои ватан сохта ва дар Рай, Гургон, Исфаҳон, Ҳамадон барин шаҳрҳо умр дар ғарибию мусофират гузаронад.
Вай ба Маҳмуди Ғазнавӣ асир афтод ва то охири умр – соли 1048 дар дарбори ғазнавиён монд.
Абӯрайҳон Берунӣ асарҳои зиёд таълиф кард, вале, мутаассифона, қисми ками онҳо то мо омада расидааст. Бо вуҷуди ҳамин ҳар кадом аз онҳо шоҳасар эътироф ёфта ва чун ганҷинаи бебаҳо дар хазинаи маънавиёти мо маҳфуз дошта мешаванд. Масалан, «Осор-ул-боқия», ки бо номи «Хронология» низ машҳур аст. Асар шарҳу тавзеҳоти воқеаҳои муҳими таърихӣ, тақвим, ҳолати ситора ва дигар ҷирмҳои осмониро фаро гирифта, ба амири маъруфи сулолаи Зиёриён (928-1042) Шамсулмаолӣ Қобус бахшида шудааст.
Маълум, ки Маҳмуди Ғазнавӣ аснои юриши Ҳинд Беруниро бо худ бурд ва донишманди маъруф чанд муддат дар он сарзамин монд. Ба таърихи маданият, урфу одат ва афсонаю ривоятҳои мардуми маҳаллӣ таваҷҷӯҳ сохт. Ҳатто забони қадимаи ҳиндуён санскритро ба амиқӣ омӯхт. Якчанд асарҳои гаронбаҳоеро, ки ба ин забон навишта шудаанд, ба арабӣ тарҷума сохт. Айни замон осори Евклид ва Птоломейро аз арабӣ ба санскрит баргардонд. Мутахассисон эътироф сохтаанд, вай бо ин иқдом нахустин ба синтези тамаддуни мухталифи инсоният, равобити илмию эҷодии Шарқ ва Ғарб роҳ кушод. Хусусан, астрономия ва математикаи Ҳинд таваҷҷӯҳи Беруниро бештар ҷалб сохт. Доири ин фанҳо бисёр чизҳоро омӯхт, ҷаҳонбиниашро васеъ гардонд.
Сафари Ҳиндустон ва пеш бурдани фаъолияти илмӣ дар ин гӯшаи қадимаи мутамаддин ба офарида шудани асари бебаҳои ӯ «Мол-ил-Ҳинд» («Ҳиндустон») сабаб гардид.
Дигар аз асарҳои муҳими аллома «Ал қонун-ал-Масъудӣ фил-ҳайа вал-нуҷум» (номи мухтасараш «Қонуни Масъудӣ») буда, он асосан дар бораи ҷирмҳои осмонӣ баҳс мекунад ва баробари нуҷум математикаро низ то андозае фарогир аст. Агар «Алқонун»-и Абӯалӣ Сино энсиклопедияи илми тибби асрҳои миёна ҳисоб ёбад, «Қонуни Масъудӣ»-и Абӯрайҳони Берунӣ энсиклопедияи астрономии замони худ мебошад, қайд кардааст донишманди маъруфи тоҷик, академик Муҳаммад Осимӣ.
Мавриди тадқиқ қарор гирифтани сарватҳои зеризаминӣ, пайдоиши минералҳо ва тавсифи сангҳои қиматбаҳоро дар «Китоб-ул-ҷамоҳир фи-маърифат ул-ҷавоҳир»-и Берунӣ, ки бо номи «Минералогия» машҳур аст, мушоҳида кардан мумкин.
«Китоб-ут-тафҳим ли аволи синоат-ит-танҷим» (номи мухтасараш «Тафҳим») оиди масъалаҳои геометриву математикӣ, ҷуғрофӣ ва ситорашиносӣ мебошанд.
Берунӣ чун Сино ба табобат низ шуғл варзид. Доири аз гиёҳҳои шифобахш омодасозии дорувор дар «Китоб-ус сайдона фи-т-тибб»-и худ маълумотҳои пурарзиш дод. Байни халқ ва доираҳои илмӣ ин китоб бо номи «Формокогнезия» низ машҳур аст.
Навъе гуфтем, фаъолияти илмии Берунӣ ҳама шохаҳои ирфони замонавиро фаро мегирифт, вале вай, қабл аз ҳама ҳамчун астроном ва донишманди беназири илмҳои геометрию тригонометрӣ шӯҳрати ҷовидона ёфт. Нахустин устодаш аз ин фанҳо Абӯмансури Мансур бошад, ӯ баъдтар, аснои зиндагӣ дар Рай, асрори нуҷум ва кайҳониро аз Абӯмаҳмуди Хуҷандӣ омӯхт. Масъалаҳои назариявии астрономӣ тамоми умр диққати Беруниро ба худ кашиданд. Мегӯянд, саволи осмон чарх мезанад ё замин, фикри ӯро ҳамеша банд месохт. Замин маркази олам аст ё офтоб?
Вай дар ин бобат, бо амиқан омӯхтани таълимоти Птоломей бо номи системаи геосентрии олам ва дигар мутафаккирони Юнону Ҳинд, ақидаи худро баён сохт. Тақрибан баъди 500 сол Николай Коперник фикри Беруниро чун асос қабул сохта, дар китобаш «Оиди даврзании сфераҳои осмон» аз ниёи бузурги мо иқтибосҳо овард ва ӯро қувват дод. Гуфтанием, агар кашфиёти Коперник «инқилоби азиме дар илми табиатшиносӣ ва тафаккури инсонӣ» эътироф шуда бошад, системаи гелиосентрии оламро ҳанӯз 5 аср қабл аз ӯ Берунӣ ба таври илмӣ асоснок гардонда буд.
Ҷуз ин дар илми ҷуғрофия бар хилофи ақидаи Птоломей аз тарафи ҷануб ба уқёнус пайвастани Африқоро исбот кард. Чанд аср қабл аз Христофор Колумб хаёлан ба Амрико сафар намуд ва паси уқёнус воқеъ будани он сарзаминро таъкид сохт ва харитаи онро кашид.
Яке аз шеърҳои шоир Лоиқ Шералӣ бо мисраи «Оби Омӯ як замон мерехт дар баҳри Хазар» оғоз меёбад. Воқеан як замонҳо ба Хазар рехтани Омӯро ба таври илмӣ Берунӣ ишора карда буд.
Берунӣ бо кадом забонҳо менавишт? Умуман, кадом забонҳоро балад буд?
Забони модарии ӯ хоразмӣ буда, мувофиқи маълумоти сарчашмаҳо, арабӣ ва форсиро комилан медонист ва бо ин забонҳо таълиф месохт. Ҷуз ин паҳлавӣ, сурёнӣ, санскрит ва (аз рӯи тахмини М. Осимӣ) юнониро балад буд. Асосан бо арабӣ эҷод кард ва осори гаронмояи ӯ тӯли асрҳо бо забонҳои дигар, минҷумла, тоҷикӣ баргардонда шуданд.
Яке аз асарҳояш «Тафҳим»-ро Берунӣ бо ду забон – арабию форсӣ навишт. Мувофиқи ақидаҳо, ӯ Ҳасан ном дӯсте дошт дар Ҳиндустон, ба хонадони вай равуо дошт. Райҳона ном духтари тоҷикзабони Ҳасан аз Берунӣ хоҳиш намуд асаре бо забони модариаш таълиф созад. Берунӣ пазируфт. «Тафҳим» бо усули саволу ҷавоб китобат шудааст: Райҳона савол медиҳад, Абӯрайҳон ҷавоб мегардонад.
Мегӯянд, «Тафҳим» махзани пурмояи луғат ва истилоҳоти қадими тоҷикӣ мебошад.
Дар мактаби олии ҷумҳуриявии тиҷорат ва идоракунии ба номи Абӯрайҳон Берунии тобеи Агентии миллии идоракунии лоиҳавии назди Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон чорабинӣ рӯи кор омад, ки ба 1046-солагии аллома бахшида шуд. Дар он таъкид гашт, то имрӯз осори ҳаштҷилдаи Берунӣ ба ӯзбекӣ тарҷума ва нашр шуда бошад ҳам, ҳанӯз 33 асари ӯ ба Ӯзбекистон омада нарасидааст.
Бояд онҳоро дарёфт, овард, ба табъ расонд. Баъди чанде аз ҷониби ЮНЕСКО 1050-солагии Берунии бузург дар миқёси ҷаҳон таҷлил мегардад.
Дар тадбир доири зиндагӣ ва эҷоди Берунӣ видеолавҳа намоиш дода шуд.
Кушодани осорхонаи Берунӣ, ба табъ расондани асарҳои нодири ӯ ба нақша даромадааст.
М. ШОДИЕВ.