КАШИДАДӮЗӢ БА ШУҒЛИ СУДОВАР ТАБДИЛ МЕЁБАД

Хуб ёд дорам, то охири солҳои 70-уми асри гузашта девори хонаҳо (хосатан хонаи арӯсу домод) бо сӯзаниҳо оро дода мешуд. Дар девори хона ду навъ сӯзанӣ кашида мешуд.

Андозаи яке мувофиқ ба дарозии девори хона ва бараш 70 см буд. Дувумӣ аз ҷиҳати шаклу андоза (2х3, 3х4) гуногун мешавад. Духтарон дар арафаи тӯйи худ кашидадӯзӣ мекарданд. Бисёр ба мушоҳида мерасид, ки арӯсшаванда бо кӯмаки дугонаҳову ҳамсоядухтарон шабҳо сӯзанӣ, болишт, рӯболишт, пардаи тиреза, миёнбанд, ҷилди чойник, рӯйҷо ва умуман ҷиҳози хонаводаро гулдӯзӣ мекарданд. Арӯсшаванда гирди 25-30 дона дастрӯмолро тӯр мебофид, ки рӯзи тӯй ба дӯстон – ҳамнишинони домод медод.

Дар деҳоти кӯҳпояи Нурато,бахусус дар шаҳри Нурато ба духтарон аз овони кӯдакӣ дӯзандагӣ ва кашидадӯзиро меомӯзонданд. Қариб дар ҳар як оила дӯхтан ё кашидадӯзиро медонистанд. Аз солҳои 80-ум ба пас ҷойи ин санъати зебои дастии миллии тоҷикиро мошинҳои дарздӯзӣ гирифт. Аз он сӯзаниву болишту рӯболишт ва дигар ҷиҳози бо даст кашидадӯзӣ ё худ гулдӯзишудаи хонавода чизе боқӣ намонд.Он намунаҳои санъати гулдӯзии дастиро, ки дар хонахо боқӣ монда буд, самарқандиву бухороиҳо харида бурданд...

Истиқлолият ба эҳёи саъати миллии қадима имконият фароҳам овард. Ба эҳёи ҳунарҳои дастии мардумӣ чун кашидадӯзӣ ё худ гулдӯзӣ аҳамияти махсус дода шуд. Имрӯз дар Ӯзбекистон, аз ҷумла дар Нуратову вилояти Навоӣ анъанаҳои қадимаи кашидадӯзӣ эҳё шудааст. Эҳёи ҳунарҳои дастии мардумӣ имрӯз ба шуғли доимӣ, яъне ба манбаи даромад табдил ёфтааст.

Яке аз ҳунарҳои миллӣ, ки таҷассумгари таъриху фарҳанги чандинасраи мост, маҳз кашидадӯзии Нурато ба ҳисоб меравад. Ин аст, ки дар Нурато ҳамасола бо мақсади ҳифз ва қадр кардани мероси ниёгон фестивали «Сӯзанӣ ва кашидадӯзӣ» баргузор мегардад. Ин ҷашнвора дар маҷмӯи таърихию меъмории «Чашма»-и шаҳри Нурато аз ҷониби ҳокимиятҳои вилояти Навоӣ ва ноҳияи Нурато, раёсатҳои сайёҳӣ ва мероси фарҳангӣ, Иттиҳодияи «Ҳунарманд» роҳандозӣ мешавад

Гулдӯзии аз ҳама маъмул ин сӯзанӣ мебошад. Сӯзанӣ матоест, ки рӯяш бо ресмонҳои рангоранг бо усули кашидадӯзӣ гулдӯзӣ шудааст. Матои сӯзанӣ маъмулан сатин, шоҳӣ ва махмал мешавад. Тарҳи сӯзанӣ аз нақшҳои паргорӣ иборат буда, аксар дар мобайни худ гули доирамонанд ва дар канорҳояш ҳошияҳо дорад. Сӯзанӣ акси бо сӯзан дар матоъ ҳаккокишудаи чамани шукуфон ва пур аз гул мебошад. Чашми ҳамабин дар он расмҳои сеҳрнок орзуву омол ва ормонҳои мардумро мебинад, ба мисли рамзи фаровонӣ, ҳимоя аз чашми баду муҳофизат аз мавҷудоти бадтинат, кушоиши бахт ва дигар. Аз ин рӯ, анъанаи оро додани манзил бо сӯзанӣ аз замонҳои қадим ба мерос мондааст. Истилоҳи «сӯзанӣ» маънои бо сӯзан дӯхтанро дорад, аз ин лиҳоз онро «сӯзанӣ» меноманд.

Шаҳри Нурато, ки шаҳри қадимаву ҳамешаҷавон аст, сафи сайёҳони дохиливу хориҷӣ хеле афзудааст. Сайёҳон ба маҳсулоти ҳунарҳои дастӣ таваҷҷӯҳи зиёд доранд. Ин имконият дод, ки дар Нурато кашидадӯзӣ ривоҷ ёбад. Дар ин ҷо  мактабҳои кашидадӯзӣ таъсис ёфт. Дар ин мактабҳо усули «Устод ва шогирд» ба роҳ монда шуд. Бо ташаббуси иттиҳодияи вилоятии «Ҳунарманд» ва шӯъбаи ноҳиявии он дар Нурато марказҳои таълимии кашидадӯзӣ таъсис ёфт. Бисёр зан ва духтарони хонанишин он ҷо ҳунари гулдӯзиро омӯхта, ба гирифтани сертификат ва ҷойи кори доимӣ соҳиб шуданд.

Саодат Файзиева яке аз аввалинҳо буд, ки корхонаи дӯзандагӣ таъсис дод. Корхона дар як муддати кӯтоҳ натанҳо дар Нуратову вилоят, балки дар ҷумҳурӣ ва берун аз он шӯҳрат ёфт.

– Имрӯз дар корхонаи мо беш аз 150 нафар гулдӯзон кор мекунанд.На ҳамаи онҳо доим ба корхона меоянд, – гуфт ҳини суҳбат Саодат Файзиева. – Корхона ҷоест, ки шогирдон нозукиҳои гулдӯзиро меомӯзанд. Пас ҳар яке дар хонааш назди фарзандон фаъолият пеш мебарад, ҳам кори зиндагиашро мекунад ва вақти холиаш ба гулдӯзӣ машғул мешавад. Моли тайёр намудаашро ба корхона супорида, аз мо ашёи хом мегирад ва мувофиқи фармоиш маҳсулот тайёр мекунад. Яъне кашидадӯз ҳам кори зиндагиашро мекунад ва ҳам ба зиндагӣ даромад меоварад.

– Маҳсулоти мо харидоргир аст. Чи дар дохил ва чи дар хориҷ аз мамлакат ҳаводорони зиёд дорад, – мегӯяд бонуи ҳунарманд. Бо ҳунармандони шаҳри Хуҷанди Тоҷикистон робитаҳои ҳамкорӣ дорем. Ба Қатар, Руминия, Булғория, Фаронса маҳсулот экспорт мекунем. Чанде пеш бо маблағи 20 ҳазор доллари амрикоӣ маҳсулот содир намудем.

Зиёданд бонувони ҳунарманд, ки дар Нурато корхонаҳо таъсис дода, занону духтарони хонанишинро бо шуғли доимӣ таъмин мекунанд. Гулмира Исломова, Заррина Ҳамидова, Шаҳноза Ботурова, Мунира Худойқулова ва чанди дигар корхонаҳои гулдӯзиро таъсис дода, имрӯз хеле шуҳрат ёфтаанд.

– Кашидадӯзӣ анъанаи аҷдодӣ аст барои ман, – мегӯяд Заррина Ҳамидова. – Ман авлоди панҷумам, ки ба кашидадӯзӣ машғулам. Бо вуҷуди ин дар Маркази таълими «Ҳунарманд» хондам, соҳиби сертификат гардидам. Маҳсулоти корхона дар музейи Санъати шаҳри Тошканд ба намоиш гузошта шуд. Маҳсулоти тайёрро ба ИМА, Туркия ва Исроил экспорт мекунем.

– Чанде пеш худ шогирд будам, – мегӯяд Шаҳноза Ботурова. – Имрӯз корхонаи гулдӯзии худро дорам. Он беш аз 30 нафар кашидадӯзро гирд овардааст. Ҳамчунин дар марказҳои таълимии Нурато ва шаҳри Навоӣ нозукиҳои гулдӯзиро ба шогирдон меомӯзам.

– Гулдӯзӣ санъатест нафис, аз соҳибкор зеҳн ва диди қавиро тақозо дорад, – гуфт дар суҳбат Шаҳноза. – Зеро ҳар як ранг моҳияти худро дорад. Мо таҷрибаи ниёконро меомӯзем ва онро равнақу ривоҷ медиҳем. Барои табиӣ баромадани рангҳо аз пӯсти анор ва усма низ истифода мебарем.

Мегӯянд, ки аз қадим боз 700 нақши гулдӯзӣ маълум аст. Гулдӯзони Нурато ҳам намунаҳои беҳтарину маъмултарини онҳоро чун аноргул, барги бед, бодом, каҷак, лола, маҷнунбед, себарга, тоҷи хурӯс, мори печон, моҳу ситора, гулбаст, гули ҳафтранг, гули зардолу, гули шафтолу ва дигарҳоро мавриди истифода қарор додаанд.

Имрӯз дар шаҳри Нурато гулдӯзӣ ривоҷ ёфтааст. Дар ин замина ҳам санъати нафиси миллии гулдӯзӣ ривоҷ меёбад, ҳам бонувони хонанишин бо шуғли доимӣ таъмин мегарданд.

Ӯзбакбойи РАҲМОН,

хабарнигори «Овози тоҷик».

Вилояти Навоӣ.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: