КАТИБАҲО – МАНБАИ ХАТТИИ ТАЪРИХӢ

«Катиба (а), – навиштае, ки дар санг ё кошин нақш шуда, ба болои дар ё тоқи иморат шинонда шуда бошад», – навиштаанд дар «Фарҳанги забони тоҷикӣ».

Катибаҳо ба сарчашмаҳои хаттии таърихӣ-адабӣ мансуб буда, онҳоро илми катибашиносӣ меомӯзад.
Катибаҳо ҳуҷҷатҳое мебошанд, ки дар асбобу ашёҳои сахт, пурбақою мустаҳкам бо хат ҳаккокӣ шуда, дар онҳо рӯйдоди воқеаю ҳодиса ва хабару маълумотҳо сабт карда мешаванд. Ин маълумоту хотираҳо дар харсангҳо, лавҳаҳои қабру мақбараҳо, сутунҳои биноҳо, табақҳои сафолину сангин, тангаю дигар асбобҳо навишта мешуданд. Навиштаҷоти назмию насрии ҳаккокишуда маводи фаровонро дар бораи ҳаёти иҷтимоию иқтисодӣ, воқеаҳои таърихӣ, соли таваллуд ва вафоти шахсиятҳои бузурги таърихӣ, адибону уламоро  дар бар гирифта, сарчашмаҳои муҳими хаттии таърихи дунёи қадим, асрҳои миёна ва навтарин мебошанд.
Катибанависӣ дар Юнону Рими қадим хеле маъмул буд. Катибаҳоро дар Юнон эпиграфика, лавҳаҳои санги қабру мазор ва мақбараҳоро эпитафия мегуфтанд.
Яке аз қадимтарин катибаҳои Осиё, ки дар ҷаҳон хеле машҳур аст, катибаҳои Бесутун мебошанд, ки 20 километр дуртар аз шаҳри Кирмоншоҳи Эрон воқеъ буда, аз ҷониби шоҳи Ҳахоманишиниён Дорои I нависонида шудааст. Онҳо бо хати мехӣ ҳаккокӣ гардида, ба се забон – форсии қадим, бобулӣ ва эламӣ сабт шудаанд. Туфайли онҳо дар бораи симо, сарулибос, забони суғдиёну бохтариён ва хоразмиён  маълумот пайдо мекунем.
Катибаҳои суғдиро зимни кофтуковҳои археологӣ аз маркази қадимаи давлати Суғд – Афросиёб пайдо намудаанд. Онҳо бо хати суғдӣ навишта шудаанд. Катибаҳо бо хати арабӣ пас аз омадани арабҳо ба Осиёи Миёна паҳн шуда, хеле маъмул ҳам гардидаанд. Бархе аз онҳо аҳамияти тарбиявӣ дошта, баъзеи дигар ба таърифу тавсиф ва солҳои ҳаёти бузургон бахшида шудаанд.
Дар соҳили рости Чашмаи Нурато мақбараи шахсияти таърихии ин мавзеъ Абулҳасани Нурӣ ҳаст. Дар санги сари қабри ӯ мисраъҳои зерин кандакорӣ шудаанд, ки ба ситоиши равони марҳум, соли вафоти ӯ ва соли навишта шудани катиба иртибот доранд:
Хоҷаи Нурӣ, ки зи анвори вай,
Гашт мунаввар ба ҷаҳон нури дин.
Рафт чу з-ин хонаи зулмоти даҳр,
Сурати хуршед ба хулди барин.
Садр аён гашт рақам шуд фарид,
Реҳлати он ҳоли замон дар
 замин.
***
Мир бий Йӯлдош ба санг овард 
рақам,
Чун фард, ғуфрон бигуфт 
таърихи он.
Аз калимаҳои «фарид» ва «ғуфрон» ду моддаи таърих бармеоянд, ки аввалӣ ба соли 294 ҳиҷрӣ (907-уми милодӣ) мутобиқ буда ва соли фавти Абулҳасани Нурист. Сонӣ соли 1331 ҳиҷрӣ (1913-уми милодӣ) аз ҷониби Мир бий Йӯлдош ҳаккокӣ шудани ин мисраъҳо мебошад.
Бинобар маълумоти Раҳимшоҳи Шарифзода катибаи оромгоҳи Алишери Навоӣ дар Ҳирот ин аст:
Ҷаноби Амири ҳидоятпаноҳӣ,
Ки зоҳир аз ӯ гашт осори раҳмат.
Шуд аз хорзори ҷаҳон сӯйи боғе,
Ки он ҷо шукуфтаст гулзори
 раҳмат.
Чу нозил шуд анвори раҳмат 
ба рӯҳаш,
Биҷӯ соли фавташ зи 
«анвори раҳмат».
Ибораи «Анвори раҳмат» моддаи таърих буда, аз он соли 906 ҳиҷрӣ (1500-1501 милодӣ) ҳосил мешавад».
Нависандаи хушсалиқа Юнуси Имомназар дар асараш «Аз санг сахту аз гул нозук» (с. 29-298) менигорад, ки Калтаманор бо остари сабзу нилӣ ва лоҷвард, нақшу нигори арзии мутавозӣ ва ҳалқаӣ ва ба хусус, абёти тоҷикӣ (форсӣ)-и худ, ки дар охирин ҳалқаи мунаққаш сабт шудаанд, ҷолибу дилкаш менамояд, дар ҳалқаи шеърии манора, аз ҷумла, чунин мисраъҳо омадаанд:
Расида чун сутун бар кохи гардун,
Зи васфаш қосир омад ақлу 
идрок.
Аз ин рӯ огаҳӣ, соли баёнаш
Рақам карда «сутуни кохи
 афлок».
Ибораи «сутуни кохи афлок» баёнгари соли бунёди манора буда, аз рӯйи ҳисоби абҷад мутобиқи соли 1269 ҳиҷрии қамарӣ (1853-юми милодӣ) аст».
Аз саҳифаи дигари ҳамин китоб дар бораи зиёратгоҳи Паҳлавон Маҳмуд дар Хива мехонем: «Аз он ҷое, ки шакли ҳаштгӯшаи деворҳои бино оғоз мешавад, гирдогирд рубоиёти Паҳлавон Маҳмуд бо хати қашанги настаълиқи форсӣ ба забони тоҷикӣ (форсӣ) сабт шудаанд. Аз ҷумла:
Чашм аз ситами замона гирён 
дидам,
Ҳар рангу бало, ки мумкин аст, 
он дидам.
Нӯҳе ба ҳазор сол як тӯфон дид,
Ман Нӯҳ наям, ҳазор тӯфон 
дидам.
ё ки 
Марде, ки ба мардӣ ҳунари шер 
кунад,
Сад қалъаи сангин забару зер 
кунад.
Сад сол ба рӯз рӯзаву шаб 
ба намоз,
Чандон набувад, гуруснае 
сер кунад». 
Ин катибаҳо инсонро ба одаму одамгарӣ, меҳру садоқат даъват мекунанд.
Дар пештоқи зиёратгоҳи Баҳоваддин Нақшбанд «Даст ба кору дил ба ёр»-ро кандакорӣ кардаанд, ки моҳияти таълимоти Нақшбандия аст.
Катибаҳое ҳастанд, ки ҳангоми сафар ва ё сабабҳои дигар аз ашъори шоирони бузург кандакорӣ шудаанд. Катибае, ки Заҳириддини Бобур солҳои 1511-1512, ҳангоми дар Мастчоҳ буданаш бо дасти худ рӯйи санг кандааст, бо номи «Катибаи Бобур» машҳур аст. Ӯ дар рӯйи санг се байти зеринро аз «Бӯстон»-и Саъдии Шерозӣ ҳак кардааст:
«Шунидам, ки Ҷамшеди 
фаррухсиришт,
Ба сарчашмае бар ба санге 
навишт.
Бар ин чашма чун мо басе дам 
задаанд.
Бирафтанд то чашм барҳам 
заданд.
Гирифтем олам бо мардиву зӯр,
Валекин набурдем бо худ ба гӯр».
Дар кӯҳу дараҳои деҳаи Эҷи ноҳияи Нуратои вилояти Навоӣ низ катибаҳои зиёд дар сангу харсангҳо бо алифбои арабиасос ба забонҳои тоҷикӣ ва арабӣ кандакорӣ шудаанд. Байти зер, ки дар мавзеи Зиҳноки поёнтар аз чашмаи деҳа назди тути Чилла  аз ҷониби Муҳаммад Раҳим кандакорӣ шудааст, намунае аз онҳост:
Ман навиштам ҳарфи нав дар 
санги хор,
Ман намонам, хат бимонад ёдгор.
Катибанависӣ имрӯз асосан дар лавҳаҳои сари қабру мақбараҳо бештар дучор меояд. Солҳои пешин, ба хусус солҳои 70-80 асри гузашта навиштани байт ё қитъае дар девори хонаҳо ба ҳукми анъана даромада буд. Онҳо бахшида ба мавзӯъҳои дӯстӣ, меҳмоннавозӣ, одаму одамгарӣ ҳам аз шоирони мумтоз ва ҳам аз шоирони муосир навишта мешуданд. Чунончи:
Шуд мунаввар аз қудуми дӯстон 
кошонаам,
Хона фонус асту меҳмон шамъу 
ман парвонаам.
Ин раванд имрӯз кам ба назар мерасад. Вале қариб ба ҳар қабри нав аз санги мармар лавҳае гузошта мешавад. Онҳо катиба ҳам доранд. Дар сархаташон маъмулан бо алифбои арабӣ суханони «Бисмиллоҳир раҳмонир-раҳим» навишта мешавад. Пас сурати кандакоришудаи шахси фавтида, дар зери он ному насаби ӯ, поёнтар аз он рӯзу моҳи соли таваллуд ва рӯзу моҳи соли фавт сабт карда мешавад. Сипас байте ва ё чаҳор мисраъ шеър бо хости қарибони фавтида ҳаккокӣ мегардад. Яъне, пас аз сад сол ҳам пасовандон  дар бораи гузаштагони худ маълумот пайдо карда метавонанд. Дар қабристони деҳа катибаҳои санги мазор ба забони тоҷикӣ ва бо алифбои кирилӣ кандакорӣ мешаванд.
Тавре ки мушоҳида шуд, катибаҳо ҳамчун сарчашмаи хаттӣ барои омӯзиши таърих аҳамияти калон доранд.

Ӯзбакбойи РАҲМОН,
ноҳияи Нуратои вилояти Навоӣ.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: