Каврак аз ҷумлаи рустаниҳои шифобахш аст, ки ҳоло парвариши онро ҳукуматдорони маҳаллии вилояти Қашқадарё дар нақшаи кории худ ворид кардаанд.
Парвариши он заҳмати зиёде талаб намекунад ва ба муҳити камоби қаламрав мутобиқ аст. Каврак рустаниест, ки дар дашту кӯҳсорони бепоёни Осиёи Марказӣ, аз ҷумла вилоятҳои Қашқадарё, Сурхондарё, Самарқанд ва дигар ҷойҳои иқлимаш мусоид месабзад. Мардуми қаламрав то солҳои охир аз шифобахшӣ ва як воситаи сердаромад будани он хабаре надоштанд. Аслан баъзе мардони корчаллон бо даъвати соҳибкорони афғонистонӣ ба ҷамъоварии шираи каврак пардохтанд ва аз фурӯши он даромади хубе ба даст оварданд. Аммо ин кор ба табиати ватан харобиҳо овард ва боиси эътирози барҳақи кормандони ҳифзи табиат ва муҳити зист гардид. Пас, соҳибкороне пайдо шуданд, ки парвариши кавракро дар замини наздиҳавлии худ ба роҳ монданд ва аз даромади он рӯзгори худро обод сохтанд. Ҳоло парвариши каврак дар ноҳияи Деҳқонобод ба ҳукми анъана даромада, кишоварзон дар ин бора ба таҷрибаи ғание ноил гардиданд. Акнун ҳокимияти маҳаллӣ низ хушбин аст, ки мардум ниҳоят ба шуғли нисбатан сердаромад ва муфид сару кор мегиранд. Барои омӯхтани таҷрибаи кории кавракпарварии кишоварзони Деҳқонобод семинарҳои махсусе дар сатҳи ҳукуматӣ ташкил шуда, ба ёварони ҳокимони шаҳру навоҳии вилоятҳои Бухорову Сурхондарё маълумот дода шудааст. Гуфта мешавад, ин чунин таҷрибаомӯзиҳо дар ҳоле ба роҳ монда шудаанд, ки ҳукумати ҷумҳурӣ бо раҳбарии Президент тарҳи ҷадиду густурдаи ислоҳоти иқтисодӣ ва иҷтимоиеро дар амал пиёда сохта, умедвор аст, ки рӯзгори мардуми мо рӯ ба беҳбудӣ оварад ва аҳолӣ бо корҳои нисбатан сердаромад машғул гардад. Мутахассисон дар он назаранд, ки кавракпарварӣ аз соҳаҳои сердаромад маҳсуб меёбад ва ба маҳсулоти хоме, ки аз ин рустанӣ ба даст меояд, бахши тиббиёт бештар ниёз дорад. Хоса, шираи каврак, ки бо усулҳои махсус гирифта мешавад, дар хориҷ аз кишвари мо талабгорони зиёде дорад.
Вақтҳои охир кавракпарварӣ дар ноҳияи Чироқчии вилояти Қашқадарё низ бо суръати бештаре ривоҷ ёфта, ба шуғли дӯстдоштаи баъзе аз соҳибкорони инфиродӣ ва хоҷагиҳои фермерӣ мубаддал мегардад. Яке аз онҳо Эшмамат Бердиеви 70-сола аст, ки дар маҳаллаи Пахтаобод зиндагӣ мекунад. Вай аз дӯстонаш дар Деҳқонобод усули парвариши кавракро омӯхта, соли 2019 4 килограмм тухмии ин растаниро бо худ ба Чироқчӣ овардааст. Вай дар 15 сотих замини назди ҳавлӣ ва дар 50 сотих замини лалмии хоҷагии фермерии худ тухмии кавракро кишт намудааст. Ҳоло кавракҳои бобои Эшмамат сабзидаву ба манбаи даромад мубаддал гаштаанд.
Эшмамат Бердиев мегӯяд, каврак ба беобиҳо тоқатпазир аст ва мисли дигар рустаниҳо оби фаровон талаб намекунад. Ҳангоми боришот об лозим нест. Моҳҳои март, май, июн ва октябр якнавбатӣ обёрӣ карда мешавад. Агар баҳор сербориш ояд, аз баҳри обёрии моҳи март низ метавон гузашт.
Бобои Эшмамат ният дорад, ки зиёдтар аз 15 ҳазор бех ниҳол ба даст оварад. 4000 бех соли равон омода мешаванд ва боқӣ солҳои 2024 ва 2025 ба фурӯш бароварда хоҳанд шуд. Гуфта мешавад, рӯзҳои охир ниҳоли каврак низ ба манбаи хуби даромад мубаддал гаштааст. То ки зудтар ҳосил ба даст ояд, шинондани ниҳолаш ба мақсад мувофиқ аст, зеро соҳибкор аз вақт бурд мекунад.
Эшмамат Бердиев мутмаин аст, ки дар оянда аз фурӯши каврак 1 миллиарду 800 миллион сӯм даромад хоҳад дид. Ба гуфтаи ӯ, шираи каврак бештар ба давлатҳои Ҳиндустон, Покистон ва Малайзия содир карда мешавад. Ин соҳибкори ҳафтодсолаи ноҳияи Чироқчӣ аз даромади каврак барои фарзандон коргоҳи хусусии дӯзандагӣ бунёд карданист.
Бояд таъкид кард, ки дар ноҳияи Чироқчӣ ба кишти каврак бештар аҳамият медиҳанд. Ҳукумати ноҳия дар ин авохир заминҳои партову бекорхобидаи қади роҳҳоро обод мекунад ва дар баробари ниҳолҳои туту қаламчаи токи ангур ниҳоли кавракро низ шинонда, умед дорад, ба иқтисоди маҳаллӣ даромади иловагие зам мегардад.
Шариф ХАЛИЛ,
хабарнигори «Овози тоҷик» дар вилояти Қашқадарё.