КАВРАК ВА АСАЛ – ДУ НЕЪМАТИ ШИФОӢ

Ноҳияи Сӯхи вилояти Фарғона аз мавзеъҳои хушбоду ҳаво буда, дар иҳотаи чордевори баланди кӯҳҳо доман густурдааст.

Ноҳияи Сӯхи вилояти Фарғона аз мавзеъҳои хушбоду ҳаво буда, дар иҳотаи чордевори баланди кӯҳҳо доман густурдааст. Рӯди шӯхоби Сӯх ноҳияро мисле ба ду тақсим карда, аз марзҳои қадимбунёд ва қаторкӯҳҳои баланди Олой то ҳавоканди куҳан (марзҳои Риштону Хӯқанд) башитоб ҷорӣ мегардад. Таркиби ин рӯди кӯҳӣ бо микро ва макро элементҳо бой аст, яъне хусусияти шифоӣ дорад.

Олами набототу ҳайвонот дар ин сарзамин бой аст, ба дараҷае, ки миқдори аниқи намудҳои ботаникӣ дар ин ҷо ҳанӯз аниқ муайян карда нашудааст, ҳарчанд дар омӯзиши фауна ва флораи он сайёҳ ва тадқиқотгарони ватанию хориҷӣ бисёр кӯшиш кардаанд.
Назар ба маълумоти баъзе манбаъҳо, ҳоло дар Ӯзбекистон наздик 18 ҳазор намуд рустанӣ мавҷуд, ки аксарият шифобахш мебошанд. Муаллим ва рустанишинос, шодравон Собитҷон Асқаров чанд сол пеш бо унвони «Рустаниҳои шифобахши Сӯх» китобе чоп кунонд. Он ҳосилаест аз тадқиқоти ӯ оиди омӯзиши табиати маҳал, аз ҷумла олами наботот ва яке аз шохаҳои он рустаниҳои шифобахши он аст. Назар ба қайди муаллиф, қариб ҳамаи намудҳои рустаниҳоеро, ки дар ҳудуди ҷумҳурӣ вомехӯранд, дар марз ва кӯҳсори Сӯх пайдо кардан мумкин. Бо ифодаи дигар, анқариб кулли рустаниҳои шифобахше, ки ба фармакопеяи давлатӣ ворид шудаанд, дар флораи ин замин мавҷуданд. Метавон гуфт, ин дарҳақиқат анбори безаволи воситаи нигаҳдории саломатист ё худ канзи (хазинаи) шифоест, ки Парвардигор ба бандаҳои худ ҳадя намудааст.
Яке аз рустаниҳои шифобахше, ки дар Сӯх мерӯяд, камол ном дорад, ки ҳамчун кавраки кӯҳӣ, сумбул ва шаир низ ба забон оварда мешавад. Русҳо онро ферула, юнониён солиюс меноманд. Камол дар Сӯх бо номи чаир (чайир) маълум ва машҳур аст.
Мушоҳидаҳо нишон доданд, табиати Сӯх ба парвариши камол, ки хусусияти шифоии зиёд дорад ва дар доманкӯҳ ва бешазорҳои ин марз ба таври табиӣ чун рустании бисёрсола мерӯяд, хеле созгор аст. Рустанишиносу фармасевтҳои вилоят низ маслиҳат доданд, ки хуб мешавад дар ин гӯша майдонҳои махсус барои камол ҷудо ва коридану парвариш сохтани он ба таври муташаккилона ба роҳ гузошта шавад. Бо назардошти ҳамин ҳокимияти вилоят назди масъулони соҳа вазифа гузошт дар қисми шимолии воҳа плантатсияҳои махсус барои парвариши камол (каврак) барпо намоянд.
Ҳаминро низ қайд карданием, камол то 1 метр қад мекашад, пояаш ростсабзанда, дарунковок, қисми болоияш шохронда мебошад. Гулаш зарди равшан,мевааш пистамонанд. Тавре рустанишиносҳо таъкид месозанд, камолро аксар мардуми маҳалҳо хуб мешиносанд, ба нобудшавиаш дар қатори дигар рустаниҳо, ки чун ғизои чорво мавриди истифодаанд, роҳ намегузоранд. Каврак (камол) одатан дар фасли баҳор (март-апрел) гул карда, дар аввали моҳи май аллакай мевааш пухта мерасад.
Ба наздикӣ ҳокими вилояти Фарғона Хайрулло Бозоров ба ноҳияи Сӯх ташриф овард, дар як қатор нуқтаҳои аҳолинишин ба аҳли заҳмат вохӯрд. Дар қатори масъалаҳои муҳим, ки баррасӣ гаштанд, мавзӯи рустаниҳои шифобахш, аз ҷумла, парвариши каврак дар ин сарзамин, ташкил кардани плантатсияҳои махсус дар қисми шимолии воҳа мавриди гуфтугӯ қарор гирифт. Баъд ҳоким аз деҳаи Қалъача дидан кард. Дар вохӯрӣ бо ҳозирон, ки бештар аз 300 нафар буданд, гуфт барои барпои майдонҳои махсуси кишти каврак ҷудо карда шудани 1,5 ҳазор гектар дар мавзеи Ҷавпаяи деҳа ба мақсад мувофиқ аст. Иштироккунандагон ташаббуси ҳокимро дар ин самт дастгирӣ сохтанд, дар бораи каврак ва хусусиятҳои шифоии он, ба иқлими маҳал мос ва мувофиқии ин растании давоӣ ҳарф заданд. Таъкид сохтанд фермеронеро, ки дар майдони ҷудошуда ба кавракпарварӣ машғул мешаванд, дастгирӣ хоҳанд кард.
Боз як таклифи ҷолибро ба миён гузошт ҳокими вилоят: дар гирду атроф ва воту сарҳадҳои холии кавракзор гузоштани қуттиҳои занбӯри асал, яъне бо як тир ду нишон задану асалпарвариро низ дар Ҷавпая ба роҳ гузоштан.
Баъд ҳоким Х.Бозоров яке аз асалпарварони маъруфи водӣ, сокини деҳаи Деҳвайрони ноҳия Асалбек Миртазобековро назди худ хонд. Дар ҷойҳои даркории плантатсияҳои кавракзор ҷойгир сохтани 15 ҳазор қуттии занбӯри асалро назди ӯ вазифа гузошт. А.Миртазобеков изҳор кард, аз супорише, ки гирифт, рӯҳбаланд аст. Ҳозиронро бовар кунонд, Ҷавпая, ки ба занбуриасалпарварӣ ҷои мусоид аст, баъди ба маънои ҳақиқӣ ба кавракзор табдил ёфтан имкон медиҳад асалпарварӣ дар ноҳия рушди тоза ёбад. Хусусан, аввалбаҳор, моҳҳои марту апрел каврак саросар гул мекунад. Гулҳои ин рустании давоӣ хеле сершира. Гуфтан мумкин, асали моҳи майи Ҷавпая, ки ояндаи наздик кавракзор мегардад, хусусиятҳои шифобахшии худро боз ҳам бештар менамояд.
Ҳаминро низ гуфтанием, асалпарвар А.Миртазобеков пештар низ дар ривоҷи соҳа дар ноҳия ҳиссаи калон гузошта, барои овардан ва ҷойгир сохтани қуттиҳои асал аз маркази вилоят, баровардани шогирдҳо, таъмини эҳтиёҷмандон бо асал ҷавонмардиҳои зиёд нишон дода буд. Беҳуда ӯ профессори фахрии Донишгоҳи давлатии Фарғона эътироф нашудааст. Соҳиби якчанд нишони сарисинагӣ ва ордени «Дӯстлик» мебошад. Дар бораи саховатмандиаш сӯхиён бо меҳру муҳаббат ҳарф мезананд. Чанд сол пеш вай тарбияи 1000 нафар шогирдро ба зимма гирифта буд. Ҳоло миқдори умумии онҳое дар асалпарварӣ комёб шудаанд, аз рақаме, ки зикр кардем, зиёдтаранд. Назар ба таъкиди худаш, вай дар тӯли панҷ соли охир дар барпои бештар аз 350 ҷои нави корӣ саҳм гузоштааст. 
Рустанишиносҳо мегӯянд, дар таркиби каврак миқдори зиёди смола, елим ва равғанҳои эфир мавҷуд. Дар тибби халқӣ он аз қадим мавриди истифода аст. Аҳолии ин маҳал низ дер инҷониб кавракро рустании давоӣ дониста ва тарзи тайёркунию истифодаи онро хуб медонанд. Сӯхиён мегӯянд каврак (чаир) таомро латиф, меъдаро қавӣ мегардонад, дарди бандҳои дасту по, рагкашӣ, дарди дандонро сабук месозад. Он яке аз воситаҳои қувватбахш низ ҳаст, асабро ором мегардонад. Равғанаш ба захм ва варамҳо тавсия мешавад. Аз решаи камол низ маводи гуногуни давоӣ омода менамоянд.
Тавре манбаъҳо гувоҳӣ медиҳанд, Абӯалӣ ибни Сино бо елим-смолаи камол касалиҳои ҷигар, зардпарварин, меъда, гурда, субурс, хунравӣ аз бачадон, душвории бавл, дарди буғум, баста шудани иштиҳоро табобат менамуд.
Роҳбари иттиҳодияи асалпарварии вилояти Фарғона Шералӣ Суярқулов дер инҷониб бо асалпарвар А.Миртазобеков аз наздик ҳамкорӣ менамояд. Дар мавзеи Ҷавпая барпои кавракзор ва дар вотҳои он гузошташавии қуттиҳои занбӯри асалро вай низ хуб пазируфт. 
Асалбек Миртазобеков мегӯяд чӣ каврак ва чӣ асал неъматҳои шифоии табиатанд. Бигузор аз ин ду неъмат одамон боз ҳам бештар баҳраёб гарданд, ба дарди худ даво ёбанд ва дигар бемор нашаванд.

М.ШОДИЕВ.
Вилояти ФАРҒОНА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: