«...КИ АХЛОҚИ НЕК ОМАДАСТ АЗ БИҲИШТ»

Бузургони форсу тоҷик дар қарнҳои мухталиф бар он муваффақ шудаанд, ки ғановати маънавӣ, зоҳиру ботин ва хислату сифати занонро дар осори бадеии хеш ба тасвир оваранд ва дар ин мавзӯъ силсилаи симоҳои ҷовидонае биофаранд.

Дар шоҳасарҳои худ нақши зан-модарро ҳамчун давомдиҳандаи насли оянда, тарбиятгари фарзанд, хушбахтии оила, сариштагари рӯзгор ва ахлоқи ҳамида хеле ҷолиб инъикос намудаанд.    
Саъдии Шерозӣ дар тасвири симои зан нигоҳи хосса дорад. Ӯ андешаву ақидаҳои доир ба зан доштаи худро бо овардани ҳикоёти алоҳида дар бораи вазъ ва рӯҳияи зан дар оила ва дар муносибати байни марду зан иброз доштааст. Зан дӯсти наздик, рафиқи хуб, равшангари хонаву макон, бунёдгари рӯзгори осуда ва дар ишқ вафодор аст:
Чу мастур бошад зани хубрӯй,
Ба дидори ӯ дар биҳишт 
аст шӯй...
Саъдӣ зани хушгуфтор ва хушмуомиларо беҳтарин инсон дониста, мардро ба он даъват мекунад, ки иззати нафси занро накоҳонад ва бо вай хушмуомила ва некрафтор бошад. Шоир дар мавриди зане сухан мегӯяд, ки тавонистааст ҳамсари худро аз рафтори зишту ношоиста ва бадҷаҳливу хӯи бад нигоҳ дорад. Зан қодир аст мардро панду андарз диҳад ва ӯро ба кори нек ҳидоят намояд:
Ба деҳқони нодон чӣ хуш 
гуфт зан,
Ба дониш сухан гӯй, 
ё дам мазан...
Ё дар ҳикояти дигар овардааст:
Зане гуфт бозикунон шӯйро:
«Асал талх бошад туршрӯйро».
Ба дӯзах барад мардро хӯи зишт,
Ки ахлоқи нек омадаст 
аз биҳишт.
Мутаассифона, мавқеи зан дар замони Саъдӣ нисбат ба мард пасттар буд. Ва касоне, ки ба занонашон зиёд муҳаббат ва алоқа доштанд, онҳоро занпараст мехонданд ва мардум ба онҳо таъна мезаданд. Шайх аз тарафи ин ашхос маъзарат хоста, мегӯяд:
Касеро, ки бинӣ гирифтори зан,
Макун, Саъдиё, таъна бар вай 
мазан.
Ту ҳам ҷабр бинию бораш кашӣ,
Агар як шабе дар канораш кашӣ.
Занон шӯху фармондеҳу 
саркашанд,
Валекин бидидам, ки дар бар 
хушанд...
Дар «Гулистон» низ занон каму беш дар ҳикоятҳо ба чашм мехӯранд. Аз ҷумла, духтари яке аз бузургони Ҳалаб, ки бадхӯй асту ситезарӯй ва зишт, ки бо вуҷуди ҷиҳозу сарвати бисёр зани марди нобиное шуд. Падари духтар аз мудовои чашми домод нигарон буду мегуфт: «Тарсам, ки бино шавад ва духтарамро талоқ диҳад».
Саъдӣ баъди хатми мадраса барои таҷрибаандӯзӣ ва шиносоӣ бо ҳаёти мардум ба саёҳат баромадааст. Саёҳатҳояшро дар «Гулистон» ва «Бӯстон» чунин овардааст:
Дар ақсои олам бигаштам басе,
Ба сар бурдам айём бо ҳар касе.
Таматтӯъ зи ҳар гӯшае ёфтам,
Зи ҳар хирмане хӯшае ёфтам.
«Бӯстон» асари гаронбаҳои тарбиявӣ буда, фарогири даҳ боб оид ба адлу тадбир, эҳсону каромат, ризову қаноат, шукр бар офият ва олами тарбият аст. Сухангӯи бузург дар осори беназири хеш перомуни манзалату матонат, тамкину таҳаммул, камолу ҷамол ва ҳатто табоҳкории занон андешаҳои ҷолиб баён намудааст. Дар ин осори муҳташам зан мақоми хеле воло дошта, тасвири бузургиву шаҳомат, одобу фазилат, тавоноиву зебогии ҷисмониву рӯҳонии ӯ хеле ҷолиб аст.
Саъдӣ беҳтарин хислатҳои занонро дар хушбаёниву суханварӣ, хирадмандиву орифӣ, ахлоқи поку шарму ҳаё дарёфтааст. Зан дар ҳикояҳо бештари маврид ситоиш карда шудааст. Саъдӣ дар боби ҳафтум, ки «Дар олами тарбият» ном дорад, ба таври муфассал дар мавриди хислати зани хубу фармонбар, ғамгусору бохирад нуқтаи назари хешро баён мекунад. Саъдӣ зани хуб ва ахлоқи ҳамидаи ӯро ормони худ донистааст:
Зани хуби фармонбари порсо,
Кунад марди дарвешро подшо.
Ё ин ки: 
Бирав, панҷ навбат бизан
 бар дарат,
Чу ёре мувофиқ бувад дар барат.
Ҳама рӯз агар ғам хӯрӣ, 
ғам мадор,
Чу шаб ғамгусорат бувад 
дар канор.
Киро хонаободу ҳамхоба дӯст,
Худоро ба раҳмат назар сӯи ӯст.
Саъдӣ ба модар ва эҳтироми поси ӯ диққати махсус медиҳад. Шоир модарро чун сарчашмаи ҳастӣ ситоиш мекунад ва аз фарзандон хоҳиш дорад, то эҳтиромашро ба ҷо оранд:
Канору бари модари дилпазир,
Биҳишт асту пистон дар ӯ ҷӯйи 
шир...
Шоир модарро ба дарахте шабоҳат медиҳад, ки меваи ширини он фарзанд аст:
Дарахтест болои ҷонпарвараш,
Валад меваи нозанин дар бараш.
На рагҳои пистон даруни дил аст,
Пас, ар бингарӣ, шир хуни дил 
аст...
Шоир дар осори гаронбаҳои хеш аз сифатҳои неки зан ёдовар шуда, эшонро чун мазҳари зебоӣ ва шоистаи ситоиш муаррифӣ кардааст. 

Саодат БЕКНАЗАРОВА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: