...КИ АЗ ДУХТАР БУВАД ПАЙВАСТА ШОДӢ

  • ...КИ АЗ ДУХТАР БУВАД ПАЙВАСТА ШОДӢ
  • ...КИ АЗ ДУХТАР БУВАД ПАЙВАСТА ШОДӢ

Фасли баҳор, айёми Наврӯз буд, Худо ба деҳқони асил Насриддинамак Нуриддинов боз духтар дод.

Гарчанд умед дошт, баъди духтаронаш Мунира, Амира, Сафия, Мавлуда писардор мешаваду вай мисли падар каландзан шуда, бо кишоварзӣ машғул мегардад... 
Барои табрик аввалин шуда духтари хоҳарарӯсаш, муаллимаи забон ва адабиёти тоҷик Мунаввара Дӯстбоева омад ва ба холаи ошуфтахотираш Муаззама бо завқ гуфт:
Машав ғамгин, агар духтар бизодӣ,
Ки аз духтар бувад пайваста шодӣ.
Басо духтар, ки соҳибтоҷ гардад,
Ба пешаш сад писар муҳтоҷ гардад!
Дере нагузашта сарвари авлод, собиқ раиси деҳшӯро Тоҷбахш Пардаева ташриф фармуда, ба писари додаршӯяш тасаллӣ дода, фаҳмонд, ки баъзе оилаҳо ба нохуни фарзанд зоранд...
– Ҳамааш нағз, – бо истиҳола, соддалавҳона изҳор кард Насриддинамак, – аммо баъзеҳо  «писараш нест» гуфта, тамасхур мекунанд, таъна мезананд...
– Одамони шуурашон паст буданду ҳастанд, – қиёфаи ҷиддӣ гирифт Тоҷбахшхола, – ана, шумо бо каландзанӣ ба замин ҳаёт бахшед, модар – занон оламро поянда медоранд. 
– О, шоирони тоҷик беҳтарин шеъру ғазалҳои худро ба занону духтарон, аз ҷумла модарон бахшидаанд, – ба суҳбат ҳамроҳ шуд муаллимаи сухандону шеърдон Мунаввара.
Насриддинамак чун гулҳои баҳорӣ шукуфт ва табъаш болида гашт. Тоҷбахшхола барои муждагонӣ як қабза пулро ба модари кӯдак дод ва ба ҳаққи тифлаки навзод дуои нек кард. Мунаввара ба тифлак нигариста гуфт, ки духтарча чашмони шаҳло дорад, ӯро Шаҳлобону номгузорӣ кунанд. 
Падар баъди зиёфат ба идораи ақди никоҳ рафт, ки гувоҳнома гирад.
– Хӯш, амакҷон, ба духтарча чӣ ном мегузорем? – пурсид мудира, – аҳли оила чӣ гуфтанд?
– Холабачааш омаду ба рӯяш нигариста, номи зеборо пешниҳод кард, – ба фикр ғӯта зад Насриддинамак, – аз хотирам баромад, хоҳар.
– Дар рӯяш хол дошта бошад, Холнисо-дия, амакҷон, – гуфт мудира.
Ана ҳамин тавр фарзанди панҷум номи Холнисоро гирифт. Аммо ҳама тифлаки дӯстрӯяки хандону  балочаро навозишомез Нисо мегуфтанд. Вай мисли дигар хоҳаронаш дар оғӯши боғу саҳро чун гувоҳи меҳнату заҳмати волидайн ба камол расид. Гоҳо аз дасти падар каландро гирифта чунон замин мегардонд, ки аз баъзе писарҳо кам набуд. Муҳимаш Нисо ба деҳқонию боғбонӣ ва чорвопарварӣ дил баст. 
Ва баъди хатми мактаби миёнаи таҳсилоти умумии рақами 16-уми ноҳия ба факултаи биологияи Донишгоҳи давлатии Самарқанд ҳуҷҷат супурд. Барои ба шуъбаи рӯзона дохил шудан чанд хол нарасиду дар бахши шабона бо иштиёқ ба илму донишандӯзӣ пардохт. Барои ҳалли мушкилоти рӯзгор фаъолияти касбии худро ба ҳайси ёрдамчии мудири шуъбаи ташхиси шифохонаи марказии ноҳияи Самарқанд оғоз кард. Роҳбари шӯъба Саидмурод Нарзуллоев ба ҳар як амали навкораш диққат дода, дарк намуд, ки Нисо вазифашинос, қатъӣ, ҳалиму хоксор аст. Кӯшиш ба харҷ медиҳад, ки супоришро аз сидқи дил, бо маслиҳату машварат  иҷро кунад. Барои ҳамин ҳам Саидмурод Нарзуллоев, ҳангоми ба нафақа рафтан Нисо Нуриддиноваро ба ҷойи худ тавсия намуд. Ва инак, беш аз 20 сол аст, ки ӯ ҳамчун роҳбари соҳибтаҷриба ва чашмикордон фаъолият мебарад. Ин бонуи масъулиятшинос доимо дар фикри беҳбудии саломатии мардум аст.
– Барои муайян кардани бемориҳо натиҷаҳои ташхис хеле муҳиманд, – мегӯяд Нисо. – Бо мурури замон ва ғамхории сарвари давлатамон шароити хизматрасонии тиббӣ рӯ ба беҳбудӣ меоварад. Агар чанд сол пеш ҳамагӣ панҷ-шаш нафар ходим дошта бошем, ҳоло шумораи онҳо аз сӣ нафар зиёд аст. Ғайр аз ин асбобу анҷомҳои зарурии тиббӣ дорем. Мақсадамон сари вақт муайян намудани беморӣ ва ҳифзи саломатии мардум аст.
– Агар гӯям, ки аксарияти ходимон шогирдони апаи Нисо мебошанд, муболиға намешавад, – гуфт шифокори ташхисгузор Моҳинабону Раҳматова. – Натанҳо ҷамоа, корафтодагон низ ӯро барои ақлу хирад, дилёбию хоксорӣ, далерию устувориаш ҳурмату эҳтиром мекунанд. 
– Бесабаб соли равон Соли гиромидошти инсон эълон нагардид, – гуфт ҷонишини сардухтури шифохонаи марказии ноҳия Замира Маъмурова. Нисо ба ситоиш меарзад. Фазилатҳои неки инсонии ӯ хеле бисёр. Кош ҳама мисли вай ба касби хеш садоқатманд шаванд.
Воқеан, Нисо Нуриддинова дар гузари Мирзо Улуғбек аз занҳои фаъол аст. Барои камхарҷу ихчам гузаштани маъракаҳои мардум низ саҳми арзанда мегузорад. Аз ҳама муҳимаш барои пос доштани хотири неки падару модараш мунтазам қабри онҳоро зиёрат мекунад.
– Бовар кунед, – боре таъкид намуд корманди қабристони Хоҷа Аҳрори Валӣ Ҷӯрақул Раҳмонов, – баъзе писарҳо солҳои сол аз марқади волидайн хабар намегиранд. Аммо апаи Нисо ҳар бегоҳии панҷшанбе ва якшанбе ба қабристон меояд. Ӯ бо хоҳаронаш на танҳо қабри падару модар, инчунин дигар авлодашонро тозаву озода нигоҳ медоранд, гулҳои тару тоза мегузоранд. 
Бо ягона фарзанд – гулдухтараш Интизорбону, ки дар Қабулхонаи президентии ноҳияи Самарқанд ходими масъул аст, бинобар тақозои касб тез-тез вохӯрӣ мекунем, дар бораи модараш ҳамеша бо ҳаяҷону ифтихори хосса ҳарф мезанад.
– Модари ғамгусори ман, қуввату шодии рӯзгори ман, аз ҳама кас накӯкор, аз ҳама кас хубрӯ, боиси обрӯ буданд, худ нахобида маро хобонданд, худ напӯшида маро пӯшонданд, аз қисматам бохабар, аз азобу роҳатам воқиф, пандомӯзу дуогӯ, машъали тобанда, чашмаи илҳому иқболи баланд, мисли дил дар синаам ҷо буданд, модари ҷонам...
Қаҳрамони иншои мо, Нисо Нуриддинова ба наберагонаш Зулфиябону ва Саидаҳмад бештар таронаҳои халқиро ёд медиҳад, то ки онҳо низ сухандону сухансанҷ шаванд, дӯстрӯякони худро бо корҳои боғбонию деҳқонӣ шинос мекунад, ки ба табиат дил баста, бо гузашти айём аз ҳосили боғу замини худ баҳраманд гарданд.

Зоҳир ҲАСАНЗОДА,
хабарнигори «Овози тоҷик».

Вилояти САМАРҚАНД.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: