«...КИ МУШКИ СУДА МЕРЕЗАД ЗИ ХОКАШ»

  • «...КИ МУШКИ СУДА МЕРЕЗАД ЗИ ХОКАШ»
  • «...КИ МУШКИ СУДА МЕРЕЗАД ЗИ ХОКАШ»

(Ходимони «Овози тоҷик» зери шиори «Соли гиромидошти инсон ва таълими босифат» аз вилояти Бухоро боздид намуданд)

Бухороро ҳамчун шаҳри куҳан ва аз шуҳратмандтарини Осиёи Марказӣ, маскани илму маърифат, қадамҷойи алломаву бузургони хирад, макони афсонаву ривоёт медонанд ва мехоҳанд аз ин шаҳри афсонавӣ дидан кунанд. Бухоро чун пойтахти маданияти ислом «Қуббат-ул-ислом», яъне «Гунбади ислом» ном баровардааст. Алломаҳои бузурги ин сарзамин бо илму маърифаташон ба тамаддуни ҷаҳонӣ саҳми арзанда гузоштаанд.
Дар чаҳорчӯбаи Барномаи давлатии «Соли гиромидошти инсон ва таълими босифат» сафари фарҳангӣ-маърифатӣ-зиёратии кормандони рӯзномаи «Овози тоҷик» ба ин шаҳри зебо рӯйи кор омад. 
Бо ташаббуси иттифоқи касабаи «Овози тоҷик» гурӯҳе бо қатораи тезҳаракати «Афросиёб» роҳи Бухороро пеш гирифтем. Қатора чун аспи бодпо медавид, гӯё медонист, ки мусофиронашро ба қадамҷоҳои муқаддас зудтар мерасонад. Аз чеҳраи сайёҳону зиёраткунандагон аён буд, ки аз шароит, хидмат ва дигар қулайиҳои қатора мамнунанд...
Вақте дар кӯчаҳои шаҳр қадам зада, ёдгориҳои таърихиро тамошо мекардем, гӯё дар ҳар қадам аз гарду хоки роҳ, аз ҳар хишти дару девор чидашуда, аз чӯбу тахтаи дару дарвозаҳо бӯйи таърих меомад. Гӯиё Рӯдакӣ қасида месароиду Устод Айнӣ он мероси мондагори ниёгонро гирд меовард...
Аксарият хуб медонанд, ки дар Бухоро зиёратгоҳҳои муқаддаси ҳафт пир мавҷуд аст. Сари роҳ аз зиёратгоҳи пири шашуми тариқати хоҷагон-нақшбандия Сайид Амир Кулол дидан кардем. Сайид Амир Кулол аз паси касби кулолӣ ризқи хеш пайдо кардааст ва ӯ бо лақаби «Амири Калон» низ машҳур аст.
– Акнун як сари қадам ба ҳавлии шоир, марҳум Асад Гулзода даромадан лозим, – гуфт раиси Маркази миллӣ-фарҳангии тоҷику форси вилояти Бухоро «Офтоби суғдиён» Рауф Авезов, ки моро роҳбаладӣ мекард.
– Албатта, мо ният доштем, 90-солагии устодро табрик гӯем. Мутаассифона, ин ба мо муяссар нагашт, устодро рӯҳашон шод гардад, – гуфт муовини сармуҳаррирамон, раиси иттифоқи касабаи рӯзнома Тоҷибой Икромов. 
Баъди ба оилаи шоир ҳамдардӣ изҳор намудан, хостем бо донишҷӯёни гурӯҳи тоҷикии ДДБ вохӯрем, бо шароит, таҳсил, таъмини китобҳои дарсиву бадеӣ ва дигар қулаиҳои зарурии донишгоҳ ошно гардем, ки дар он толор боз аҳли адаби камшумор ва баъзе равшанфикрон низ ҷамъ омада буданд. 
– Дар донишгоҳ барои мо шароити созгор мавҷуд аст. Аудиторияҳои васеъ, равшан, ҷиҳозҳои технологияи замонавӣ дар хизмати моянд. Камбудиҳо низ ҳастанд. Китобҳои дарсӣ ба забони тоҷикӣ хеле кам, хобгоҳ барои донишҷӯёни ноҳияҳои дурдаст намерасад, мехоҳем ҳарчи зиёдтару пурратар аз педагогҳои ботаҷрибаву корозмуда сабақ гирем, – мегӯяд донишҷӯ Фарангис Акабоева.
Донишҷӯён аз қасидаҳои Рӯдакӣ, ғазалҳои Саъдӣ, Ҳофиз, Ҷомӣ, Турсунзодаву Лоиқ намунаҳо қироат намуданд. Суруду рақсҳои ҷозибаноки онҳо ба муҳити тоҷиконаи ин маскани илм шукӯҳи тоза мебахшид. Аз ҷониби эҷодкорони «Овози тоҷик» ба китобхонаи донишгоҳ якчанд китоб туҳфа кардем. 
– Чунин вохӯриҳои аҳли илму фарҳанг ба қалби донишҷӯён ватанпарвариву забоншиносӣ, миллатдӯстиро ҷойгир месозад. Бояд ин гуна гирдиҳамоиҳо зуд-зуд баргузор гардад, – гуфт шоира Ҳадяи Бухороӣ.
– Аз дӯстдорону ҳаводорони бухороии «Овози тоҷик» фаъолон зиёд буданд ва ба рӯзнома маводҳои хонданиро ирсол менамуданд. Аммо солҳои охир инро мо хеле кам ҳис мекунем. Шумо – донишҷӯён омӯзгорони оянда, журналист, умуман эҷодкор ҳастед. Дар гаҳвораи донишу фарҳанг, қадамҷойҳои бузургони форсу тоҷик таҳсил мегиред. Бояд ба обурангии саҳифаҳои рӯзномаи тоҷикӣ ҳиссаи худро гузоред, – иброз намуд Т.Икромов.
Баъдан ба зиёрати мақбараи пири ҳафтум – Баҳоуддини Нақшбанд равон шудем. Назар ба маълумотҳо Хоҷа Баҳоуддини Нақшбанд яке аз поягузорони тариқати нақшбандия буда, халқ ба ӯ номҳои «Баҳоуддини Балогардон», «Хоҷаи Бузург», «Шоҳи Нақшбанд»-ро гузоштааст. Номи аслиаш Муҳаммад. Баҳоуддин дар ҷавонӣ ба газвор нақш меандохт, бинобар ин лақаби «Нақшбанд»-ро гирифтааст. Баҳоуддин вақте чаҳор сол дошт, ба модараш гуфтааст: «Гови мо гӯсолае таваллуд хоҳад кард, ки дар пешонааш аломати ҳилол (моҳи нав) дорад». Тавре ки башорат карда буд, пешонаи гӯсолачаи бадунёомада нақши ҳилол дошт. 
– Алломаву бузургон модарро гиромӣ доштаанд. Қабри модари Баҳоуддини Нақшбанд дар паҳлуяшон ҷойгир аст. Дар байни мардум гапе ҳаст: «Нақшбанд гуфтаанд: «Қабл аз он ки маро зиёрат кунед, ба ҳаққи модарам дуо кунед», – гуфт дигар роҳбалади мо, депутати Палатаи қонунгузории Олий Маҷлис,  доктори улуми филология, профессор Таваккал Чориев.
Пасон аз мадрасаи Нодир-Девонбегӣ, тоқҳои Саррофон, Заргарон, Мағоки Атторӣ, мадрасаи Улуғбек, манораи Калон, Арк, Боғи Сомониён – мақбараи Исмоили Сомонӣ дидан кардем. 
Дар назди мақбараи Исмоили Сомонӣ таърихнигор Раҳмат Ғаниев ба забони аҳли Бухоро – ба забони ноби тоҷикӣ ҳарф мезад. Гурӯҳи сайёҳон низ ба донишманд гӯш меандохтанд. Дар ҳамин ҷо ҳамкори мо Муҳаммад Шодии шоир аз ҷавоне, ки дар паҳлуяш меистод, пурсид:
– Шумо аз куҷо омадед, оё ин забонро мефаҳмед?
– Бале, ман аз Теҳронам. Мо як гурӯҳ сайёҳ аз Эрон омадем. Забони нотиқро хуб мефаҳмем. Ӯ ба забони Рӯдакию Фирдавсӣ ҳарф мезанад.
Оре, хориҷиён низ аз шаҳри шарифе дидан доранд, ки маҳз дар ин ҷо ба адабиёти форсии тоҷикӣ асос гузошта шудааст.   
Бо ҳамин рӯз бегоҳ шуда, офтоб ба қиём расид. Баъди гармии рӯзона шаббодаи гоҳи намози шоми Бухоро ба меҳмонон ва мардуми муқими он ҳаловат мебахшид. Ҳама бо хурсандӣ, шукргузорӣ ба тамошои растаҳои савдо, истироҳат дар атрофи фаввораҳо, яхмосу хӯрданиҳои дигар баромада буданд. Дар  мадрасаи Нодир-Девонбегӣ дасторхони зебое ороста шуда буд. Сайёҳон гурӯҳ-гурӯҳ бо мамнуният ва қаноатмандӣ аз хӯрокҳои болаззати бухориён баҳра мебурданд. Зери мусиқии миллии халқҳои мухталиф мерақсиданд. Дар атрофи хони сайёҳон 65-солагии хабарнигори «Овози тоҷик» дар вилояти Навоӣ Ӯзбакбойи Раҳмонро низ табрик гуфтем. 
Субҳи рӯзи дуюм, ҳангоме соҳиби меҳмонхона Ҳасан Розиқов моро гусел мекард, оиди ҳаммоми номии занонаи Кунҷаки шаҳр, ки аз шафати роҳамон баромад, маълумот дод. Назар ба маълумоти ӯ, ҳар кӯчаву гузари шаҳр ҳаммоми худро дошт, ки ҳоло яктоӣ ҳаммоми мардонаву занона боқӣ мондааст. Ҳаммоми Кунҷак дар асри XVI барпо гардида, то ҳол фаъол аст. Аҷабовараш ин ки гӯё оби истифодашудаи он ба куҷо – ба қаъри замин ё ҷои дигар заҳида меравад, касе намедонистааст.
Дар Бухоро пиразанҳое буданду то ҳол низ ҳастанд, ки дар ин ҳаммом бо табобати занони фарзандталаб машғул мешаванд ва муолиҷаи онҳо сабаб мешудааст, ки дар хонадонҳо гиряи кӯдак садо диҳад.
Сафарамонро дар ноҳияи Ғиждувон, ки нафақат бо фарзандони баилму дониш, балки бо корхонаҳои истеҳсолию саноатии худ дар вилоят ҷойгоҳи алоҳида дорад, идома додем. Байни шаҳри Бухорову Ғиждувон яксоатина роҳ буд. Вақте мо ба инҷо омада расидем, соати 8-и пагоҳӣ буд. Тафси ҳаво, ки ҳанӯз баланд набуд, зиёратгарон бомайлихотир зиёрат мекарданд. 
Аз радиои зиёратгоҳ ровӣ бо ду забон — ӯзбекиву форсии тоҷикӣ рубоиёти Хоҷа Абдухолиқи Ғиждувониро қироат менамуд. Мо эҳсос намудем, ки забони Рӯдакию Айнӣ дар Бухоро пойдор аст...
Манзили навбатии мо хона-музейи Устод Садриддин Айнӣ дар деҳаи Соктареи ноҳия буд. Аъзои гурӯҳ хуб медонистанд, ки дар осорхона корҳои тармиму таҷдид оғоз ёфтааст. Бино бар ин, хостанд аз ин макон низ дидан кунанд. 
– Ҳокимияти вилояти Бухоро барои тармиму таҷдиди осорхона 600 миллион сӯм ҷудо кард, ки ин қисми аввали маблағ мебошад, – гуфт Рауф Авезов. 
Дар осорхона корҳои таъмиру таҷдид идома дошт. Болорҳои кӯҳнаи айвони масҷид ба наваш иваз шудааст, ки мисли болорҳои пешина кандакорӣ кардаанд.
Вақте дохили ин бино қадам гузоштем, он манзараҳое, ки дар асари «Мактаби кӯҳна»-и Устод Айнӣ тасвир шудааст, ба назарамон ҷилвагар шуд, гӯё хонандагони ин мактаб чунон афту дарафт карданд, ки бурёи таки пой титу пит шуд ва ҳозир мударрис меояду бачаҳоро бо химчаҳои дароз чӯбкорӣ мекунад...
Азбаски корҳои тармиму таҷдид оғоз ёфта буд, экспонатҳои осорхонаро ғайр аз нимтанаи Устод Айнӣ ва суратҳое, ки лаҳзаҳои ҳаёт ва фаъолияти эҷодии ӯро акс мекарданд, дигар ҳамаашро ғундошта, ба хонаи Ҳасан Муслиҳиддинов — чабераи бародари Садриддин Айнӣ — Муҳиддинхоҷа гузоштаанд.
Мактаби кӯҳна дарҳақиқат ранги кӯҳна дошта бошад ҳам, услубу сохти хоси худро дошт, масалан, шифти он ба шаш қисми чаҳоркунҷа тақсим шудааст, ки ҳар яки он 5-тоӣ болор дошта, нисбати ҳам бо дарозию кӯндалангӣ ҷойгир шудааст.
Чанде аз ходимони рӯзнома таассуроташонро оиди хона-музей ба дафтари хотироти он навиштанд. Мо бо умеди бозгашт пас аз корҳои тармим ба ин ҷойи таърихӣ, ки дар ҳар қадами он нафаси даври кӯдакиву наврасии Айнӣ эҳсос мегардид, хайру хуш кардем.
Пас аз зиёрати пири дуюм — Хоҷа Муҳаммад Ориф Ревгарӣ, ки он ҷо низ хеле ободу зебоманзар буд, сӯйи яке аз баландтарин манораи кишварамон — Манораи Вобканд равон шудем. Албатта, боздид аз ин манора, ки таърихи дуру дароз дошта, вобаста ба он ривояту латифаҳои зиёде ҳаст, шавқовар буд, аммо ҳолати манора — «варам» доштани як қисми поёни он, ки шояд аз таъсири шӯрии замин бошад, табъро хира мекард. Ин сафар низ Рауф Авезов мужда расонд, ки дар рӯзҳои наздик корҳои тармиму таҷдиди манора, ки аз барномаи давлатӣ ҷой гирифтааст, оғоз хоҳад ёфт.
Боздиди навбатии мо аз Ситораи Моҳи Хоса — қароргоҳи тобистонаи амирони аморати Бухоро буд. Ходимонамон кӯшиш намуданд, ки оиди экспонатҳои он соҳиби маълумоти бештар шаванд. Ба мо маълумот доданд, ки амири Бухоро Абдулаҳадхон аз сабаби он, ки ин ҷо хушобуҳаво аст, он ҷоро қароргоҳ интихоб намудааст. Моҳи Хоса аввалин маскане буд, ки дар Бухоро соли 1924 бо барқ таъмин гардид. Ҳар як хонаи қароргоҳ бо услуби хоси ойнабандӣ сохта шуда, экспонатҳои он: чилойина, яхдони шишагин, ашёҳои кулолгарии асри XIX-и Ҷопон ва ғайра барои мо завқбахш буд.
Нишастамон дар тарабхонаи Лаби Ҳавз низ хотирмон гузашт. Сурудҳое, ки бо овози зиндаву ба забони тоҷикӣ танинандоз шуданд, бори дигар собит сохт, ки аҳли Бухоро тавре ки дар тасаввури мост, аз забони модарии худ чандон дур намондааст.
Ин ҷо таъкид гардид, ки имсол ба оғози фаъолияти кории хабарнигори рӯзномаамон дар вилояти Бухоро Амрулло Авезов 25 сол пур мешавад. Муштариён хабарҳои таъҷиливу матолиби дилангези ӯро мутолиа намуда, баҳрабардорӣ мекунанд. Ҳамкорон  журналисти бомаҳоратро бо ин муносибат муборакбод намуда, ба ӯ хушиҳои ҳаётро таманно намуданд.
Дар бозгашт ба масъулини ин сафари хотирмон, бахусус Рауф Авезов ва ёваронаш, ки моро ҳамроҳӣ карданд, миннатдорӣ изҳор намуда, ба пойтахт баргаштем.
Пас аз бозгашт тариқи телеграм аз яке муаллифони фаъоламон аз ноҳияи Шофиркон Алимурод Темиров номае омад, ки муаллиф ҳам хурсандӣ ва ҳам таассуфи худро изҳор менамуд: «Охирҳои солҳои ҳаштодум зиёрати таҳририят карда, аз суҳбатҳои Ҷ. Қувноқ, Х. Қӯлдошев, Ш. Салимов, А. Фаттоев баҳраманд гардида будам, ки то ҳол фаромӯшнопазир аст, – навиштааст муаллиф. – Дар олами орзуҳо парвоз карда, бо кормандони «Овози тоҷик» вомехӯрдам... Онҳо ба Бухоро омадаанду банда бинобар беморӣ побандам».
Мо нияти онро мекунем, ки бо ин муаллиф ва муштарии деринаи рӯзномаамон дар сиҳатмандии комил дидорбинӣ хоҳем кард. Зеро, ба таъбири Сайидои Насафӣ:
Хушо шаҳри Бухорову
 хоки покаш,
Ки мушки суда мерезад 
зи хокаш.
  
Саодат БЕКНАЗАРОВА,
Набия НОДИРОВА,
Амрулло АВЕЗОВ,
хабарнигорони 
«Овози тоҷик». 

ТОШКАНД — БУХОРО — 
ТОШКАНД.
Суратгир: Т. ХОВАРӢ.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: