Халқи доноямон беҳуда «Агар инсонро санҷидан хоҳӣ, ӯро ба мансабҳои баланд шинонида дидан лозим» нагуфтаанд.
Дарҳақиқат, имрӯзҳо инсонҳое, ки дар лавозимҳои баланд фаъолият нишон дода, бо атрофиён самимона муносибат доранд, ангуштшуморанд. Инсонҳое, ки дониши ҳақиқӣ, тарбияи мустаҳкам доранд, ҳеҷ вақт худшиносии худро гум намекунанд.
Кибриё Ҳасанова аз зумраи чунин занҳо мебошад, ки ҳамчун олим, фарҳангдӯст, ҷонфидои илму маърифат тӯли солҳо инҷониб дар Донишгоҳи давлатии Самарқанд бомасъулиятона кор мекунад. Ҳамаро бо як чашм мебинад. Якеро хоҳару додар, бародар донад, аксариятро мисли фарзанди худ дӯст дошта, барои пешравиву кору зиндагонии оилавиаш маслиҳатҳои зарурӣ медиҳад. Ягон дақиқаи вақти худро беҳуда намегузаронад. Муаллима мудири кафедраи педагогикаи донишгоҳ мебошад. То ба имрӯз зиёда аз 10 китоби ӯ бо номҳои «Педагогика», «Назария ва таърихи педагогика», «Асосҳои назарии педагогика», «Антологияи педагогӣ», «Методикаи корҳои тарбиявӣ», «Одоби оиладорӣ», «Маҳорати педагогӣ», «Педагогикаи умумӣ», «Педагогикаи иҷтимоӣ», «Инноватсия ва интегратсия дар таълими ибтидоӣ» рӯйи чопро диданд. Инчунин аъзои иттифоқи «Олимаҳо»-и вилоят аст. Бо нишонҳои сарисинагии «Фидоии таълим», бахшида ба 20 ва 30-солагии истиқлолияти Ӯзбекистон мукофотонида шудааст.
Соли 2018 ба Донишгоҳи Донгуки Кореяи Ҷанубӣ барои таҷрибаомӯзӣ сафар кардааст. Дар ҳамкорӣ бо омӯзгорони таълими томактабии Корея барои донишҷӯйҳо нақшаҳои таълимӣ тартиб додааст.
Сабаби асосии илму донишро интихоб намудани Кибриё Ҳасанова ин муҳити оила мебошад. «Дар хонаамон зиёда аз ҳазор китоби падарам буд. Яке аз машғулотҳои дӯстдоштатарини ман дар хона китобхонӣ буд. Ба воя расидам, мақсадҳои дар наздам гузоштаам дигаргун шуд. Лекин, меҳру муҳаббате, ки нисбати китобу китобхонӣ, илму дониш доштам, тағйир наёфт. Ҳамин меҳру хоҳиш буд, ки ба факултети филологияи руси Донишгоҳи давлатии Самарқанд дохил шудам», ҳикоя мекунад К. Ҳасанова.
Бахшида ба самти педагогика корҳои илмиву услубиаш, ки аз 30-то зиёданд, на танҳо донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Самарқанд, балки донишҷӯёни донишгоҳҳои Бухорову Тирмиз, Қашқадарёву Фарғона ва Чирчиқ низ истифода мебаранд. Барои омӯзгорони мактабҳои таълими умумӣ низ ҳамчун адабиёти дарсӣ хизмат мекунад.
– Зан барои дар ҷамъият мавқеи худро пайдо кардан, асосан ба се омил риоя намуданаш шарт ва зарур мебошад. Аввало ҳар кас дар назди худ мақсад гузоштанаш лозим. Агар шахс дар назди худ мақсад гузорад, дар зиндагониаш маъно пайдо мешавад. Дуюм, барои зан оила масканест, ки ӯро дастгирӣ мекунад, ба ӯ қувва мебахшад ва такягоҳу тасаллибахши зан шавҳару фарзандонаш мебошанд. Охиринаш ақл. Занҳо бисёр вақт ба қалбашон гӯш карда, корбарӣ менамоянд. Дар натиҷа аксар вақт панд мехӯранд. Аз ҳамин сабаб на бо ҳиссиёт, балки ба ақл такя карда, корбарӣ намудан мувофиқи мақсад аст, – мегӯяд муаллима.
Кибриё Ҳасанова устоди садҳо нафар шогирдон аст. Панҷ нафар шогирди муаллима дар арафаи ҳимоя намудани рисолаи номзадӣ мебошанд. Муаллима муваффақиятҳои шогирдонашро дида, бо шуҷоат корҳои илмиву педагогиашро давом медиҳад.
– Ман дар давоми ҳаётам бисёр мушоҳида кардаам ва ба шумоён низ ҳаминро гуфтанӣ ҳастам, ки бо атрофиён самимона муносибат кунед. Ин оромию дурандешӣ хоҳ дар оила бошад, хоҳ дар ҷойи кор эҳтироми шуморо байни мардум зиёда мегардонад, – доимо таъкид мекунад Кибриё Ҳасанова.
Муаллима на танҳо дар фаъолияти илмӣ, балки дар оиладорӣ, муносибат бо фарзанду келину набераҳо низ намунаи ибрат мебошад. Барои соҳиби илму дониш шудани набераҳо тамоми имкониятҳоро фароҳам меоварад. Набераҳои хурдсолаш доимо аз бибии омӯзгорашон шунидани афсонаҳоро дӯст медоранд.
Маликаи БАХТИЁР.
Шаҳри САМАРҚАНД.