КИНОФЕСТИВАЛИ АФСОНАВИИ ТОШКАНД ЭҲЁ МЕГАРДАД

Шаҳри Тошканд имрӯзҳо аз чаҳор гӯшаи олам меҳмонони зиёдро ба канор мепазирад.

Шаҳри Тошканд имрӯзҳо аз чаҳор гӯшаи олам меҳмонони зиёдро ба канор мепазирад. Ташрифи меҳмонон ба Ӯзбекистон идома дорад. Онҳо барои ширкат дар кинофестивали сенздаҳуми байналмилалии Тошканд меоянд, ки рӯзҳои 28 сентябр – 3 октябр зери унвони “Дурдонаи роҳи бузурги абрешим” баргузор мегардад.
Аз ҷумла, шаби гузашта майдони ҳавоии байналмилалии Тошканд ба номи Ислом Каримов аз ҳарвақта дида серодам буд. Бештар аз ҳама журналистон зуд худро ба майдони ҳавоӣ расониданд, то ки аз маросими истиқбол гирифтани меҳмонони кинофестивали байналмилалии Тошканд дар канор намонанд.
 Дарҳақиқат, ба навор бардоштанҳо, аккосӣ намудани чеҳраҳои машҳури синамои ҷаҳонӣ, ба суҳбатҳо кашидани ҳунармандон, коргардонҳо, овозхонҳо, бастакорон, инчунин мутахассисони гуногуни соҳаи синамо беш аз пеш доман фарох намуд. Дар қадами аввал, маросими истиқболгирии актёри машҳури синамо Стивен Сигал, ки мухлисони зиёд аз тариқи филмҳои ҳунарӣ вайро хеле хуб мешиносанд, хеле пурҷӯшу хурӯш гузашт.  
 Гурӯҳи духтарони атласпӯш меҳмони фестивалро бо нону намак пешвоз гирифтанд. Актёри маъруфи Ҳолливуд Стивен Сигал дар майдони ҳавоӣ изҳорот пахш намуд. Вай, аз ҷумла, чунин гуфт: “Ман ва синамогарони зиёди олам ба Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон барои эҳёи ин кинофестивали афсонавӣ ва маъруф ибрози сипосгузорӣ мекунам. Умедворам ин кинофестивал, ки дар он намояндагони машҳури кишварҳои зиёд ширкат мекунанд, ба ҳодисаи доманфарохи шодиву нишот табдил меёбад. Бовар дорам, ки дар Ӯзбекистони навин кинофестивали Тошканд майдони беҳтарини муоширату гуфтугӯҳо, табодули таҷриба, мулоқотҳои дӯстонаву эҷодӣ мегардад ва шаъну шарафи қаблии худро эҳё менамояд. Инчунин эътимодам хеле қавист, ки боҳам чанд рӯзи фаромӯшнопазирро паси сар хоҳем кард. Барои даъват аз шумо сарфарозам!”.
 Дар Ӯзбекистон тайи солҳои охир мардуми зиёд аз тамошои филму сериалҳои туркӣ дар шабакаҳои мухталифи телевизионӣ баҳра мебаранд. Аз ин ҷост, ки муштариёни зиёд нисбати ҳунармандони синамои ин кишвар ҳаргиз бетафовут наянд.  Барои ҳамин маросими истиқболгирии ҳунармандони синамои Туркия низ дар майдони байналмилалии ҳавоии Тошканд хеле бошукӯҳ ва бо тарзи хос гузашт. Актрисаи бомаҳорати турк Фелиз Аҳмад, ки дар сериали “Сад соли муҳташам” ё “Ҳарими Султон” нақши Нигорхалифаро бозидааст,  аз шукӯҳи маросими истиқболгирӣ хеле ба ваҷд омад. Вай гуфт, ки аз қадам ранҷа намудани худ ба Ӯзбекистон ва ширкат дар кинофестивали афсонавии Тошканд хеле хушҳолу хурсанд аст.  
– Агар ин ҷо ба ман пешниҳод кунанд, ки дар филми ӯзбекӣ ягон нақшро бибозам, аз таҳи дил вокуниши мусбат нишон медиҳам. Мехоҳам, ки дӯстии мардуми ӯзбеку турк боз ҳам бештар мустаҳкам шавад, – гуфт Фелиз Аҳмад.
 Вай афзуд, ки ҳунармандони синамо мисли риштаҳоеанд, ки фарҳангҳои давлатҳои гуногунро баҳам пайваст мекунанд.
 Коргардони филмҳои ҳолливудӣ Роберт Ван Ронкел бори аввал ба Ӯзбекистон омадааст. Вай мегӯяд, ки аз лаҳзаҳои нахустини ба  ин ҷо омадан таассуроти бой ҳосил намудааст.
– Ин ҷо ҳама чиз хубу гуворост. Одамонаш хеле меҳмоннавоз мебошанд ва назирашонро шояд ҷойи дигар пайдо накунӣ. Зимни мулоқот бо синамогарони ҷавонони ӯзбек дарк намудам, ки онҳо нисбат ба ин касбу кор эҳсоси дилгармӣ доранд ва ин барои офарандагони филм хеле муҳим мебошад, – мегӯяд Роберт Ван Ронкел.
 Дар майдони ҳавоӣ пешвозгирии овозхони маъруфи Русия Филлип Киркоров, ки барои ширкат дар кинофестивали Тошканд омадааст, барояш хеле писанд омад.  Вай гуфт, ки аз кишвари офтобии Ӯзбекистон истода салому паёмашро ба Маскаву тамоми Русия мерасонад.
– Дар ин чанд рӯз мо аз фазои шаҳри Тошканд нафас хоҳем гирифт, ки пур аз ҳодисаҳои фараҳбахшу гуворо хоҳад буд. Дар шаҳри Тошканд баргузор шудани ин фестивал ва барои даъват ба он аз мақомоти раҳбарии Ӯзбекистон хеле сипосгузорам. Умедворам, ки мулоқот кардан бо онҳо бароям муяссар мегардад, – афзуд Филипп Киркоров. 
 Ҳамин тавр, тамоми шабу рӯзи гузашта ҳавопаймоҳо ба шаҳри Тошканд ситораҳои дурахшони синамо, мисли Митҳун Чакраборти, Октай Кайнарҷа, Озҷон Дениз ва дигарон, инчунин арбобони зиёди санъату фарҳанги кишварҳои гуногунро интиқол доданд ва мизбонон ҳар кадоми онҳоро бо шукӯҳи хос истиқбол гирифтанд.  
 Дар кинофестивал меҳмонон аз 37 кишвари олам иштирок доранд ва беш аз 55 ситораи дурахшони синамои ҷаҳонӣ ва 400 нафар синамогарони кишварҳои хориҷӣ дар шаҳри Тошканд гирдиҳам омадаанд.
 Ёдовар мешавем, ки ин фестивал дар гузашта таҳти унвони “Фестивали синамои Осиё, Африқо ва Амрикои Лотинӣ” баргузор мешуд ва таърихи бештар аз сисоларо касб намудааст. 
 Дар арафаи баргузории маросими ифтитоҳи Кинофестивали ХIII-и байналмилалии Тошканд дар толори бинои “Ӯзбекфилм” бо ширкати Уолтер Афанасев ва коргардон Баҳодир Юлдошев нахустин вохӯрӣ баргузор гардид.
 Ёдовар мешавем, ки Уолтер Афанасев бастакори номӣ мебошад ва барои филмҳои “Титаник”, “Муҳофиз”, “Соҳибҷамол ва дев”, “Алоуддин” ва амсоли он мусиқӣ офаридааст.
 Ба гуфтаи ӯ филми бемусиқӣ назаррабо намешавад. Ҳатто, баъзан, нисбат ба кадр муҳимтар мебошад. Ин бастакор мегӯяд: вақте ки мусиқии филм дуруст интихоб шавад, натиҷаи дилхоҳ дар филм ба даст меояд.
– Тошканд ситораи Машриқзамин аст! Бояд дар ин бора ба тамоми олам ҷор занем. Мо синамои худро дорем. Мо набояд аз паси Ҳолливуд саргардон шавем. Ӯзбекистон имкониятҳои фаровони филмофариро соҳиб аст! – мегӯяд Баҳодир Юлдошев. 
 Барои муштариёни “Овози тоҷик” ҳаминро ишора карданием, ки дар фестивали Тошканд ҳайати синамогарони Тоҷикистон низ бо филмҳои худ иштирок доранд. Дар ин ҳайат Мамадкарим Соҳибзода, Шӯҳрат Қудратов, Тилло Некқадамов, Насриддин Нуриддинов, Муҳаббатхон Сатторова, Искандар Усмонов, Заур Дахте, Далер Раҳматов, Акмал Абдуллозода, Комрон Сафаров ва дигарон шомил мебошанд.
 Рӯзҳои синамои Тоҷикистон 28 сентябр дар Театри калони академикии опера ва балети ба номи Алишери Навоӣ оғоз ёфт. Мувофиқи барномаи фестивал дар ин маросим намояндагони синамои тоҷику ӯзбек дар бораи робитаҳои дӯстонаи ду халқ ва дурнамои ҳамкориҳои худ вориди мулоқот мешаванд.
30 сентябр – 1 октябр намоиши филмҳои “Тақдири шоир”-и Борис Кимёгаров,  “Сафари ҳавоӣ”-и Далер Раҳматов, “Муаллим”-и Носир Саидов, “Рақси ҳаёт”-и Абдукарим Машрабов баргузор мегардад. Баъд рӯзҳои синамои тоҷик дар вилоятҳои Фарғона ва Андиҷон идома мекунад ва муштариён аз тамошои филмҳои онҳо баҳраманд хоҳанд шуд. 
 Аз ҷумла, дар Андиҷон филми “Автобус”-и Носир Саидов ба намоиш гузошта мешавад.  Дӯстдорони филмҳои тоҷикӣ дар кинотеатри “Нурхон”-и шаҳри Фарғона филми “Орзуҳои музофотӣ”-и коргардон Румия Шоазимоваро тамошо мекунанд.
 Як гурӯҳ синамогарони Ҷумҳурии Исломии Эрон низ барои ширкат дар фестивали байналмилалии синамои Тошканд омадаанд. Мухлисони филмҳои эронӣ бо синамогарони Ҷумҳурии Исломии Эрон, аз ҷумла Алиризо Тобиш, Мирзо Абдулфазл Аттор, Муҳаммад Меҳдӣ Асғарпур, Иброҳим Мухторӣ, Ҳамидризо Гатбӣ, Алиризо Шоҳрухӣ, Ҳамид Теҳронӣ, Алӣ Гавитан мулоқотҳо анҷом хоҳанд дод. 
 Рӯзҳои синамои Эрон 29 сентябр дар бинои Театри ҷавонони Ӯзбекистон оғоз меёбад. 
 1 октябр мухлисони самарқандӣ синамогарони эрониро ба канор мегиранд ва филмҳои “Мерос”, “Модарӣ” ва “Диапазон”-ро тамошо мекунанд. Дарвоқеъ,  дар солҳои охир намоиши филмҳои ҳунарии коргардонҳои эронӣ дар шабакаҳои телевизионии Ӯзбекистон ба ҳукми анъана даромадааст.
  Дар нишасти хабарие, ки  28 сентябр баргузор гардид, муовини Сарвазир  – вазири туризм ва варзиш Азиз Абдуҳакимов,  раиси Агентии “Ӯзбеккино” Фирдавс Абдухолиқов, директори Киноконсерни “Ӯзбекфилм” Баҳодир Одилов ва як гурӯҳ синамогарони филмҳои ҳуҷҷатӣ ширкат карданд. Гуфта шуд, ки ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ҷиҳати эҳёи ин кинофестивали афсонавӣ қобили дастгириҳост.
 Азиз Абдуҳакимов гуфт, ки 14 сол боз ин фестивал ба гӯшаи фаромӯшӣ рафта буд. Ҳоло аз меҳмонон лоиҳаҳои навро интизорем. Ба таъкиди ӯ кино ҷузъи муҳими ҳаёти мардуми мост. 
– Дар айни ҳол мо маблағ дорем, ки ҳар гуна лоиҳаҳоро сармоягузорӣ кунем. Эҷоди филмҳои ҳуҷҷатӣ, ки дар меҳвари он намоиш додани ҳаёти кишвари мо қарор гирифтааст, туризмро низ ривоҷ хоҳад дод. Директори “Ӯзбекфилм” Баҳодир Одилов гуфт, ки дар 5 соли охир филмҳои ҳуҷҷатии зиёд истеҳсол намуданд, – изҳор кард Азиз Абдуҳакимов.
– Филмҳои ҳуҷҷатие, ки мо меофарем, бо супориши давлат ба навор бардошта мешаванд. Мо дар бораи адибон филм таҳия намудем. Бо ҳамкоронамон аз шабакаи телевизионии “Русия” филми муштарак офаридем, – гуфт Баҳодир Одилов.
 Фирдавс Абдухолиқов иброз дошт, ки ҳанӯз ҷиҳати баргузории ҳамон фестивали бошукӯҳ, ки қаблан баргузор мегардид, таҷрибаашон камӣ мекунад. Ба гуфтаи ӯ Валдис Пелш дар бораи Ӯзбекистон филми хуби мустанад бардоштааст, ки онро тамоми шабакаҳои телевизиони кишвар намоиш хоҳанд дод.
 Ногуфта намонад, ки дар айни ҳол дар толори “Ӯзбекфилм” намоиши филмҳои мустанади Туркия идома дорад.

Мирасрор АҲРОРОВ,
хабарнигори 
“Овози тоҷик”.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: