КИНОИ ТОҶИК ДАР ӮЗБЕКИСТОН

12-13 апрели соли равон Рӯзҳои кинои тоҷик дар Тошканд баргузор гардид.

Ифтитоҳ ва намоиши филмҳои эҷодкорони соҳаи синамои тоҷик дар Қасри кинои ба номи Алишер Навоии пойтахти мамлакатамон рӯйи кор омад. Дар маросими кушоиш ҷонишини якуми раиси АМ «Ӯзбеккино» Шуҳрат Ризоев оиди дӯстӣ ва қаробати деринаи халқҳои тоҷику ӯзбек, бо шарофати сиёсати оқилонаи сарони ду давлат аз нав барқарор шуда истодани муносибатҳои ду мамлакат дар ҷанбаҳои гуногун, минҷумла соҳаҳои фарҳанг ва ҳунар сухан ба миён овард ва таъкид намуд баргузоршавии боз як чорабинии муҳим дар фазои дӯстиву рафоқат – Рӯзҳои кинои тоҷик дар Ӯзбекистон воқеаи сурурбахш мебошад. Ҳақиқатан ҳам тоҷикону ӯзбекон аз дер шарофат ва баракоти ҳамкорӣ дар соҳаҳои гуногунро ҳис намуда, дар якҷоя филмофарӣ, омӯзиш аз таҷрибаҳои якдигар, гузаронидани ҷашнвораҳо оиди синамо ба муваффақият даст ёфта омадаанд.
Ш. Ризоев айни замон дар бораи хидматҳои шоёни яке аз асосгузорони «Ӯзбекфилм» Комил Ёрматов, ки дар асл фарзанди халқи тоҷик аст, ҳамчунин ҳамкорӣ миёни нақшофарони тоҷику ӯзбек М. Орифов, О. Норбоева, С. Исоева, Т. Реҷаметов, Ё. Саъдиев, А. Муҳаммадҷонов, Т. Шокирова ва дигарон, ки баҳри равнақи синамои ду халқ ҳиссаи муносиб гузоштаанд, бо муҳаббат ҳарф зад. Ҷонишини директори «Тоҷикфилм» Толибҷон Раҳматуллоев таъкид сохт, соли гузашта Рӯзҳои кинои ӯзбек дар Тоҷикистон хотирнишин сурат гирифт ва тамошобинони тоҷик ба воқеан солҳои охир пешравии санъати кино дар Ӯзбекистон гувоҳ гардиданд. Коргардони ҷавони тоҷик Муҳиддин Музаффар аз ашъори устод Турсунзода порчае қироат кард, ки ба дӯстӣ бахшида шудааст. Вай гуфт, ки мо аз Тоҷикистон ба пойтахти Ӯзбекистон омада, даставвал оромгоҳи пири киносозони ду халқ Комил Ёрматовро зиёрат намудем. Умедворем дар барқароршавии анъанаҳои дерин, рушди муносибатҳои тозаи филмофарони ду халқ, хусусан, тарбияи истеъдоди ҷавонон, ки кинои ду халқ аз онҳо умеди калон дорад, рӯҳи бузургворон мадад менамояд.
Иштирокдорон аз тамошои филмҳои киносозони тоҷик «Сафари ҳавоӣ» (коргардон Далер Раҳматов), «Хоби маймун» (коргардон Румӣ Шоазимов), «Тангно» (коргардон Муҳиддин Музаффар) ва «Такси» (коргардон Файзуллоҳ Файз) таассуроти калон бардоштанд.

М. ШОДИЕВ.
 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: