Мо шоҳиди он мебошем, ки дар кишварамон дар давраи пандемияи коронавирус чораҳои таъҷиливу муҳим, ки ба ҳифзи саломатии аҳолӣ, бартараф сохтани буҳрони иқтисодӣ нигаронида шудаанд, амалӣ мегарданд.
Мо шоҳиди он мебошем, ки дар кишварамон дар давраи пандемияи коронавирус чораҳои таъҷиливу муҳим, ки ба ҳифзи саломатии аҳолӣ, бартараф сохтани буҳрони иқтисодӣ нигаронида шудаанд, амалӣ мегарданд.
Аз ҷумла, дар шароити карантин кор дар соҳаи дастгирии иҷтимоии оилаҳои камтаъмин, пирони танҳо, ашхоси ногиро мунтазам идома дорад. Дар чаҳорчӯбаи ҷунбиши умумихалқии «Меҳру мурувват ва дастгирӣ», ки анъанаҳои хуби мардуми моро инъикос менамояд, намояндагони хоҷагиҳои деҳқониву фермерӣ, кормандони корхонаву ташкилотҳо саҳми сазовори худро мегузоранд. Агар дақиқтар гӯем, барои бартараф сохтани пандемия ҳамдастона ва ҳамҷиҳатона кор бурда мешавад.
Мутаассифона, дар ин рӯзҳои санҷиш ҳам ҳодисаҳое вомехӯранд, ки баъзе мансабдорон ваколатҳои худро сӯистеъмол мекунанд.
Мо ҳодисаҳои ғорати маблағҳои буҷавиро аз ҷониби кормандони масъули Маркази беҳбуди санитариву эпидемиологии вилояти Намангон бо афсӯсу надомат қабул кардем.
Дар ҷараёни санҷиши тотафтишотӣ, ки аз ҷониби Департаменти назди Прокуратураи генералӣ дар вилояти Намангон гузаронида шуд, маълум гардид, ки кормандони масъули Маркази беҳбуди санитариву эпидемиологии вилоят мувофиқи муоҳидае, ки бо ҷамъиятҳои масъулияташ маҳдуди «F.B», «A.T» ва «H.S» ба имзо расонидаанд, воситаҳои дизенфикатсияи «гипохлориди калсий»-ро, ки 275,9 миллион сӯм баҳо дорад, бо 524,8 миллион сӯм, яъне 248,9 миллион сӯм қимматтар нисбат ба нархи миёнаи бозор харид кардаанд. Ҳамин тариқ ғорати маблағҳои буҷа ба миқдори зиёд муайян карда шуд.
Бинобар кори мазкур нисбати шахсони мансабдори Марказ мувофиқи қисми 3-юми моддаи 167-уми Кодекси ҷиноӣ парвандаи ҷиноӣ кушода шуд, тафтишот идома дорад.
Бояд таъкид намуд, ки саъю кӯшиши мансабдорон барои фоида гирифтан аз маблағҳое, ки баҳри ҳифзи саломатии халқ, дар замоне, ки вай бинобар пандемия душворӣ мекашад, ҷудо гардидаанд, ғорат кардани маблағҳои буҷа нисбат ба халқ хиёнат ба шумор меравад. Шубҳае нест, ки онҳо мувофиқи ҷинояти худ ҷазо мегиранд. Ин ҳодиса таҳти назорати сенаторон қарор дорад.
Вобаста ба ин дар минтақаҳо шунидани ҳисоботи роҳбарони секторҳо дар иҷлосияҳои шӯроҳои маҳаллӣ ва баргузор кардани назорати депутатӣ барои сарфу хароҷоти самарабахши маблағҳое, ки баҳри ҳифзи саломатии аҳолӣ, дастгирӣ намудани оилаҳои ба нигоҳубин эҳтиёҷманд ҷудо карда шудаанд, мувофиқи мақсад мебошад.
Зеро дар шароити пандемия давлат барои ҳифзи саломатии шаҳрвандон ва таъмин намудани манфиатҳои халқ миллиардҳо сӯм ҷудо менамояд. Мақсад ҳифзи саломатии аҳолӣ, беҳтар кардани тарзи ҳаёти ӯст. Дар ин ҷараён ҳар як мансабдор бояд кори худро поквиҷдонона иҷро кунад, масъулияташро дар назди ҷамъият ва давлат эҳсос намояд.
Носирбек АБДУЛЛОХОНОВ, муовини Кумитаи оид ба масъалаҳои занон ва баробарии ҷинсии Сенати Олий Маҷлис.