КИРДОРИ ҲОКИМИЯТҲО ДАР ПОЙМОЛКУНИИ ТИҶОРАТ ОШКОР ШУД

Кумитаи зиддимонополии Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва раёсати ҳудудии он ҳуҷҷатҳоеро, ки аз ҷониби мақомоти ҳокимияти 56 шаҳр ва ноҳияи мамлакат қабул шудаанд, мавриди омӯзиш қарор дод. Дар натиҷа 218 меъёри муқарраршуда зоҳир гардид, ки рақобати солимро маҳдуд месозанд.

Бинобар маълумоти Кумитаи зиддимонополии Ҷумҳурии Ӯзбекистон, фаъолияти ҳокимиятҳо дар рушди тиҷорат ва соҳибкории хусусӣ нақши муҳим мебозад. Дар ин ҳол ташаббусҳои мақомоти ҳокимияти маҳаллӣ метавонанд тиҷоратро ҳам рағбатнок ва ҳам маҳдуд созанд. Масалан, ҳокимияти ноҳияи Асакаи вилояти Андиҷон ба номи директори филиали ширкати инжинирингии «Қишлоқ қурилиш инвест» дар бораи пудратчиёни ҶММ «Шаҳрихон юлдузи» ва ҶММ «Сапфир бустони»-ро, ки дар сохтмон ду манзили чорошёнаи кӯчаи Ҳумо ва мавзеи Амир Темур кор мекунанд, ба дигар ташкилотҳои сохтмонӣ – ҶММ «Моҳир меъмор қурувчи» ва ҶММ «Идеал бунёдкор» иваз намудан фармоиши хаттӣ ирсол намуд. Ин бошад, вайронкунии воқеии Қонун «Дар бораи рақобат» мебошад. 
Кормандони Кумитаи зиддимонополии Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар Қашқадарё ҳолати дигарро мавриди таҳқиқ қарор доданд. Ҳокимияти ноҳияи Деҳқонободи вилоят ба Кумитаи давлатӣ оид ба геология ва захираҳои минералӣ мактуб фиристод ва дар он хабар дода мешавад, ки ҳатто дар ҳолати дар савдои тендер барои гирифтани рухсатнома бобати истихроҷи доломит дар ноҳияи Деҳқонободи вилояти Қашқадарё ғалабаро ба даст овардани ҶС «KVARTS» он танҳо баъд аз дар мақомоти давлатӣ ба қайд гирифта ва тақдим намудани мактуби кафолатнок бинобар ҷудо намудани қитъаи замин метавонад ба кор пардозад. Талаботи мазкур нисбати ҶС «KVARTS» шароити поймолкуниро фароҳам меорад. 
Бинобар ҷамъбасти корҳои амалишуда дар 37 ҳокимияти ноҳия ва шаҳрҳо аз рӯйи фактҳои вайрон карда шудани Қонун «Дар бораи рақобат» корҳо мавриди тафтиш қарор гирифта, оиди барҳам додани нуқсонҳо тақдимнома дода, 10 ҳуҷҷат пурра бекор карда шуданд.

Роман БОНДАРЧУК, 
мухбири ӮзА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: