КИШТИ ИМРӮЗА ХИРМАНИ ФАРДОСТ

АКСИ САДО

Дар ҳадиси Пайғамбар омадааст. «Мувофиқи амалат мукофот хоҳӣ гирифт». Муддати чил соли омӯзгориам ба ин ҳақиқат чандин бор имон овардаам. 
Решаи тамоми нобасомониҳо дурӯғ ва дурӯягӣ гуфтаанд. Таърих гувоҳ, ки ба дину маърифат ва забон бепарво будан, шикасту мағлубиятҳои гарон овардааст. Солҳои 1988-2000 ба рӯзномаи «Овози тоҷик» обуна будам. Баъдан аз камандешагиву сустиродагӣ то соли 2014 ба обунаи умумӣ шарик шудам. Рӯзнома ҳафтае ду маротиба 2-3 адад ба китобхонаи мактаб меомаду халос. Аз он хеле кам баҳрабардорӣ мекардам. Аз соли 2015 боз обуна шуда истодаам. Умуман аз таҳририяти рӯзномаи дӯстдоштаам миннатдорам. Аз солҳои 80-ум то ҳол хеле мақолаҳоям низ дар он чоп шудаанд.  
Тавассути ин мақолаҳо аз санҷишу семинарҳо сарбаландона гузаштам ва ба нишони Аълочии таълими халқи Ӯзбекистон сазовор шудам. Имсол шумораи аввалро гирифта, аз маводҳои дилкашаш хеле завқ бурдам. Ҳамсарам, ки хонанишин аст, тамоми матолиби рӯзномаро мехонад. Вале, вақте ки мақолаҳои «Нагузоред, ки Овози тоҷик пӯшида шавад» ва «Ҳар моҳ ду забони маҳаллӣ аз байн меравад» («Овози тоҷик», №1, 1 январи соли 2020)-ро хондам, ҳайрату ҳасратам  хеле афзуд. Афсӯс, ки ин мақолаҳоро масъулони маҳалла, роҳбарони мактабу шифохона ва боғчаҳо хонда наметавонанд. Охир аз деҳае, ки 1000  хонадони тоҷик дорад, танҳо ду нафар омӯзгор ба он обунаанд. Пас чӣ хел хонанд? 
Дар замони салтанати шӯро қисми зиёди мардум ва зиёиён аз ҳисоби маош иҷборан обуна карда мешуданд. Имрӯз, ки мардум гӯё ташнаи маърифатанд, обунашавиро фикр намекунанд. Ҳама  «қимат будааст», ё «обуна ихтиёрӣ» мегӯянд.  
Ҳол он ки тӯю маъракаҳои сермасрифу серхароҷот медиҳем. Мо мусулмонему баъзан ба амалҳои зишт даст мезанем. Мо бояд ба тариқат, шариат ва ҳақиқат риоя кунем, ки аз маърифат ғизо мегиранд. Маҷбурӣ набудани обунаро дуруст фаҳмем. Омӯзгорон, талабагон ва роҳбарону соҳибкорон бояд ба рӯзномаи милливу касбиашон ҳатман обуна шаванд. 
Омӯзгоре, ки рӯзнома намехонад, мавзӯъҳои таълимиву тарбиявиро аз куҷо мукаммал мегузарад. Ҳа, аз Интернет мегӯед. Интернет ҷои матбуоти чопиро гирифта наметавонад. Китоби дарсӣ барои талабагон аст. Омӯзгор бояд ҷӯянда бошад. Шунида будам, ки «Шахсе, ки ба маърифат майл надорад, дарахти мақсудаш гул намекунад» мегӯянд. Ҳайфи дарахте, ки гулу мева надорад.
Биёед, ҳамзабонони гиромӣ, якдилу ҳамҷиҳат бошем, зеро Ҷомии бузург фармудааст: 
Якдилу якҷиҳату якрӯ бош,
В-аз дурӯёни ҷаҳон яксӯ бош.

Дар ҳашт деҳаи кӯҳистони фақат ноҳияи Шаҳрисабз аз 10 000 зиёд тоҷикон муқим буда, дар даҳ мактаби хурду калони онҳо таълим пурра ба забони тоҷикӣ мебошад. Агар ҳар се нафар омӯзгор ба як адад ва ҳар 50 нафар хонанда ба як газета обуна шаванд, «Овози тоҷик» 160-200 адад зиёд мешавад. Охир «Овози тоҷик» ин чархи ақл ва софии забони мост. 
Саволе ба миён меояд, айб дар чист? Чӣ бояд кард?  
Аввало, бояд кормандони таҳририят доимо бо деҳотиён вохӯрӣ гузаронанд, ба сафарҳои хизматӣ бароянд.
Сониян, марказҳои миллию мадании ҷумҳурӣ ва вилоятҳо дар ин кор фаъол ва саҳмгузор бошанд. Дар он сурат, фикр мекунам, кори обуна беҳтар ва миқдори «Овоз...»-хонон бештар мешавад. 

Шералӣ ЮЛДОШЕВ,
омӯзгори мактаби рақами 
57-уми ноҳияи Шаҳрисабзи  вилояти Қашқадарё.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: