КИШТИ ПУНБАДОНА ОҒОЗ ШУД

Дар ноҳияи Ғузори вилояти Қашқадарё яке аз аввалинҳо шуда ба кишти пунбадона шурӯъ карданд.

Вазъи мусоиди ҳавои оғози баҳори сол даҳҳо нафар мутахассисони соҳаи хоҷагии деҳотро аз гӯшаҳои мухталифи ноҳия ба хоҷагии фермерии «Хонзода Улуғбек»-и ноҳияи Ғузор гирдиҳам овард, ки онҳо таҳти як семинари таҳлилӣ бармаҳал кишт намудани пунбадона ва рӯёнидани ҳосили нисбатан баланди пахтаро муҳокима намуданд. 
Дар кори семинар муовини ҳокими вилояти Қашқадарё У. Узоқов, сардори саридораи хоҷагии деҳоти вилоят О. Боймиров ва ҳокими ноҳияи Ғузор Бекзод Суюнов ширкат варзиданд. Муовини ҳокими вилоят гуфт, ки аз техникаи замонавӣ истифода бурдан, ба қоидаҳои агротехникӣ эътибори ҷиддӣ дода, ба маданияти кишту кор, омода сохтани майдонҳои кишт амал кардан боиси ҳама гуна пешрафтҳои соҳа хоҳад гашт. 
Пас аз анҷоми семинар дар ноҳияи Ғузор расман иҷозат дода шуд, ки деҳқонони пахтакор ба кишти пунбадона шурӯъ кунанд. Таъкид гардид, ки соли равон дар ноҳия 344 хоҷагии фермерӣ ба 6000 гектар майдон пунбадона кишт хоҳанд намуд.

Шариф ХАЛИЛ, 
хабарнигори 
«Овози тоҷик» дар вилояти Қашқадарё.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: