Кишти «тӯқсонбостӣ» пешпаз ва серҳосил аст

Ҳар сол бо фаро расидани тирамоҳ ҳамдиёронамон ба қитъаҳои наздиҳавлӣ бештар пиёз, сирпиёз ва дигар навъҳои маҳсулоти зироатӣ кошта, барои рӯёнидани ҳосили фаровон шурӯъ мекунанд.

Ҳар сол бо фаро расидани тирамоҳ ҳамдиёронамон ба қитъаҳои наздиҳавлӣ бештар пиёз, сирпиёз ва дигар навъҳои маҳсулоти зироатӣ кошта, барои рӯёнидани ҳосили фаровон шурӯъ мекунанд. Навъе мутахассисон таъкид мекунанд, рӯзҳои тирамоҳ зироат бо усули «тӯқсонбостӣ» кошта мешаванд, ки ба ҳарорати пасти табиӣ рост омада, рӯзҳои баҳор нашъунамои майсаҳо ривоҷ меёбад.
– Инчунин кабудӣ низ фасли тирамоҳ кошта шуда, ҳосили дилхоҳ медиҳад, – мегӯяд роҳбари агрофирмаи «Тӯрақӯрғон»-и ноҳияи Тӯрақӯрғон Ёқубҷон Боймирзоев.
Чунин ҷиҳатҳоро ба ҳисоб гирифта, ҳамаи агрофирмаҳо дар ҳудуди ноҳияамон барои ҳосили «тӯқсонбостӣ» замина ҳозир менамоянд. Дар 220 гектар боғ ва токзорҳои ноҳия пиёз ва сирпиёз кошта шудааст. Нашъунамои зироат хуб буда, майдонҳо аз алафҳои бегона тоза карда шуд.
– Марҳилаи аввали поруандозиро ба анҷом расонидем. Боз як маротиба нурии аммофос пошида мешавад, – гуфт узви хоҷагии фермерии «Бахтли Шарқ юлдузи» Ҳасанбой Иброҳимов. – Рӯзҳои баҳор парваришашро нағз ба роҳ монем, албатта, ҳосили фаровони аз чашмдошт зиёд рӯёнида мешавад.
Дар «Забардаст Зиёдбек», «Боймирзоев Бекмирзо» ва «Абдулҳафиз Азиз Ҷӯрабек» барин хоҷагиҳои фермерӣ ба талаботи қоидаҳои агротехникӣ риоя карда мешавад.
Ҳамчунин дар 48 ҳазору 627 хонадон ба 2 ҳазору 587 гектар майдон барои ҳосили соли оянда замина ҳозир карда мешавад.

Мирмуҳсин МИРЗОКАРИМОВ,
ноҳияи Тӯрақӯрғони вилояти Намангон.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: