Ба суханронии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев дар иҷлосияи 46-уми Шӯрои оид ба ҳуқуқи инсони СММ (HRC) доираҳои сиёсӣ ва коршиносӣ-таҳлилии кишварҳои хориҷӣ ба таври васеъ шарҳ медиҳанд.
Ба суханронии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон
Шавкат Мирзиёев дар иҷлосияи 46-уми Шӯрои оид ба ҳуқуқи инсони СММ (HRC) доираҳои сиёсӣ ва коршиносӣ-таҳлилии кишварҳои хориҷӣ ба таври васеъ шарҳ медиҳанд.
Муҳаррири маҷаллаи бонуфузи сиёсати хориҷии Олмон “Welt Trends” Ҳуберт Тилике:
— Ман бо суханронии Президент Шавкат Мирзиёев бо таваҷҷӯҳи зиёд шинос шудам. Он ислоҳоти демократиро, ки Ӯзбекистон пас аз интихоботи президентии соли 2016 оғоз кардааст, ба таври возеҳ инъикос мекунад. Ин бори дигар нишон медиҳад, ки кишвар дар роҳи дурусти тағйирот аст.
Ман шахсан ба ин дар интихоботи парлумонии 2019 иштирок карда боварӣ ҳосил кардам. Интихобот на танҳо бо иштироки баланди шаҳрвандон, балки бо ширкати фаъолонаи занон ва ҷавонон фарқ мекард. Ба баъзе участкаҳои интихоботӣ, ки ман дидан карда будам, занон роҳбарӣ мекарданд, ки ба саволҳои ман бо шавқ ҷавоб доданд. Дар маҷмӯъ, дар участкаҳои интихоботӣ бисёр занон ва ҷавонон кор мекарданд, ки ин бори дигар суханони Президентро дар бораи пешбурди ҳуқуқҳои ин тоифаҳои аҳолӣ тасдиқ мекунад.
Фаъолнокии иҷтимоӣ дар кишвар низ нисбат ба солҳои қаблӣ ба таври назаррас пеш меравад. Дар конфронсҳои матбуотӣ бо намояндагони ҳукумат, инчунин дар музокирот дар муассисаҳои гуногун мушкилоти кишвар ошкоро, инчунин ғояҳо барои ҳалли онҳо ба миён гузошта мешаванд.
Бояд қайд кард, ки Ӯзбекистон ҳоло узви Шӯрои СММ оид ба ҳуқуқи инсон аст ва аз ин рӯ, имкониятҳои бештар барои иштирок дар мубодилаи афкори байналмилалӣ дар ин самт доранд. Бовар дорам, ки ин ба ислоҳот дар кишвар манфиат хоҳад овард”.
Менеҷери барномавии маркази таҳлилии «Diplomatic World Institute» Алберто Туркстра:
— Суханронии Президент Шавкат Мирзиёев дар иҷлосияи 46-уми Шӯрои СММ оид ба ҳуқуқи инсон дар таърихи Ӯзбекистон оғоз ёфтани аввалин узвияти сесоларо дар ШҲИ СММ нишон дод. Аз як тараф, узви ин гурӯҳ будан шарафи олӣ аст, аз тарафи дигар, масъулияти иловагиро бар дӯш мегузорад ва таваҷҷӯҳи бештари ҷомеаи ҷаҳонро дар назар дорад. Интихоби Ӯзбекистон ба ШҲИ СММ имкони хубест барои нишон додани ӯҳдадориҳои эълонкардаи худ дар соҳаи ҳуқуқи инсон.
Дар суханронии сарвари давлат ӯҳдадориҳои муҳим фаро гирифта буданд. Вай ба тавонмандсозии се гурӯҳи мушаххаси одамон: занон, ҷавонон ва маъюбон диққати махсус дод.
Дар мавриди занон, васеъ гардондани ҳуқуқу имкониятҳои онҳо бояд на танҳо дар соҳаи сиёсӣ маҳдуд карда шавад, балки ба ҳузур ва нақши онҳо дар тиҷорат, ҷомеаи шаҳрвандӣ татбиқ карда шавад. Тасаввуроти занон дар Ӯзбекистон тавассути рафъи қолабҳои анъанавии нақшҳои гендерӣ, ки нақши занонро дар хонавода маҳдуд мекунанд, тағйир меёбад. Дар натиҷа, мо бештар занонро дар вазифаҳои баланди сиёсӣ, ба монанди раиси Сенат Танзила Нарбоева мебинем.
Қайд кардан муҳим аст, ки дар шароити ҳозираи геосиёсии Осиёи Марказӣ, ки бо эътимод ва муколама тавсиф мегардад, барои баррасии ин мавзӯъҳо ва мубодилаи таҷрибаи пешқадам форумҳо ва платформаҳои минтақавӣ пешниҳод карда мешаванд. Президент Шавкат Мирзиёев, аз ҷумла, пешниҳод кард, ки дар Ӯзбекистон Форуми минтақавии тиҷоратии занон, инчунин шӯрои минтақавӣ оид ба масъалаҳои худтатбиқкунии шахсони имконияташон маҳдуд таъсис дода шавад.
Президенти Ӯзбекистон инчунин ба масъалаҳои озодии эътиқод ва рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ диққати махсус дод.
Мустаҳкам кардани ҷомеаи шаҳрвандӣ шарти зарурӣ дар Ӯзбекистони навбунёд аст. Васеъ намудани дастрасӣ ба иттилоот дар баробари технологияҳо ва каналҳои нави алоқа ҷаҳонбинии аҳолии кишварро тағйир медиҳад, ки ин ба ташаккули ҷомеаи шаҳрвандии қавитар ва фаъол мусоидат мекунад. Бо ин мақсад, бояд раванди таҳияи кодекси нави ташкилотҳои ғайридавлатиро, ки чанд сол боз мавриди баррасӣ қарор доранд, суръат бахшид.
Дар робита ба озодии эътиқод, лоиҳаи қонуни Ӯзбекистон «Дар бораи озодии виҷдон ва ташкилотҳои динӣ» аз ҷониби Комиссияи Венетсия ва Бюрои институтҳои демократӣ ва ҳуқуқи инсони САҲА баррасӣ гардид, ки онҳо «кӯшишҳои Ӯзбекистон оид ба ворид намудани ислоҳ ба пойгоҳи ҳуқуқии марбут ба ҳуқуқи озодӣ дин ё эътиқод, бо мақсади ба стандартҳои байналмилалӣ мутобиқ кардани он»-ро маъқул донистанд. Илова бар ин, соли гузашта Департаменти давлатии ИМА Ӯзбекистонро аз Рӯйхати махсуси назорат барои ҳукуматҳое, ки бо «нақзи ҷиддии озодиҳои динӣ» даст доранд ё роҳ медиҳанд, хориҷ кард.
АИ «Дунё».