КИШВАРЕ, КИ БА ИНСОН АРҶ МЕГУЗОРАД

Дар тӯли солҳои истиқлолият сохтори ҳуқуқи миллии Ӯзбекистон куллан ташаккул ёфт.

Асосҳои конститутсиявӣ ва ҳуқуқии давлати демократие, ки ба тамоюлҳои иқтисодиёти бозори озод нигаронида шудаанд, ба вуҷуд омад. Сохтори қонунҳо оиди ҳуқуқи инсон барпо карда шуд.
Тавре ки дар моддаи 13-уми боби II Конститутсияи Ҷумҳурии Ӯзбекистон таъкид гардидааст: «Дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон демократия ба принсипҳои умумиинсонӣ такя дорад, бинобар онҳо инсон, ҳаёти ӯ, озодӣ, шаън, қадру қимат ва дигар ҳаққу ҳуқуқи дахлнопазираш арзиши олӣ маҳсуб меёбанд». 23 феврали соли 1995 дар байни давлатҳои ИДМ пеш аз ҳама дар Ӯзбекистон институти Омбудсман ҷорӣ карда шуд. Дар амалиёти корбурди қонунгузорӣ ва ҳуқуқи миллӣ модели худии пайгирона ва зина ба зина  имплементатсия кардани андозаҳои байналхалқӣ, сохтори миллии риояи мониторинги ҳуқуқ ва озодиҳои конститутсиявии инсон ташаккул ёфт.
Имрӯз ислоҳотҳоеро, ки дар кишварамон доир ба таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон, ҷорӣ кардани адолат татбиқ мегарданд, СММ ва дигар созмонҳои байналхалқӣ эътироф ва дастгирӣ менамоянд. Арҷгузорӣ ба инсон, ҳимоя ва ҳамаҷониба ба камол расондани ӯ ба ғояи асосии Ӯзбекистони Нав табдил ёфт.
Пайдост, ки дар ҳифзу ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон институти Омбудсман нақши муҳим дорад. Бахусус, вақте дар шароити Ӯзбекистони Нав ба қимати инсон чун ба арзиши олӣ арҷ гузошта мешавад, ислоҳотҳо дар ин росто диққату эътибори аҳли ҷомеаи ҷаҳонро ҷалб менамоянд. Дар мамлакатамон ба мақсади ба вуҷуд овардани механизми пурсамари ҳуқуқӣ бино ба пурзӯр намудани кафолатҳои ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрвандон, аз ҷумла, батамом роҳ надодан ба ҳолатҳои азоб додан, ҳамчунин корбурди хелҳои ҷазои бешафқатонае, ки қадру қимати инсониро паст мезананд, пешгирии шиканҷа, сари вақт ва холисона ҳаллу фасл намудани муроҷиатҳое, ки ба ин ҳолатҳо иртибот доранд, ташкили хабаргирии мунтазам аз ҳоли шахсоне, ки озодии ҳаракаташон маҳдуд карда шудааст, қарори Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон «Дар бораи чорабиниҳои иловагӣ доир ба такмил додани низоми муайян намудани ҳолатҳои азобдиҳӣ ва пешгирии он», аз 26 июни соли 2021, ба тасвиб расида буд.
Тибқи қарори мазкур, дар пойгоҳи гурӯҳи экспертии вакил (Омбудсман)-и назди Олий Маҷлис доир ба ҳуқуқи инсон дар назди Омбудсман гурӯҳи ҷамъиятӣ оид ба муайян намудани ҳолатҳои азобдиҳӣ ва пешгирии он ташкил ва вазифаҳои асосиаш нишон дода шуданд. Пешбинӣ шуд, ки ҳар сол то 15 март аз ҷониби Омбудсман доир ба корҳое, ки оиди  пешгирии ҳолатҳои азобдиҳӣ ва корбурди дигар муносибатҳои бешафқату ғайриинсоние, ки қадру қимати инсонро паст мезананд, ба амал татбиқ гардидаанд, ба палатаҳои Олий Маҷлис маърӯзаҳо пешниҳод намоянд ва амалиёти тавассути расонаҳои ахбори оммавӣ эълон кардани онҳо роҳандозӣ карда шавад.
Ба мақсади афзудан ба аҳамияти институти Омбудсман чун институти миллии мустақил, ки ҳуқуқу озодиҳои инсонро ҳимоя менамояд, такмил додани асосҳои институтсионалии фаъолияти Омбудсман, вусъат додани ваколат ва иштироки он дар минтақаҳо оиди таъмини риояи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон, васеъ ҷорӣ намудани технологияҳои ахбору коммуникатсионӣ дар фаъолияти Омбудсман Фармони Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон «Дар бораи чорабиниҳо доир ба такмил додани фаъолияти вакил (Омбудсман)-и Олий Маҷлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон доир ба ҳуқуқи инсон», аз 10 сентябри соли 2021 ба тасвиб расида буд.
Дар он ҷорӣ намудани назорати парлумонии муассир аз болои ташаккул додани сиёсати давлатӣ дар бахши ҳуқуқу озодӣ ва манфиатҳои қонунии инсон, иштирок дар татбиқи он, аз ҷониби мақомоту созмонҳои давлатӣ, аз ҷумла, мақомоти ҳифзу назорати ҳуқуқ риоя кардан ба қонунгузорӣ дар ин росто пешбинӣ шудааст. Ҳамчунин, пешбинӣ шудааст, ки ҳифзи ҳуқуқу озодӣ ва манфиатҳои қонунии инсон, аз ҷумла, вайрон шудани онҳо тавассути дида баромадани муроҷиатҳо таъмин карда шавад.
Барилова дар он вазифаҳои устувор оиди якҷо бо намояндагони мақомоти давлатии ваколатдор, шахсони мансабдор ва созмонҳои ғайридавлатӣ санҷидани шикоятҳо оиди қонуншиканӣ дар бахши ҳуқуқу озодӣ ва манфиатҳои шахсии инсон, дар байни аҳолӣ таъмини ҳуқуқу озодӣ ва манфиатҳои қонунии инсон ва тарғиби меъёрҳои қонунгузории байналхалқию миллӣ дар ин росто, ҳамчунин,  кумак ба афзудани маданият ва шуури ҳуқуқии аҳолӣ, роҳандозии ҳамкориҳои байналхалқӣ пешбинӣ шудаанд.
Тибқи фармони мазкур вазифаҳои асосии ходимони минтақавии Омбудсман, ки дар маҳалҳо ба таври доимӣ кор мекунанд, муайян карда шуд. Дар «Харитаи роҳ»-и Стратегияи рушди Ӯзбекистони Нав барои солҳои 2022-2026 ва татбиқи он дар соли 2022 тавассути баланд бардоштани қадри инсон ва рушди минбаъдаи ҷамъияти шаҳрвандии озод барпо кардани давлати халқпарвар, дар мамлакат ба шарти асосии тараққиёт табдил додани тамоюлҳои адолат ва волоияти қонун аз вазифаҳои устувор маҳсуб меёбанд.
Тавре ки Президент Шавкат Мирзиёев таъкид намудааст: «Мақсади Стратегияи Ӯзбекистони Нав аз он иборат аст, ки кишвари мо бояд аз қатори давлатҳои демократие ҷой гирад, ки дар онҳо инсонҳои хушбахту баркамол фаровон умр ба сар мебаранд, тамоюлҳои адолати иҷтимоӣ роҳандозӣ шудааст, барқарор ривоҷ меёбанд, сармояи инсон дар сатҳи баланд қарор дорад».
Нақши институти Омбудсман бобати дар мамлакатамон ба шарти асосӣ ва заруртарини рушд табдил додани тамоюлҳои адолат ва волоияти қонун басо муҳим аст.

Абира ҲУСЕЙНОВА,
омбудсмани Олий Маҷлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон бино ба ҳуқуқи инсон дар минтақаи Бухоро.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: