КИШВАРЕ, КИ ДАР ОН МАДАНИЯТИ ИСЛОМӢ РИВОҶ ЁФТААСТ

Дар Қасри эҷодиёти ҷавонони пойтахт дар ҳамкорӣ бо Академияи бадеии Ӯзбекистон, Ассотсиатсияи «Ҳунарманд», Кумитаи давлатии Ҷумҳурии Ӯзбекистон оид ба рушди сайёҳӣ ва як қатор созмонҳои дигар таҳти мавзӯи «Кишваре, ки маданияти исломӣ ривоҷ ёфтааст» намоиши корҳои эҷодии устоёни машҳури санъати тасвирӣ ва халқиву амалӣ ташкил карда шуд.

Намоишгоҳи мазкур ба васеъ тарғиб намудан, нигоҳ доштани намунаҳои беҳтарини асарҳои санъати халқиву амалӣ ва тасвирӣ, инчунин бо корҳо ва эҷодиёти устоён, ки дар мамлакатамон фаъолият нишон медиҳанд, шинос намудани ҷавонон нигаронда шудааст.
Дар маросими кушоиши намоишгоҳ дар бораи самарабахшии таъсири дини ислом, ки ба накӯкорӣ, сулҳ, ризоият, маърифат нигаронда шудааст, оиди маданияту санъати халқӣ, ғояҳои неке, ки дар  мероси моддиву маънавии гузаштагонамон ва асарҳои онҳо  инъикос ёфтаанд, маълумоти муфассал дода шуданд.
Баробари истиқлолиятро ба даст овардан барои омӯхтани ҳаёт ва мероси илмиву маърифатии олимони бузургу мутафаккирон ва то ба ҷомеаи васеъ расондани онҳо имконият фароҳам оварда шуд.
Дар экспозитсия эътибори ҳозирон ба намунаҳои ҳунармандии халқӣ, асарҳои санъати тасвирӣ нигаронда шуданд.

Н.УСМОНОВА, 
мухбири ӮзА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: