Кишвари мо, ки аз қадим бо инсонпарварии худ машҳур аст, Наврӯзро ҷашн мегирад

  • Кишвари мо, ки аз қадим бо инсонпарварии худ машҳур аст, Наврӯзро ҷашн мегирад
  • Кишвари мо, ки аз қадим бо инсонпарварии худ машҳур аст, Наврӯзро ҷашн мегирад
  • Кишвари мо, ки аз қадим бо инсонпарварии худ машҳур аст, Наврӯзро ҷашн мегирад
  • Кишвари мо, ки аз қадим бо инсонпарварии худ машҳур аст, Наврӯзро ҷашн мегирад
  • Кишвари мо, ки аз қадим бо инсонпарварии худ машҳур аст, Наврӯзро ҷашн мегирад
  • Кишвари мо, ки аз қадим бо инсонпарварии худ машҳур аст, Наврӯзро ҷашн мегирад
  • Кишвари мо, ки аз қадим бо инсонпарварии худ машҳур аст, Наврӯзро ҷашн мегирад
  • Кишвари мо, ки аз қадим бо инсонпарварии худ машҳур аст, Наврӯзро ҷашн мегирад

21 март дар боғи "Янги Ӯзбекистон" тантанаҳои ҷашнӣ бахшида ба Наврӯз баргузор гардиданд.

Дар ҳудуди боғ фазои идона ба вуҷуд омадааст. Манзараҳо вобаста ба анъанаҳои Наврӯз ташкил дода шуда, намоиши марказҳои милливу маданӣ ба вуқӯъ пайвастанд.

Аз чорабиниҳои идона  Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев дидан намуд.

Роҳбари давлат халқи мамлакатамонро самимона табрик кард.

– Имрӯз дар саросари мамлакатамон, дар водиву воҳаҳо, шаҳру деҳот, боғу хиёбонҳо бо тантанаи калон сайрҳои халқӣ ба амал меоянд, сайрҳое, ки ба Наврӯз бахшида шудаанд. Дар ин лаҳзаҳои нафис, вақте ки шодмонӣ дар қалбҳоямон лабрез мегардад, тамоми ҳамватанонро аз хурд то бузург табрик намуда, бароятон эҳтироми амиқ ва беҳтарин таманноҳоямро иброз менамоям, – гуфт Шавкат Мирзиёев.

Наврӯз – оғози соли нав бинобар тақвими шарқӣ мебошад, идест, ки дар он табиат бедору таҷдид мегардад. Ба фалсафа ва арзишҳои ин ҷашн ғояи Ӯзбекистони Нав ҳамоҳанг мебошад, ки бинобар он дар мамлакатамон корҳои доманфарох дар бобати олӣ қадр намудани шараф ва арзиши инсон, таъмини ҳуқуқ ва манфиатҳои ҳар як кас, ба вуҷуд овардани шароити муносиб барои аҳли тамоми шаҳру ноҳияҳо ба амал меоянд. Иқтисодиёт ва соҳаи иҷтимоӣ аз ҳар ҷиҳат  инкишоф ёфта, ба илм, таълим, тандурустӣ, маданият ва варзиш эътибори калон дода мешавад.

– Барои он ки ҳаёти мардуми Ӯзбекистонро аз ҳар ҷиҳат муносиб гардонем ба мо таҷриба, хирад ва дуои собиқадорони муҳтарамамон, падарон ва модарони соҳибэҳтиромамон, ки аз таҷрибаашон мо неру мегирем, мадад мерасонад. Меҳнати шуҷоатноки мардумамон, роҳи ислоҳотро дастгирӣ намуданашон бароямон дар бобати ба дараҷаи нав ва боз ҳам баландтар бардоштани рушди миллӣ такягоҳ мегарданд, – таъкид кард Президент.

Роҳбари давлатамон ба ҳар як ҳамватанамон барои меҳнати муносибаш ба хотири мамлакат миннатдорӣ изҳор намуд. Боварӣ изҳор гардид, ки дар рӯйдоди моҳи оянда, ки аз нигоҳи сиёсӣ муҳим мебошад, шаҳрвандон маданияти баланди сиёсӣ зоҳир менамоянд.

Инчунин, муваффақияти деҳқону фермерон, варзишгарон ва ҷавонони мамлакатамон зикр гардид.

Таъкид шуд, ки корҳои неке, ки ба анъанаҳои шарафноки халқамон асос меёбанд, нафақат зимни Наврӯз, балки ҳамеша, ҳар рӯз бояд ба вуқӯъ пайвандад.

– Имрӯз мо дар Ӯзбекистон давлати иҷтимоӣ ва воқеан халқиро ба вуҷуд меорем, ки некӣ ва шафқат, меҳрубонӣ, эҳтироми ҳамдигар ва мусолиҳа меъёри ҳаёт мегарданд. Мо бояд ба он муваффақ гардем, ки ҳар як кас дар мамлакатамон, ки аз қадим бо арзишҳо ва инсонпарварии маънавияш маъруф аст, воқеан ғамхории халқ ва давлатро эҳсос намояд, – гуфт Шавкат Мирзиёев.

Президент мусулмонони мамлакатамон, тамоми уммати исломи ҷаҳонро бо фаро расидани моҳи Рамазон табрик кард.

Роҳбари давлат сафирони давлатҳои  хориҷӣ, намояндагони ташкилотҳои байналхалқиро самимона истиқбол намуда, ба мамлакат ва халқҳои онҳо орзуҳои нек баён кард.

Ҷашн бо консерти калони идона идома ёфт. Баромади дастаҳои фолклориву этнографӣ ва ҳунарпешагон, бозиҳои миллӣ ва аския ба ҳамагон кайфияти хуш эҳдо намуд.

Дар чорабинӣ намояндагони ташкилотҳои давлатӣ ва ҷамъиятӣ, аъзои парлумон ва ҳукумат, меҳмонон аз минтақаҳои мухталифи мамлакат, вакилони ҳайатҳои дипломатие, ки дар мамлакатамон фаъолият доранд, иштирок доштанд.

Пас аз тантанаҳо Президент Шавкат Мирзиёев аз намоиши марказҳои миллӣ-маданӣ ва ҳунармандии халқӣ дидан намуд. Бо боздидкунандагони боғ суҳбат карда, онҳоро бо ҷашн табрик намуд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: