КИТОБ – БЕҲТАРИН ДӮСТ

Дар бораи китобу китобхонӣ, мутолиа ва қироати он ҳар қадаре гӯему нависем, кам аст.

 Зеро тӯли садсолаҳо ин ганҷинаи ноёб, ки аз ҷониби инсоният офарида мешавад, дар баланд бардоштани дониш, маънавияту маданият, ҷаҳонбинӣ, фикрронӣ, суханофарии одамизод саҳми бузург мегузорад. Воқеан китоб бобати афзудани дониш, ҷаҳонбинӣ ва мустаҳкам сохтани шууру мафкураи инсон нақши муҳим мебозад. Бо мурури вақт одамон ба ин ҳақиқати талх бо нигоҳи нав назар карда, бовар мекунанд, ки маҳз китоб вусъатдиҳандаи донишу ҷаҳонбинии инсоният аст. Он дар ҳама давру замон барои инсон пайи мақсадҳои нек хидмат кардааст ва мекунад. Дониш, ки дар дил ҳамчун чароғи ботинӣ шинохта шудааст, дар натиҷаи бештар ва такрору ба такрор мутолиа кардани китоб зиёд мешавад, дар ҳама ҳолат барои инсон ҷавшани ноёб мегардад. 
Ростӣ, чандест, ки ин суол маро ором намегузорад... Ҳарчанд дар ин бора бисёр гуфтаанд. Чаро китоб намехонем?... Албатта, ба ин суол касе ҷавоб гуфта метавонад, ки китоб хондаасту мехонад. Борҳо мушоҳида кардаам, ки имрӯз бисёри одамон, аз ҷумла ҷавонон ба китобхонӣ на он қадар майл доранд. Мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки дар ҷомеа касоне ҳастанд, ки пас аз хатми мактаб қариб 15-20 сол ва аз ин ҳам зиёдтар ба даст китоб нагирифтаанд. Дар ҳадис омадааст, «Аз гаҳвора то қабр илм омӯз». Маълум мешавад, ки мо бояд то дами марг илм омӯзем, зеро илм фонусест, ки дар шаби тор роҳро равшан месозаду дар зиндагӣ ҳидоятгари мост. Ва албатта афзудани илм бо зиёд хондани китоб ба даст меояд. Воқеан, дар васфи китоб ва бузургии он дар адабиёти мо шоирону нависандагони зиёд шеър, панду андарз ва ҳикматҳои олӣ гуфтаанд. Баъзеи ин ҳикматҳо бо вуҷуди сипарӣ гардидани солиёни зиёд, аҳамияти худро гум накардаанд. 
Аниси кунҷи танҳоӣ 
китоб аст,
Фурӯғи субҳи доноӣ 
китоб аст,
– мегӯяд Абдураҳмони Ҷомӣ. Воқеан, китоб дар лаҳзаҳои танҳоӣ метавонад анис, яъне дӯст, мусоҳиб, ҳамдаму ғамхор бошад, яъне вусъатдиҳандаи донишу ҷаҳонбинӣ гардад. 
Имрӯз дар мамлакатамон аз ҷониби Президент ва ҳукумати кишвар ба мутолиаи китоб эътибори махсус дода мешавад. Фармоиши Президенти кишвар Шавкат Мирзиёев «Дар бораи созмон додани комиссия доир ба рушди низоми нашр ва паҳн кардани маҳсулоти китоб, баланд бардоштан ва тарғиб намудани маданияти мутолиа» аз 12 январи соли 2017, дар баробари қарору фармонҳои дигари сарвари давлат дар байни халқ хеле хуб қабул гардид. Бо дарназардошти ин Қарори Президенти кишвар «Дар бораи барномаи маҷмӯи чораҳо доир ба рушди низоми нашр ва паҳн кардани маҳсулоти китоб, баланд бардоштани маданияти мутолиа» аз 13 сентябри соли 2017 қабул шуд, ки дар самарабахшӣ ва ташаккул додани корҳои нашр ва паҳн кардани маҳсулоти китоб, баланд бардоштани маданияти мутолиа дар байни аҳолӣ, тарғибу ташвиқи китобхонӣ ва ғайра дастуруламали муҳим гардид.
Дар ин бобат аз ҷониби нашриёту матбаа, вазорату идораҳои дахлдор бобати инкишоф ва вусъат додани нашри китоб, тарғибу ташвиқ ва паҳн кардани он, баланд бардоштани маданияти мутолиа ва ғайра корҳои васеъмиқёс амалӣ мешаванд. Дар баробари адабиёти калонсолон ба рушди адабиёти бачагона низ эътибори алоҳида дода мешавад. Бо дарназардошти чоп гардидани китобҳои шоирону адибони ҷумҳурӣ, асарҳои адибони машҳури ҷаҳон бо забони давлатӣ ва забонҳои ғайр тарҷума ва мавриди чоп қарор мегиранд. 
Эътибори алоҳидае, ки имрӯз аз ҷониби Сарвари давлат бобати китобу китобхонӣ ва маданияти мутолиа дода мешавад, ба кас рӯҳи дучанд мебахшад. Президенти кишвар Шавкат Мирзиёев дар яке аз баромадҳои худ қайд карда буд: «Баланд бардоштани маданияти китобхонӣ муҳимтарин кафолати ба мақсадҳои бузург расидани мост». 
– Дар ҳама давру замон инсоният ба китоб эҳтиёҷ дошт ва хоҳад дошт. Маҳз китоб моро соҳиби маънавияти ҳақиқӣ карда метавонад. Ҳангоми пайваста мутолиа кардани китобҳо, хусусан китобҳои бадеӣ шахс ҳаётро меомӯзад, роҳи худро дар зиндагӣ пайдо мекунад. Соҳиби ҷаҳонбинӣ, фикру андеша ва назари мустақил мегардад. Имрӯзҳо, ки илм босуръат пеш меравад ва ихтироъ, кашфиётҳои бузург баҳри манфиати инсон ба даст омада истода бошад ҳам, ниёз ба китобу китобхонӣ эҳсос карда мешавад. Боиси ифтихор ва дастгирист, ки Президенти кишварамон ба масъалаи китоб ва китобхонӣ диққати махсус медиҳад, – мегӯяд омӯзгори забон ва адабиёти тоҷики мактаби рақами 9-уми ноҳияи Бӯка Сулаймонбек Содиқов. – Ба фикрам аз ин эътибор, тамоми омӯзгорон хурсанд гаштанд. Воқеан, шахсе, ки пайваста китоб мехонад, ӯ қодир аст, ба ақлу дониши худ такя намуда, сафедро аз сиёҳ фарқ кунад. Маҳз китоб дар ниҳоди шахс қудратеро ҳосил месозад, ки ин қудрат ғояҳои ботилро дур сохта, шахсро ба бунёдкориву созандагӣ масъул мегардонад. Зеро, ин қудрату нерӯи китоб аст. Китоб баҳри мо ганҷест ва хондану фаҳмидани мазмуни он мӯъҷизаест, ки Худованд ба мо ато намудааст. 
Мавриди зикр аст, ки имрӯз бо кӯшишу заҳмат, таблиғу ташвиқи омӯзгорон ва ходимони масъули таълими халқ китобу китобхонӣ ва маданияти мутолиа дар байни хонандагон, наврасону ҷавонон рушд меёбад. Шиносоӣ ва ҷаҳонбинии онҳо ба китобдорӣ, адабиётҳои дарсӣ, назмиву насрӣ, чопи китобҳои тозанашр ва ғайра меафзояд.    
Боиси хурсандист, ки имрӯз дар мамлакатамон корҳои тарғиботиву ташвиқотӣ доири рушди маданияти мутолиа, китобу китобхонӣ ва нашру паҳн кардани маҳсулоти китоб ба таври ҳамешагӣ роҳандозӣ мегарданд. Озмуну чорабиниҳои маданиву маърифатӣ, адабию фарҳангӣ баргузор мегарданд. Дар байни ҷомеа корҳои таблиғотии «Китоб – беҳтарин туҳфа», «Бо ҳам китоб бихонем», «Китобхони ҷавон» ва ғайра хеле хуб истиқбол мешаванд.   
Дар ҳамин маврид бояд гуфт, китоб чароғест, ки роҳи ҳар инсонро нурафшон мекунад. Беҳтарин дӯст, сарват, ганҷ, махзани маърифати ҳар як шахс аст.

Меҳровари ҚОДИР,
хабарнигори 
«Овози тоҷик».

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: