Акси садо
Аз айёми мактабхонӣ ба китоб ва рӯзномахонӣ алалхусус, ба китобҳои бадеӣ ва рӯзномаи «Овози тоҷик» меҳри хосса дорам. Ҳар як шумораи рӯзномаи «Овози тоҷик»-ро бо шавқ мутолиа менамоям. Барои маънан муқтадир гаштан китобу рӯзнома чун пару бол хизмат менамояд. Барои парвози маънавии мо кумак мерасонанд. Агар ин қанотҳо, чӣ қадар мустаҳкам бошанд, майдони маънавии мо низ васеътар мегардад, имкониятҳои зиёде баҳри забти қуллаҳои нави илм пайдо мегардад.
Дар шумораи навбатии «Овози тоҷик», ки 3-юми августи соли ҷорӣ (№62) нашр шуда буд, мақолаи Сулаймон Содиқро, ки «Китобро китобхон бояд...» ном дошт, хондам. Муаллиф ҳақ аст. Кайҳо боз ман низ мехостам ин таклифро пешниҳод намоям. Ман ҳаёти худро бидуни китобу рӯзнома тасаввур карда наметавонам.
Аксари ҷавонони имрӯза вақти худро бо телефон беҳуда мегузаронанд. Ҷавононе, ки намехонанд, одобу рафтори хубро соҳиб нестанд. Сухани бамаъние гуфта наметавонанд. Ин, албатта, хуб нест. Ин рафтору кирдори онҳо шахсро дилгир месозад.
Ба ин гуна ҷавонон раҳмам меояд. Аз ин рӯ, мо бояд роҳеро ёбем, ки ҷавонон майли хондан пайдо кунанд. Бо кадом василае набошад, онҳоро маҷбур намудан лозим. Ба ин кор раиси маҳалла, раиси занон ва дигарон бояд сафарбар карда шаванд. Пеш аз издивоҷ тавсияи китобҳо ва саволу ҷавоб намудан ба фикрам иқдоми хубест. Бо ин баҳона ҷавонон китобхон мешаванд. Дар сурати нахондан ва ба саволҳо посух надодан мӯҳлати издивоҷ ба қафо дароз шудан гирад. Дигар чора нест. Дар ин сурат волидони ҷавонон низ маҷбур мешаванд, ки фарзандонро ба китобхонӣ даъват кунанд.
Беҳуда сарвари давлатамон Шавкат Мирзиёев нагуфтаанд, ки: «Агар иқтисодиёт дар ҳаёти ҷамъияти мо мавқеи баданро бозад, пас китоб, яъне маънавият ҷону рӯҳи ҷамъияти мост».
Пас ҷавононро ба хониш даъват намудан вазифаи ҳар яки мост.
Мирзоумар САФАРЗОДА,
коргар, сокини деҳаи Валиғунди маҳаллаи Навободи ноҳияи Бӯкаи вилояти Тошканд.