Дар байни мактабиёни Ҷопон оиди бузургтарин кашфиёти инсон дар таърих пурсиш гузаронда шуд.
Дар байни мактабиёни Ҷопон оиди бузургтарин кашфиёти инсон дар таърих пурсиш гузаронда шуд. Хонандагон ҷавобҳоеро мисли оташ, муҳаррик, бомбаи атомӣ ва ғайра пешниҳод намуданд. Аъзои комиссия ҷавоби хонандаи синфи шашро, ки «Китоб – кашфиёти бузургтарин буд», бо як овоз пазируфтанд.
«Пешниҳодҳои дигарон низ дуруст аст, аммо агар китоб намебуд, ягонтои онҳо кашф намешуданд», гуфт дар идомаи суханаш хонанда.
Воқеан, китоб кашфиёти беназир аст. Асре, ки ҳоло мо умр ба сар мебарем, баробари асри техника ва технология будан, асри пуртаҳлукаи иҷтимоиву сиёсӣ ва пур аз офатҳои табиӣ низ мебошад, ки ин ба донишмандиву нодонии инсон вобаста аст.
Касе, ки аз хурдсолӣ дар муҳити солим, дар дил меҳри китоб ба воя мерасад, меҳрубону хайрхоҳ хоҳад шуд. Аз ӯ ҷамъият танҳо нафъ мебинад. Дар торикиҳои зиндагӣ инсонҳои бомаърифат чароғи зиндагиянд.
Агар падару бобоёнамон пайи дарёфти китоб мушкилӣ кашида бошанд, ҳоло пайдо кардани китоби хуб корест мушкил. Имрӯз дар китобхонаҳо аз бисёрию рангорангии китоб саратон давр мезанад. Дар дӯконҳо китобҳое ҳастанд калонҳаҷму хурдҳаҷм. Аммо интихоби китоби хуб осон нест.
Аз як шиносам, ки китобдори коллеҷ аст, пурсидам: Ҷавонон чӣ гуна китобҳоро мутолиа менамоянд? Гуфт, ки хонандагон асарҳои детективӣ, қисса ва ҳикояҳоеро, ки ҳаёти имрӯзаро инъикос намудаанд, талабгоранд.
Чунин китобҳо ба ман филмҳои бадеии аз ҷиҳати мазмуну моҳият дар як қолаб офаридашударо ёдрас мекунанд: вақти тамошо диққат мекунед, дере нагузашта фаромӯш мешаванд. Мисли ҳамин дар мутолиаи баъзе китобҳо низ вақти хонанда беҳуда сарф мешавад.
Ба хонандагони ҷавоне, ки акнун ба мутолиа шурӯъ кардаанд, бояд калонсолон, хусусан падару модарон, сару бар шаванд. Тавре ки Нависандаи халқии Ӯзбекистон Ӯткир Ҳошимов гуфтааст, «Асаре бошад, ки бо гузашти солҳо хонанда онро аз нав бо ҳаяҷони зиёд ба даст гирад».
Ба фикрам, бо кадом забон офарида шудани асари бадеӣ аҳамияти аввалдараҷа надорад. Муҳим он аст, ки он ба хонанда ғизои маънавӣ бахшад, ҷаҳонбинии ӯро васеъ гардонад.
Асарҳои Садриддин Айнӣ, Сотим Улуғзода, Ойбек, Абдулло Қаҳҳор, Жюл Верн, Виктор Гюго, Мопассан, Робиндранат Тагор, Чехов, Расул Ҳамзатов..., ки хазинаи адабиёти ҷаҳонро ғанӣ гардонидаанд, осори хонданиянд.
Дар ташаккули нутқи хонанда мутолиа ҷойгоҳи хосса дорад. Дар вақти мутолиа бояд қаламу дафтари қайд омода бошад. Қайди санаҳои муҳим, сатрҳои пурҳикмату пурмаъно барои китобхони ҷавон фоидабахш аст.
Масалан, хонанда вақти мутолиаи романи «Фирдавсӣ»-и Сотим Улуғзода маълумотро оиди ҳаёти Фирдавсии бузург, таърихи навишта шудани «Шоҳнома», ҳаёти иҷтимоиву сиёсии даврони сомониёну ғазнавиён ба даст меорад, ки ин ҳам аз фанни адабиёт ва ҳам аз фанни таърих дониши ӯро мустаҳкам менамояд.
Яке аз дастовардҳои асари мазкур дар он аст, ки муаллиф аз андарзҳои халқӣ, панду насиҳати ниёгон бештар истифода бурдааст. Мисол: «Ҳар кӣ ба кони намак афтод, намак шуд», «Ҳар гоҳ ки кина роҳбари ақл шуд, ҳосилаш ба ҷуз дасисаву иҳонат нахоҳад буд», «Дузди манора аввал бояд чоҳ биканад», «Маёзор мӯре, ки донакаш аст, ки ҷон дораду ҷон ба ҳар кас хуш аст», «Ҷангҳои бедод кори шоҳони бехирад аст. Хирад бародари дод аст, ҳар ду бо ҳам тавъаманд, ҷое, ки хирад нест, дод нест», «... ҷаҳон чунин аст, ба душманат қудрати муқобилат кардан надорӣ, ночор бояд бо вай мадоро кунӣ», «Зафар вобаста на ба шумораи лашкар, балки ба ҳушёрӣ, мудаббирӣ, кордонии сипаҳбуд аст», «Ҳар як марди боҳунарро сад ҳасуди беҳунар дар қафост», «Дар чашми бадгумон ҳар ночиз ҳам чиз аст»...
Чунин суханҳои ҳикматнок ва амалиёти образҳои бадеӣ доираи дониш, тафаккур ва ҷаҳонбинии китобхонро васеъ мекунанд.
Набия НОДИРОВА.