КИТОБ ДОРОИ ҚУВВАИ ЗИЁД АСТ

Дар китобхонаи миллии Ӯзбекистон маросими кушодашавии «Ҳафтаи XI ахбору китобхона INFOLIB-2022» баргузор шуд.

Дар мамлакатамон пас аз ба имзо расидани қарору фармонҳои роҳбари давлат дар бораи китоб ва мутолиаи он муносибат ба китоб ва китобхонӣ тамоман тағйир ёфт.
Бешубҳа, чунин ҳолат шахсеро, ки ба ояндаи мамлакату ҷамъият боэътибор аст, хушҳол мегардонад. Чунки аксарият ҳоло дарк намудаанд, ки рушду нумӯъи кишвар, гузашта аз ин, ояндаи модар-заминро аз табаддулотҳои сиёсие, ки имрӯз моро ба ташвиш гузоштааст, танҳо маърифатнокӣ раҳо медиҳад.
Мақсад аз баргузор намудани форуми китобхонон васеъ гардондани сафи китобхонони ҷавон, шиносоӣ бо нашри китобҳои нав ва дастоварду навовариҳои соҳа мебошад. 
– Ҳар вақте ки ба ин китобхона меоям, бисёр будани китобхононро дида, шод мегардам, ки дар байни онҳо аз мактабхонон то куҳансолони пурдида низ ҳастанд, – гуфт ректори Донишкадаи давлатии санъат ва маданияти Ӯзбекистон Иброҳим Йӯлдошев. – Гузаштагони мо ба китоб ва китобдорон эҳтироми зиёд доштанд. Масалан, яке аз темуриён, асосгузори илми нуҷум Мирзо Улуғбекро вақте маҷбур кардаанд, ки тарки Ватан кунад, ӯ бо худ фақат китобҳояшро гирифтаасту халос...
Фикр мекунам, ки агар инсон чӣ қадар сермутолиа бошад, болои худ бештар кор кунад, то ҳамон андоза ба камолот мерасад. Китобдорӣ касби пуршараф аст, чунки ӯ тарғибгари илму маърифат мебошад. Шояд аз ин сабаб бошад, довталабон бештар факултаи фаъолияти китобхонаву ахбори донишкадаи моро интихоб мекунанд.
Роҳбари Маркази маънавият ва маърифати ҷумҳурӣ Минҳоҷиддин Ҳоҷиматов аз эҷодиёти эшон – шеъре бо номи «Модарон китоб хонед»-ро қироат кард ва ба маънои шеър тақвият бахшида гуфт, ки ҳоло замон аз ҳар як модар китобхониро тақозо менамояд. Ӯ бо маърифатдӯстии худ барои фарзандон намунаи ибрат гардад. Модар хоҳ хонанишин бошад, хоҳ соҳиби мартабаи баланд, бояд илмдӯст бошад. Танҳо зани соҳибмаърифат аз ӯҳдаи тарбияи фарзандони оқилу донову тавоно мебарояд. Китоб дорои қувваи зиёд мебошад. Ӯ метавонад тақдири инсон, ояндаи ҷамъиятро тағйир диҳад...
Аз тарафи кормандони китобхона барномаи ҳафтаина пурра коркард шудааст, ки ҳар як рӯзу дақиқаҳои он самарабахш тақсим шудааст. Рӯзи аввалин рӯзи вохӯриҳо, рӯзи дуюм, рӯзи маҳорати касбӣ, рӯзи сеюм рӯзи илму фан, баъд рӯзи китобхонон, ҳамоҳангии таърих, маданият ва санъат номбар шудааст.
Меҳмонон ва китобхонон дар давоми ҳафта дар вохӯриҳо бо шоиру нависандагон, бо муаррифии китобҳои тозанашр, семинар-тренинг ва дарсҳои маҳорат, суҳбатҳои мизи мудаввар, озмун ва бозиҳои интеллектуалӣ иштирок менамоянд.
Ғайр аз ин, намоишҳои саҳнавии «Бо садоқат...», «Чиполлино» ва шаби ёдбуди шоири шаҳидгардида Усмон Носир ва спектакл бо номи ӯ ба намоиш гузошта мешавад.

Набия НОДИРОВА,
хабарнигори «Овози тоҷик».  
 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: