Духтари хурдсол будам.
Ҷевони падари омӯзгорам пури китоб буд. Дар хона ба корҳои модарам ёрӣ мерасондам. Модарам, ки китобхониро дӯст медошт, ҳар замон мефармуд, ки чанги ҷевон ва китобҳои падарамро тоза кунам. Аз чӣ бошад, ки ин супориши ӯ ба ман хуш меомад. Ҳангоми пок кардани китобҳо ба расмҳои онҳо дуру дароз зеҳн мемондам, дар варақи аввали китобҳо сурати шоиру нависандагон ба назар мерасид. Ба таъсири он ки падарам номашонро бо ҳурмату эҳтиром ба забон мегирифт, онҳо ба назари мо ва атрофиён инсонҳои донишманд ва бузург менамуданд. Масалан, падарам ҳангоми ба забон гирифтани номи Рӯдакӣ, Саъдӣ, Ҳофиз, Садриддин Айнӣ, Мирзо Турсунзода, албатта калимаи «устод»-ро илова мекард. Шояд тарбияи падару модар буд, ё таъсири муҳит ба китобхонӣ мо низ унс гирифтем. Он солҳо китобхонаи мактаб низ пури китоб буд. Падарам, омӯзгорон, зиёиён ва хонандагони деҳа ба номгӯйи зиёди рӯзномаву маҷаллаҳо обуна мешуданд, нархашон дастрас буд. Масалан, нархи як нусха рӯзномаи «Овози тоҷик» (он вақт «Ҳақиқати Ӯзбекистон» ном дошт) 2 тин буд. Мардум обуна мешуд. Дар оила танҳо падарам кор мекард, бо вуҷуди ин дар баробари рӯзномаву маҷаллаҳои ноҳиявию вилоятӣ ба маҷаллаву рӯзномаҳои «Садои Шарқ», «Маориф ва маданият», «Занони Тоҷикистон» ва ғайра обуна мешуд. Рӯзномаҳо аз роҳи дур бошад ҳам, дар вақташ омада мерасид. Хидмати почта хуб ба роҳ монда шуда буд. Ба назар чунин мерасид, ки аҳолӣ он солҳо аз пушти ризқу рӯзӣ ва таъмини зиндагӣ камтар медавиданд, барои хондани китобу рӯзнома ва маҷаллаҳои гуногун вақт ёфта метавонистанд. Таълиму тарбия ҳамин хел ба роҳ монда шуда буд, ки хонандагони пешқадам дар хондани китоб байни ҳам мусобиқа мекарданд. Вақте ки калонсолтар шудам, бо ташвиқи падару модарам ба хондани китобҳои бадеӣ рӯ овардам. Повестҳои «Одина», «Ятим», «Қаҳрамони халқи тоҷик Темурмалик»-и устод Садриддин Айнӣ, повесту романҳои «Субҳи ҷавонии мо», «Калтакдорони сурх», «Восеъ»-и устод Сотим Улуғзода, роману повестҳои «Духтари оташ», «Дувоздаҳ дарвозаи Бухоро», «Тори анкабуд»-и устод Ҷалол Икромӣ, роман ва қиссаву ҳикояҳои Раҳим Ҷалил, Пӯлод Толис, шеъру достонҳои устодони назм Абулқосим Лоҳутӣ, Мирзо Турсунзода, Мирсаид Миршакар ва «Афсонаҳои халқи тоҷик» аз даст ба дасти хонандагон мегашт, шеъразёдкунӣ ва байтбарак низ аз машғулоти дӯстдоштаи мактабиён буд. Дар донишкада ба олами китоб бештар фурӯ рафтем. Аз стипендия пасандоз карда аз «Тоҷиккитоб»-и шаҳри Самарқанд китобҳои шоиру нависандагонро мехаридем. Китоб дар дилу дидаи инсон як умр нақш мебандад, аммо маводи интернет имрӯз ҳасту пагоҳ нест. Ҳоло давру замон дигар шудааст. Асри XXI ба зиндагиамон бошиддат дохил мешавад. Солҳои охир компутерҳои замонавӣ, интернет ва дигар воситаҳо ҷойи китобҳои бадеиро танг кардаанд. Базеъҳо ба ғори интернет – шабакаҳои иҷтимоӣ дароянд, рӯз бегоҳ шуданашро намедонанд, гоҳо хӯрок хӯрдан ҳам аз ёдашон мебарояд. Пагоҳиҳо ҳангоми бо автобус, метро ва дигар нақлиёти умумӣ ба кор рафта омадан мебинед, ки ҷавонон ба олами телефонҳои дастии замонавӣ фурӯ рафтаанд. Фикр мекунед, ки онҳо оё аз дунёи ахбори гуногун, андаке бошад ҳам, ғизои маънавӣ мегирифта бошанд? Дилатон ба онҳо месӯзад, чӣ қадар вақти қиматашон беҳуда мегузарад, тарбияашон вайрон мешавад, майнаашон заҳролуд мегардад, орзу мекунед, ки кош дар дасти онҳо ба ҷойи телефон китоб, рӯзнома ё маҷалла мешуд.
Солҳои ҷавонии мо пиру ҷавон дар автобус ё боғҳои истироҳат китоб мехонданд. Ба фикрам, компутер, интернет ва дигар воситаҳои электронӣ фоида ҳам доранд, фақат аз онҳо бояд бо меъёр истифода кард. Масалан, китобҳои электронӣ, бохабаршавӣ аз рӯйдодҳои ҳақиқии ҷаҳон чӣ зарар доранд?...
Худо раҳмат карда бошад, бо вуҷуди он ки падарам омӯзишгоҳи педагогии Самарқанд ва Донишгоҳи давлатии Ҳуҷандро хатм намуда, баъди чанд вақт омӯзгорӣ кардан, директори мактаби деҳа буд, фориғ аз кору бор ва шабҳои дарози зимистон китоб мехонд, ба фикри ӯ мутолиаи китоб ба кору фаъолияти педагогиаш ёрӣ медод. Дар ноҳияи Нурато яке аз машъалони маориф буд. Дар ҳалқаи дӯстон ба ҷевони китобҳояш ишора карда мегуфт: «Ин китобҳо хазинаи дониш, аниси кунҷи танҳоии мананд». Ҳоло чунин ба назар мерасад, ки одамон, махсусан занон ба китобхонӣ вақт намеёбанд, рӯзҳо зуд бегоҳ мешаванд. Бо кору бори рӯзгор, хӯрондану пӯшондани бачаҳо ва майда-чуйдаҳои дигар банданд, бегоҳиҳо бо тамошои сериалҳо вақтро гузаронда, рӯзи дигар бо дугонаҳояшон на кирдору рафтори қаҳрамонони китобҳои хондаашон, балки рафтору кирдори қаҳрамонони сериалҳоро муҳокима менамоянд.
Рӯзе аз як ҳамсояам пурсидам : «Китоби бадеӣ мехонед?» Гуфт, ки вақти китобхонӣ надорад, аз кор вақте ки баргашт, корҳои хонаро ба охир расонда наметавонад.
Гузорам ба хонаи хеши дурам афтид. Медонистам, ки падару модари ӯ инсонҳои маърифатнок буданд. Чашмам ба ҷевони китоб афтид. Варақҳои китоб зард, кандагӣ, ба рӯйи онҳо ҳар хел расму хат кашида буданд.
– Чаро китобҳоро эҳтиёт намекунӣ? – пурсидам аз ӯ.
– Баъди вафоти падару модарам ин китобҳоро ҳеч кас варақ намезанад. Бачаҳо ҳама бо забони ӯзбекию русӣ мехонанд. Ин китобҳоро намефаҳманд, – бепарвоёна ҷавоб дод хешам. Аз ҷавоби ӯ дилам озурда гашт. Се-чор дона китоби саҳифаҳояш бутунро бо худ гирифтам. Ва таъин намудам, ки онҳоро ба омӯзгорон, зиёиён ва аҳли фаҳми маҳаллааш, ки аксарият тоҷиконанд, бурда супорад. Ҳамчунин, ба гурӯҳҳои тоҷикии мактабҳои олӣ ва миёна ин гуна китобҳо чун обу ҳаво заруранд.
Саодат БЕКНАЗАРОВА,
хабарнигори
«Овози тоҷик».