Китоб сарчашмаи ҳамаи донишҳо мебошад.
Китоб сарчашмаи ҳамаи донишҳо мебошад. Китоб инсонро тарбия менамояд ва мо тамоми маводҳою адабиётҳои лозимиро аз ин сарчашмаи бемузду меҳнат мегирем. Толибилмон ва тамоми аҳли башарро ба китобхонӣ ҷалб намудан вазифаи ҳар як омӯзгор мебошад. Чунки китоб чашмаест хушкнашаванда, оби онро чи қадар нӯшӣ ҳамон қадар зиёд шудан мегирад. Китоб инсонҳоро ба тоифа ҷудо намекунад ва китобхонро ба мақсадҳои олии динию дунявиаш мерасонад. Касоне, ки ба китобхонӣ машғул мешаванд, аз сухану ҳодисаҳои бемаънию беҳуда дур мешаванд. Китоб дӯсти беғараз, маслиҳатчӣ ва роҳнишондиҳанда мебошад. Абдураҳмони Ҷомӣ фармудааст:
Беҳтар зи китоб дар ҷаҳон
ёре нест,
Дар ғамкадаи замона
ғамхоре нест.
***
Аниси кунҷи танҳоӣ китоб аст,
Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст.
Баъзе фарзандон ба китоб таваҷҷӯҳи зиёд доранд, баъзеашон шавқи китобхонӣ надоранд. Дар ин ҷо роли омӯзгорон ва падару модарон калон аст. Муаллим бо бачаи иқтидорнок ва сустхон дар алоҳидагӣ кор бояд бурд. Мувофиқи маълумотҳо донишмандони гузаштаи мо Ибни Сино, Форобӣ, Берунӣ, Шайх Саъдӣ, Садриддин Айнӣ, Ҷалол Икромӣ ва дигарон пеш аз шахсиятҳои бузург шудан китобҳои бисёреро хонда будаанд. Ҳамин китобҳо сабаб шуданд, ки номи онҳо дар зарварақҳои таърих навишта шуданд. Агар мо ба тарҷумаи ҳоли бузургон назар афканем, ҳар яки онҳо тавассути мероси гаронбаҳояшон моро ба китобхонӣ даъват мекунанд. Барои мисол, Форобӣ фикрҳои илмии худро барои ҷамъоварӣ кардан пул надошт, ки варақҳое харад ва дар шакли китоб чоп кунад. Ӯ барои аз хотир набаровардан ба танаи дарахтон менавишт. Вақте ки пул ёфт, аз танаи дарахтон он навиштаҳояшро ҷамъоварӣ мекард ва дар шакли китоб (дастхат) аз чоп мебаровард. Ҳоло бошад, барои китоб хондан ва чоп кардани ақидаҳои илмиву адабӣ шароит муҳайё аст. Ба ин нигоҳ накарда сафи китобхонон дар ноҳияи мо хеле кам шуда истодаанд.
Ҳоло фарзандони соҳибистиқлоламон дар мактаби замонавӣ, шинам таҳсил мегиранд ва ин натиҷаи ғамхории давлати мо мебошад. Мо дар илм бояд пешқадам шавем ва худро ба ҷаҳон шинос гардонем. Аз ҳаёти имрӯза барои завқ бурдан таърихи гузаштаамон ба мо роҳ нишон дода истодааст. Беҳуда Устод Рӯдакӣ нагуфтааст:
Ҳеҷ ганҷе нест аз фарҳанг беҳ,
То тавонӣ рӯй бар ин ганҷ неҳ.
Аз ҳамин сабаб бисёр хондан вазифаи мост. Одами бедонишу бетаҷриба ҳеч вақт молу мулкро ба даст намеоварад. Одаме, ки бо сабру бардошт ва ғайрат мехонад, албатта ба мақсади худ мерасад. Мо бояд нағз хонем ва барои насли наврас монанди авлодони бузургамон мероси адабии худро гузорем, ба тараққиёти ватани азизамон Ӯзбекистон ҳиссаи худро гузорем ва барои беҳтар намудани ҳаёти халқамон хизмати беминнатамонро дареғ надорем.
Ҳалимҷон ТОҶИЕВ,
омӯзгори синфҳои ибтидоии мактаби рақами 1-уми ноҳияи Сӯхи вилояти Фарғона.