КИТОБ ДӮСТИ МАН АСТ

Яке аз неъматҳои бузург китоб аст.

Яке аз неъматҳои бузург китоб аст. Ганҷест, ки дар он  маъниҳои  зиндагӣ нуҳуфтааст. Китоб ба инсон ғизои маънавӣ мебахшад. Хазинаест, ки барои боз кардани дарҳои он донистани рамзҳои калидӣ шарт нест, балки баҳри  ворид шудан ба ин ганҷинаи донишу адаб дар дили  донишомӯз танҳо қадре  шавқу ҳавас бошад бас. 
Китобхонӣ имрӯз бояд ба шуғли рӯзмарраи мо – насли наврас табдил ёбад. Мегӯянд, ки инсон ҳанӯз ҳангоми дар батни модар будан бояд аз ин ғизои маънавӣ, ки сарманшааш китоб аст, баҳравар гардад. Китоб дар радифи Модар-Ватан арзандатарин ва муқаддастарин ба шумор меравад. Ҳар як донишомӯз бояд аз нозукиҳои шеър, аз қабили маъно, вазн ва бадеияти он пурсамар истифода барад. Ман ҳам аз хурдӣ китобро дӯсти худ шуморида, аз ҳар як саҳифаи он байту ғазал ва донишҳои ба худ даркориро мегирам. Шеъру ғазалҳои Мирзо Турсунзода, Эраҷ Мирзо, Лоиқ Шералӣ, Ҷонибек Қувноқ ва дигар шоиронро аз худ кардаам. Дар озмуни фанҳо низ ҷойҳои фахриро гирифтаам. Дар чорабиниҳои гуногун гирифтани туҳфаҳо насибам  гашт. Сабабгори ҳамаи ин комёбиҳои ман ба туфайли ошноӣ бо китоб аст.
Дар ҳаққи китоб шоирони зиёд шеърҳо  навиштаанд. Яке аз онҳо Давлат Сафар мебошад, ки ин порча аз  ӯст:
Аз ҳар нафаси кашида 
осоре нест,
Ба ҳарфи диле гӯши 
талабгоре нест.
Инсоф дигар дар сари 
болоре нест,
Вақте ки ба ҷуз вақт 
ситамгоре нест,
Хуштар зи китоб дар 
ҷаҳон ёре нест.
Дар бораи китоб Шекспир чунин гуфта буд: «Барои ман китоб аз тахти подшоҳӣ болотар аст». Ман ҳам ба ин суханон амал намуда, орзу дорам, ки мактабро бо баҳои аъло ба хатм расонида, соҳиби касби дӯстдоштаи худ шавам ва ба халқу Ватани азиз хидмат намоям. Ҳоло, ки дар бари ман дӯсти беҳтаринам – китоб ҳаст, дар оянда албатта ба ин орзуву ниятҳои худ хоҳам расид. Устод Абдураҳмони Ҷомӣ барҳақ фармудаанд:
Аниси кунҷи танҳоӣ 
китоб аст,
Фурӯғи субҳи доноӣ 
китоб аст.
Бувад бемузду миннат 
устоде,
Зи дониш бахшадат ҳар 
дам кушоде.

Чарос ҲАМРОБОЕВА,
хонандаи синфи 9-уми мактаби таҳсилоти ҳамагонии 
рақами 46-уми ноҳияи Фориши вилояти Ҷиззах.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: