КИТОБ — ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ

Гузаштагони донишписанди мо китобро чароғи дониш ва фурӯғи субҳи доноӣ номидаанд, ки аз ин зиёдтар наметавон гуфт.

Воқеан, ҳамаи донишҳое, ки инсон дар сандуқи ёду зеҳнаш ҷамъ меоварад, аз китоб ва суҳбати донишмандон  аст. Сардафтари адабиёти классикии форс - тоҷик Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ дар ситоиши  дониш фармудааст:
Дониш андар дил чароғи равшан аст,
В - аз ҳама бад бар тани ту ҷавшан аст.
Фармоиши сарвари мамлакатамон  доир ба беҳсозии сифати табъу нашр ва тарғиби китобхонӣ дар байни мардум фазои маънавии кишварро дигаргун кард. Эътибор ба китоб, сифати нашр пурзӯр гардид. Дар маркази ноҳияҳо дари китобхонаҳо боз мегарданд, ба китобхонаҳои муассисаҳои таълимӣ китобҳои  тозанашр интиқол дода мешаванд. Низоми таълим дар муассисаҳои таълими ҳамагонӣ низ куллан тағйир ёфт, маоши омӯзгорон зиёд карда шуд. Ин ҳама ба додани дониши амиқ ба насли ҷавон нигаронида шудааст. Хонандагони мактаб бояд асосҳои илмро амиқ аз худ намоянд, зираку доно бошанд. Ҳоло низоми қабул ба муассисаҳои таълими олӣ низ куллан тағйир ёфтааст. Дигар ҳамон хонанда номи донишҷӯро гирифта метавонад, ки дониш дошта бошад.
Ҳоло бино ба ташаббуси дар ҷамъомади видеоселекторӣ бамиёнгузоштаи Президенти мамлакатамон  аз ҷониби роҳбарони дараҷаи гуногун ба мактабҳои таҳсилкардаашон туҳфа кардани китобҳои тозанашри бадеӣ ба анъана табдил меёбад. Чанде қабл дар мактаби рақами 44-уми ноҳияи Бӯстонлиқ (воқеъ дар деҳаи Нанай) аз ҷониби хатмкардагони собиқи таълимгоҳ: роҳбари шуъбаи вилояти тошкандии инспексияи давлатии назорати таълими назди Девони Вазирони Ҷумҳурии Ӯзбекистон Тоҷибой Вакилов, декани факултаи гидромелиоратсияи Донишкадаи муҳандисони ирригатсия ва механиконии кишоварзии Тошканд Алишер Фатҳуллоев ва сармуҳаррири рӯзномаи «Овози тоҷик» Ш. Вакилов маросими китобсупорӣ баргузор шуд. 
Ба чорабинӣ директори мактаби мазкур Абдуғанӣ Абдуманнопов ҳусни ифтитоҳ бахшид. Баромадкунандагон Т. Вакилов, А. Фатҳуллоев, Ш. Вакилов ва омӯзгорони мактаби мазкур доир ба китоб ва аҳамияти китобхонӣ сухан  ба миён оварданд. Шеърҳои узви Иттиҳоди нависандагони Ӯзбекистон Абдулло Субҳон дар васфи баҳору Наврӯз ва зодгоҳ ба гирдиҳамоӣ шукӯҳи тоза бахшид. Хонандагони мактаб дер боз шеъри тоҷикиро аз даҳони гӯяндагонашон нашунида буданд. Чунин гирдиҳамоиҳо бо иштироки  шоирону нависандагон, олимон ва журналистон, бешак, холигиҳои маънавиро пур мекунанд ва ба рағбати китобхонии хонандагон меафзоянд. Раиси ҷамоати шаҳрвандони деҳа Шодмон Тошпӯлодов, дар баробари меҳмононро хайрамақдам гуфтан, ба хатмкардагони собиқи мактаб барои ин иқдоми нек арзи сипос намуд.
 Меҳмонон аз толори варзишӣ, хонаи маънавият, синфхонаҳо ва китобхонаи мактаб дидан карданд. 
 
Коммуна БОБОЕВА,
деҳаи Нанайи ноҳияи Бӯстонлиқ.

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: