КИТОБ – ГАНҶИНАИ НОЁБ

Китоб ганҷи бебаҳост.

Китоб ганҷи бебаҳост. Ҳар қадар китоб хонем, ҳамон қадар кам аст. Китоб сарчашмаи илму дониш, маънавияту маърифат ва ғайра мебошад. Китоб аз муъҷизаҳои бузургтарину беҳтарини хиради инсоният аст. Бешубҳа, китоб дӯсти беминнати инсон мебошад. Мо – хонандагони мактаб имрӯз дар бораи шоирону адибони бузурги гузашта, таърихи халқу миллат ва Ватанамон маҳз тавассути мутолиаи китобҳо хабардор мешавем. Дар бораи китобу китобхонӣ ва қудрати он шоирони бузурги мо гуфтаҳои зиёде доранд, ки туфайли онҳо шавқу ҳаваси мо ба китобхонӣ меафзояд. Абдураҳмони Ҷомӣ фармудааст:
Беҳтар зи китоб дар ҷаҳон ёре нест,
Дар ғамкадаи замона ғамхоре нест.
Дар китобхонаи мактаби мо зиёда аз 300 номгӯи китобҳои тоҷикиву ӯзбекӣ мавҷуданд, ки хонандагон аз онҳо баҳрабардорӣ мекунанд. Ғайр аз ин, дар давоми таҳсил бо ташаббуси роҳбарияти таълимгоҳ дар мактаб семинару чорабиниҳои китобхонӣ аз рӯйи “5 ташаббуси муҳими Президент”, ки ташаббуси чоруми он “Ба баланд бардоштани маънавияти ҷавонон, ташкил кардани корҳои мунтазам бобати васеъ тарғиб намудани китобхонӣ дар байни онҳо нигаронда шудааст” гузаронда мешаванд, ки ба хонандагон шавқи зиёд мебахшад. Ба наздикӣ бо саъю кӯшиши мудири китобхонаи мактаб таҳти мавзӯи “Китоб – ғизои маънавӣ” чорабинӣ гузаронда шуд. Дар он хонандагони синфҳои 8-11-уми мактаб фаъол иштирок карданд. Дар чорабинӣ ҷамоаҳои “Овози тоҷик” (синфи 9), “Ховар” (Синфи 8), “Китобхон” (Синфи 10) ва “Ҷавонон” (Синфи 11) бобати пайдоиши китоб, маълумот дар бораи китобҳои шоирон, саҳначаҳои бадеӣ, мусобиқаҳои саволу ҷавоб ва ғайра байни ҳамдигар мусобиқа карданд. Дар он хонандагони синфи 10-ум бо холи зиёд ҷойи аввалро ишғол намуданд. Бояд гуфт, ки ин қабил тадбирҳои адабию бадеӣ дар таълиму тарбия, ҷаҳонбинӣ, инкишофи нутқ ва маънавияти мо — хонандагон нақши муҳим мебозанд. 

Самия САФАРОВА,
сарвари “Матбуот ва медиа”-и 
мактаби рақами 
43-юми ноҳияи Бӯкаи вилояти Тошканд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: