КИТОБ – ХАЗИНАИ МАЪНАВИЯТ

Китобхонаи миллии Ӯзбекистон ба номи Алишер Навоӣ таърихи қариб 150 сола дорад.

Соли 2011 китобхонаи мазкур дар бинои нави замонавии ба андозаҳои ҷаҳонӣ пурра ҷавобгӯ ба фаъолият шурӯъ намуд.
11 зали мутолиа, ки дорои 850 ҷой мебошад, бо таҷҳизоти замонавӣ муҷаҳҳаз карда шудааст. Пойгоҳи ғании адабиёт, дастгоҳи маълумот ва ҷустуҷӯӣ, ки аз каталог ва картотекаҳо ташкил ёфтааст, қулаии хизмати китобхона – библиографӣ манзури мизоҷон мегардад. 
Дар ин ҷо барои истифода бурдан аз захираҳои ахбору китобхона аз ҳамаи ҳудудҳои мамлакатамон муроҷиат кардан, инчунин ба пойгоҳи маълумотҳои ахбору китобхонаи мамлакатҳои пешқадами хориҷӣ даромадан, аз таҷрибаву барномаҳои методиашон баҳра бардоштан мумкин аст. Бо воситаи сайти расмии китобхона: http://www.natib.uz имкони шиносоӣ бо самтҳои фаъолият ва хидмат, навигарӣ, чорабиниҳои баргузоршаванда ва дигар маълумотҳоро дорад. 
Имрӯзҳо ба муносибати соли хониши нав дар китобхона «Ҳафтаи дарҳои кушод» ташкил карда шудааст. Дар байни китобхонҳо пурсиш гузаронда, фикру дархости онҳо омӯхта мешавад. Лоиҳаҳои «Китоби дӯстдоштаатро тавсия намо», «Устохонаи адабӣ» ба китобхону дӯстдорони китоб шавқи зиёд мебахшад. 
– Китобхона аз ҳаррӯза серодам аст. Боиси хушнудист, ки сафи китобхонон торафт меафзояд. Ман дар шуъбаи «Адабиёти миллии Ӯзбекистон» фаъолият дорам. Ба хонандагони ҷавон мутолиаи китобҳои шавқовар, дорои аҳамияти тарбиявиро тавсия мекунам. Дар шуъбаи мо натанҳо китобҳои бадеӣ, балки рӯзномаву маҷаллаҳои даврӣ, рисолаҳо оиди тиб, пухтупаз, маҷмуаҳо барои хурдсолон мавҷуд аст, – мегӯяд мутахассиси китобхона Арофат Иброҳимова. 
Донишҷӯйи факултаи филологияи ӯзбеки Донишгоҳи миллии Ӯзбекистон Беҳрӯз Бозоровро ба суҳбат кашидем, ки бо мутолиаи асаре машғул буд. 
– Шеъру ҳикоя ва пандҳои адиба Турсуной Содиқова аҳамияти тарбиявӣ доранд. Аз ҷумла ӯ дар «Дилдаги дур» ном асараш чунин гуфтааст: «То дили инсон пок нагардад, забон, даст ва роҳи ӯ пок намегардад. Инсон аз хато орӣ нест, ӯ ҳар доим, дар ҳар қадам ба беҷуръатӣ ва сусткорӣ роҳ медиҳад. Дар ҳамин ҳолат ба кӯмаки атрофиён муҳтоҷ мегардад ва такягоҳ меҷӯяд. Ҳамон вақт ба китобҳо, ҳикмат ва панду насиҳати инсонҳои доно такя мекунад. Мехоҳад аз онҳо нирӯ, нур ва илм гирад».
Ҳақиқатан ҳам, баъди мутолиаи ин гуна китобҳо ҷаҳонбинии шахс васеъ шуда, ба назари ӯ зиндагию ҳаёт боз ҳам зеботару рангинтар менамояд, – мегӯяд донишҷӯ.
Мақсади чорабинии мазкур ҳам ба хонанда доир ба китобхонӣ маълумоти васеъ додан, истифода аз каталогҳои электронӣ, шинос шудан бо қоидаҳои хидмати интернет ва Wi-Fi иборат буд.

С. БЕКНАЗАРОВА,
хабарнигори 
«Овози тоҷик».

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: