Ҷомеаи мо ба ҷавонони соҳиби маънавияти воло ниёз дорад.
Шавқу рағбати зиёд ба китобу китобхонӣ боиси ин гуна маънавият мешавад. Лекин, мутаассифона, на ҳамаи ҷавонони мо ба китобхонӣ шавқу ҳавас доранд.
Китоб манбаи дониш аст. Бидуни омӯхтани асарҳо ва ашъори шоиру мутафаккирони бузург ҳеҷ як шахс соҳиби маънавияти баланд шуда наметавонад. Хуб медонем, ки ҳамаи шоирону мутафаккирони бузурги мо, пеш аз он ки шуҳрат ёбанд, осори бузургони пешинро хондаву омӯхтаанд.
Мақсад аз ин гуфтаҳо он аст, ки мо бояд барои китобхон шудани насли наврас эътибори алоҳида диҳем. Дар муассисаҳои таълими ҳамагонӣ хонандагонро ба китобхонӣ бештар ҷалб намоем. Дуруст аст, ки дар мактабҳо тарғибу ташвиқи китобдӯстдориву китобхонӣ дар ӯҳдаи омӯзгорон мебошад. Омӯзгори забон ва адабиёт, таърих, асосҳои маънавият ва ғояи истиқлоли миллӣ дар рафти омӯзиши дарсҳо вобаста ба мавзӯъ хонандагонро ба хондани ин ё он китоби бадеӣ ё илмиву таърихӣ тарғиб менамоянд. Омӯзгорони фанҳои дигар низ аз рӯйи масъулият бояд ин гуна тарғиботу ташфиқотро, албатта, ба роҳ монанд.
Аммо барои бедор намудани шавқу завқ нисбат ба китобу китобхонӣ дар хонандагон мавқеъ ва нақши китобдори мактаб беқиёс аст. Мутаассифона, дар мактабҳо то ҳол дар ин вазифа шахсони ғайримутахассису тасодуфӣ кор мебаранд.
Вақти он расидааст, ки дар мактабҳо ба вазифаи китобдор шахсони соҳибмаълумот ва мутахассис кор кунанд. Китобдори соҳибихтисос, ки худ бо ҳамаи китобҳои китобхона ошност, метавонад китобҳоро ба хонандагон вобаста ба синну сол ва дараҷаи фаҳмиши онҳо тавсия намояд. Ҳамзамон бобати китобҳои шавқовару хонданбоб дар дили хонандагон шавқу ҳавас бедор кунад. Агар китобдор бо китобхонҳо чунин муносибат намояд, хонандагон ҳангоми иштирок дар озмунҳои «китобхонон», танҳо аз паси миқдор надавида, ба хондану мутолиаи китобҳои аз ҷиҳати мазмуну моҳияти худ ба синну солашон номувофиқ саъй намекунанд. Он гоҳ наврасони мо вақти холии худро ба китобхонӣ сарф мекунанд ва ба маънии гуфтаҳои Мавлоно Ҷомӣ:
Аниси кунҷи танҳоӣ китоб аст
Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст, –мерасанд.
Дилдор ИБОДОВ,
омӯзгори мактаби рақами 21-уми ноҳияи Нуратои вилояти Навоӣ.