КИТОБ МЕХОҲЕМ, КИТОБИ БИСЁРИ ТОҶИКӢ

Мо як гурӯҳ омӯзгорони мактаби миёнаи умумии рақами 67-уми ноҳияи Китоби вилояти Қашқадарё ва сокинони деҳаи Ҷавзи ҷамоати шаҳрвандони маҳаллаи «Кӯҳсор»-и ноҳияи мазкур бо камоли эҳтиром ва арзи сипос ба рӯзномаи дӯстдоштаю азизамон «Овози тоҷик» муроҷиат мекунем.

Мо як гурӯҳ омӯзгорони мактаби миёнаи умумии рақами 67-уми ноҳияи Китоби вилояти Қашқадарё  ва сокинони деҳаи Ҷавзи ҷамоати шаҳрвандони маҳаллаи «Кӯҳсор»-и ноҳияи мазкур бо камоли эҳтиром ва арзи сипос ба рӯзномаи дӯстдоштаю азизамон «Овози тоҷик» муроҷиат мекунем.
Ба ҳамагон аён аст, ки аз солҳои аввали давраи нави Ӯзбекистон дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти халқ ислоҳоти куллӣ ба амал бароварда мешаванд. Хусусан, солҳои охир ислоҳот вусъати тоза ёфта, натиҷа ва комёбиҳои оламшумул ба даст омаданд, ки соҳаи таълими миёнаи умумӣ аз ин мустасно намебошад. Дар солҳои охир танҳо дар чор деҳаи мутааллиқ ба ҷамоати шаҳрвандони «Кӯҳ-сор» аз тарафи давлат чор мактаби нави замонавӣ сохта, бо тамоми таҷҳизоташ ба истифода супурда шуданд.
Албатта, мо аз чунин ғамхориҳои сарвари давлат бениҳоят сипосгузорем. Дар баробари ин, азбаски дар ҳамаи мактабҳои рақами 67, 68, 88 ва 60-ум таҳсил ба забони тоҷикӣ сурат мегирад, эҳтиёҷ ба адабиётҳои бадеии тоҷикӣ хеле зиёд аст. Табиист, ки барои баргузор намудани маҳфилу озмунҳои «Дӯстдорони китоб», «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ва монанди ин ба миқдори зиёд адабиёти бадеӣ, илмию таърихӣ лозим мешавад. Аз ин лиҳоз, вақте шумораи адабиётҳои мазкур ва ғайридарсӣ тариқи зайл аст: дар мактабҳои рақами 67  – панҷ дона, 88 – ҳашт дона, 68 – чил дона, 60 – бист дона  оё метавон ягон хел маҳфил ва ё озмуни китобхонҳоро баргузор кард?
Шумораи хонандагони мактабҳои рақами 67 – 337 нафар, 88 – 330 нафар, 68 – 581 нафар, 60 – 270 нафарро ташкил менамоянд. Шумораи умумии омӯзгорони ин мактабҳо зиёда аз 150 нафар аст. Аҳолии ҶШМ «Кӯҳсор» зиёда аз 5800 нафар мебошад.
Дархости мо ҳамин ки барои ҳаллу фасли масъалаи зикргардида, яъне таъмини мактабҳо бо китобҳои бадеии тоҷикӣ кӯмак расонда шавад. 

Ҷумъамурод ГАДОЕВ, Аҳтам НОРҚУЛОВ, Сафармурод НОРОВ, Тӯхтамурод АЛИЕВ, Равшан МАВЛОНОВ ва боз 55 нафар омӯзгорон.
Ноҳияи Китоби 
вилояти Қашқадарё.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: