КИТОБ – ОФТОБ

Бо чунин шиор дар саҳни мадрасаи Нодир Девонбегӣ тадбири адабию фарҳангии мухлисони бешумори каломи бадеъ дар чорчӯбаи «Ҳафтаи китобхонӣ» баргузор гардид, ки дар он хонандагони синфҳои болоӣ, донишҷӯёни мактабҳои олии Самарқанд, шоиру нависандагон, хабарнигорони расонаҳои ахбори вилоят ширкат варзиданд.

Имом-хатиби масҷиди ҷомеи Хоҷа Аҳрори Валӣ ҳоҷӣ Яъқубҷон Мансуров таъкид намуд, ки  дар дини мубини Ислом ба мутолиаи китоб диққати махсус дода шудааст.
– Боиси ифтихор аст, ки ҳамдиёрони мову шумо Имом Бухорӣ, Имом Тирмизӣ, Хоҷа Баҳоуддин Нақшбанд, Бурҳониддин Марғинонӣ, Имом Мотрудӣ ва дигарон маҳз аз китобхонӣ ба мартабаҳои баланд расидаанд, – иброз дошт нотиқ, – модоме ки имрӯз ба ривоҷу равнақи илму фарҳанг диққати махсус дода мешавад, бештар ба китобу рисолаҳои илмӣ дил бастан лозим.
Таъкид намуд, ки сарвари давлатамон барои китобхонҳо мукофотҳои зиёд туҳфа мекунанд. 
Инчунин, дар тадбир муҳаррири рӯзномаи «Овози Самарқанд» Баҳодур Раҳмонов, раиси маркази фарҳангии тоҷикони вилояти Самарқанд Акбарҷон Маҳмудов, адиб Солеҳи Саидмурод, муҳаррири рӯзномаи «Гулобод тонги» Нормурод Каримзода ва дигарон ба сухан баромада, доир ба аҳамияти мутолиаи китоб ҳарф заданд.
Ҳофизони номдори вилоят ва дастаи ҳунарии «Шашмақом» бо савту сурудҳои дилнишину дилошӯб ба ҳозирон ғизои маънавӣ бахшиданд.
Дар поёни тадбир ба як гурӯҳ фаъолон китоби тозанашри тоҷикии «Қайдҳо дар ҳошияи дафтар»-и Нависандаи халқии Ӯзбекистон Ӯткур Ҳошимов тақдим шуд.

Зоҳир ҲАСАНЗОДА, 
хабарнигори «Овози тоҷик» дар вилояти Самарқанд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: