КИТОБ, РӮЗНОМА ВА ЗАБОНИ АДАБӢ

Интишори китоб аз нодиртарин кашфиёт ва дастоварди инсоният аст.

Интишори китоб аз нодиртарин кашфиёт ва дастоварди инсоният аст. Он пайвандгари гузаштаи дуру наздик ба имрӯз ва ҳидоятгари инсоният ба ояндаи дурахшони зиндагист. Китоб муҳимтарин сарчашмаи дониш аст. Кашфиётҳои навини инсоният зимни қиёси донишҳои пешин ва навин рӯйи кор оянд, ки дар китобҳо сабт ёфтаанд. Комёбиҳои илмӣ чун мушкилкушои инсоният баҳри беҳбуди зиндагӣ ва фаровонҳолии ӯ хизмат мекунанд. Илму дониш асоси ҳама гуна пешрафти ҷомеаи ҷаҳонӣ, рушди техникаву технологияи навин аст. Ҳикмати Имом Бухорӣ дархӯрди матлаб аст: «Ба ҷуз аз илм наҷоте нест ва нахоҳад буд».
Китоб муҳимтарин сарчашмаи ташаккули маънавият, идроки ҳуқуқу ӯҳдадориҳо, худшиносию худогоҳии инсоният буд ва чунин хоҳад  монд. Инсон чун ҷузъи табиат бо маънавияташ аз дигар олами зиндаи он тафовут дорад. Китоб дӯсти беғараз, дар танҳоӣ нодиртарин ҳамсуҳбат, манбаи панду ҳикмат аст. Китоб ягона манбаест, ки инсонро ба ростию росткорӣ ҳидоят мекунад. «Пиндори нек, гуфтори нек, рафтори нек» ғояи асосии «Авасто»-ст, ки ба забони қадимаи мо –  тоҷикон офарида шудааст.
Китоб сарчашмаи худшиносию худогоҳӣ, озодандешӣ ва созандагию бунёдкорист. Ҳар он ки бо китоб сару кор дорад, дорои ҷаҳонбинии васеъ аст, мавқеъ ва мақоми худро дар ҷомеа ба хубӣ муайян карда, ба мавқеи сазовор ноил мегардад.
Китоб ба ташаккули равонии забон ва ҳусни баён (нутқ) кӯмак мерасонад. Шахси китобхон ва шеърдон ҳамеша нутқи равон, захираи ғании луғавӣ дорад. Ин гуна ашхос ҳеҷ гоҳ аз душвории забони китобу расонаҳои даврӣ наменоланд. Ин андешаро озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», ки нимаи аввали моҳи декабри соли 2020 дар Душанбешаҳр баргузор гардид, собит сохт. Озмун бинобар панҷ самт (адабиёти бачагона ва афсонаҳои халқи тоҷик, адабиёти муосири тоҷик, адабиёти классикии форсу тоҷик, адабиёти ҷаҳон ва фаъолияти шоирӣ) баргузор гардид. Дар он қишрҳои гуногуни ҷомеа (омӯзгорон, донишҷӯён, донишҷӯёни бахшҳои техникӣ, кормандони оддии сохтмон ва ҳатто писарбачаи шашсола) фаъолона ширкат доштанд. Дар иҷрои писарбачаи шашсола қироати достонҳо аз «Хамса»-и Низомӣ, достонҳо аз «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ, ғазали «Бӯйи ҷӯйи Мӯлиён ояд ҳаме»-и Рӯдакӣ ва ҷавобҳояш ба пурсишҳои ҳайати ҳакамон хотирмон буданд. Посухҳои бинокори оддӣ низ хеле ҷолиб буд. Ӯ собит намуд, ки аз адабиёти муосири тоҷик  огоҳии хуб дорад. Мувофиқи низоми озмун ҳар як довталаб 30-40 роман, 50-60 повесту қисса хонда, садҳо ғазалу рӯбоию дубайтӣ, достонҳои шоиронро пурра аз ёд мегуфт. Ҷараёни озмуни ҷумҳуриявӣ аз тариқи ҳамаи шабакаҳои телевизионии Тоҷикистон намоиш дода шуд. Бешубҳа, озмуни ҷумҳуриявӣ дар ҳаёти фарҳангии кишвари ҳамсоя воқеаи нодир буд. Зеро озмун талоши ақлу хирад аст.
Ман ҳар рӯз намоишҳои ин озмунро соатҳо тамошо карда,аз онҳо лаззати маънавӣ гирифтам. Боре ба мактаб рафта, аз озмун ва муҳтавои он ба муаллимон нақл кардам. Хостам матни электронии барномаҳои озмунро ба мактаб диҳам, то дар телевизор ва компутерҳои мактаб гузоранду хонандагон низ аз он лаззати маънавӣ баранд. Муаллими ҷавоне ба пешниҳодам зид баромад. Касе ҷонибдорӣ накард. Ӯ гуфт, ки дар кишвари мо ҳам озмунҳо мешаванд. 
Гуфтам: албатта, баргузор мегарданд, вале на ба забони модарии мо. Шармаш омад, хомӯш шуд.
Дар мамлакати мо низ китобдорию китобхонӣ ба дараҷаи сиёсати давлатӣ боло бурда шуд. Яке аз панҷ ташаббуси Президент низ китобдорию китобхонӣ аст. Гузаронидани озмуни «Китобхони сол» ва мукофотонидани ғолибон, ҳатто бо мошин, далели дахолати давлат ба масъалаи китобхонист. Маҳз туфайли китобхонию китобдӯстӣ ҷавонони соҳибмаърифати  ватандӯст, оқилу доно, созандаю бунёдкор, соҳибкорони дорои ҷаҳонбинии васеъ ба майдон меоянд. Ояндаи дурахшони кишвари азиз ба онҳо тавъам аст. Аз китобхонӣ захираи ақлҳо пайдо мешавад, ки дар оянда ба рушди кишвар кӯмак мерасонад. Китобхонӣ муҳимтарин манбаи дигаргунии сифатӣ дар тафаккури инсон аст. Ба ин мақсад дар Ватани мо ва кишварҳои дигар низ мардум барои китобхонӣ ҳавасманд карда мешаванд. Озмун завқи китобдӯстию китобхониро бедор ва дучанд мекунад.
Барои соҳибкори варзидаю соҳиби ҷаҳонбинии васеъ донистани як-ду забон кам аст. Зеро ҳудуди истеъмоли онҳо нисбатан маҳдуд  мебошад. Имрӯз бидуни сармояи хориҷӣ, тараққӣ додани иқтисодиёт, умуман соҳаҳои хоҷагии халқ мушкил аст. Барои ҷалби сармояи хориҷӣ бошад, забони хориҷӣ шарти муҳим.
Фармудаанд, ки:
Ҳар кас ба забони худ сухандон 
гардад,
Донистани сад забонаш осон 
гардад.
Хуб, суоле ба миён меояд: оё мо забони модариамонро хуб медонем? Оё ба забони адабии тоҷикӣ, ки ба он Рӯдакию Фирдавсӣ, Синою Берунӣ, Низомию Ҳофизу Саъдӣ, Ҷомию Мирзо Улуғбеку Навоӣ ва ҳазорҳо бузургони дигар осори мондагори оламгир ба мерос гузоштаанд, ҳарф зада метавонем? Ва оёҳо зиёданд! 
Посух, дақиқ, на!
Зеро китобу рӯзномаю маҷалла намехонем ва ё кам мехонем. Ибораи «забони китобу рӯзномаҳо душвор» як баҳона асту халос. Ба мероси аҷдодӣ лоқайд шудаему аз адабиёти муосир ноогоҳ. Чун намехонем, забони адабиро  намедонем. Ин ҳақиқати ҳол аст. Бо ин аҳвол аз чаҳорчӯбаи шеваи маҳалли худ дур намеравем.
Дар қисмати шимолии силсилакӯҳҳои Нурато даҳ мактаби соф тоҷикӣ фаъолият доранд: панҷтои он дар вилояти Навоӣ ва панҷтои дигар воқеъ дар вилояти Ҷиззах мебошанд. Тақрибан ҳамаи маҳалҳо шеваи хоси худро доранд. Дар ноҳияи Зафаробод ва Пахтакори вилояти Ҷиззах, ки дар он ҷойҳо аз аҳолии ин маҳалҳо рафта муқим шудаанд, борҳо ба мушоҳида расидааст, чун ҷавони ухмӣ бо духтари эҷӣ ва ё баръакс оиладор шуданд, дар оила ба забони тоҷикӣ ҳарф намезананд, фарзандони онҳо низ. Зеро онҳо шеваи ҳамдигарро дуруст намедонанд. Ин натиҷаи лоқайдӣ ва беэътиборӣ асту бас. Мо ба ин эътироз надорем, интихоби забон ихтиёрист, ин ҳуқуқи онҳост. Вале набояд фаромӯш кард: «марги миллат аз марги забон сар мезанад ва марги забон аз соҳибзабон». Забони форсии тоҷикӣ дар давоми ҳазор сол дар қаламрави Осиёи Марказӣ ва аз Эрон то Ҳиндустон забони коргузорӣ буд. Дар ҳадисе омада: «Забони аҳли биҳишт арабӣ ва форсии дарист». 
Моҳи октябри соли 2020 буд. Чор шумораи нашрияи «Ховар»-ро (ҷамъ 20 дона) ба калонтарин мактаби  кӯҳпоя расонидам. Пас аз ду моҳ, аниқтараш моҳи декабр ба мактаб рафтам, то пули онҳоро бигирам. 18 рӯзномаро баргардониданд. Худ қазоват намоед, муаллимони калонтарин мактаби кӯҳпояи Нурато аз 20 рӯзномаи 3000 сӯмӣ танҳо ду донаро гирифтаанд. Ба се шумораи дигар даст ҳам назадаанд. 
Рӯзномаҳоро гирифта ба толори мактаб баромадам. Ба ошёнаи якум фуромадам. Аз овезаҳои деворӣ ошкор буд, ки дар ин мактаб аз забони ноби тоҷикӣ тақрибан нишоне нест. Ҳатто ҷадвали дарсӣ тоҷикӣ сабт наёфтааст. Аз муқобилам ҷонишини директор оид ба корҳои таълиму тарбияи мактаб баромад. Пурсидам, соли равон чанд нафар хонандаи мактаб донишҷӯ шуд? Маълум гардид, ки ягон нафар ба мактаби олӣ дохил нашудааст.
Дар бораи китоб ва моҳияти он чанд андешаи худро гуфтам. Инак, андешае чанд доир ба афзалияти рӯзнома дар омӯзиши забон. Рӯзнома ахбори ҳаррӯза аст. Бигирем, дар «Овози тоҷик» оид ба иқтисодиёт, сиёсату фарҳанг ва ғайра матолиби зиёд дарҷ меёбад. Дар ин раванд калимаҳои иқтибосӣ бештар дучор меоянд. Шояд ин омилро Устод Айнӣ пайгирӣ намуда, рӯзномаро забони миллат арзёбӣ карда буд. Мо агар рӯзнома нахонем, аз куҷо маънӣ ва моҳияти калимаҳои иқтибосиро дарк мекунем?! 
Бидуни мутолиаи китобу рӯзнома забони адабиро наметавон омӯхт. Оқибати нангини чунин рафтори соҳибзабононро Мирзо Ҷалол дар шумораи сеюми «Бухорои шариф» аз 14 марти соли 1912 таъкид намуда буд: «Форс миллати махсус буда, дар атрофи олам порча-порча шуда, бисёр ақвоми махлут гардидаанд. Бо ин ки ҳама як қавманд, мебинӣ, ки бухороӣ забони самарқандӣ, ҳар ду забони хуросонӣ, ҳар се забони кошонӣ намедонанд ва намефаҳманд. Ба ин восита қавми ҳамреша гусехташуда яке бо исми дарӣ, дигаре бо исми порсӣ, дигаре бо номи тоҷикӣ аз ҳам ҷудо шудаанд». Агар кор чунин сурат бигирад, забони ҳамзабонони мо дар кишвар ба кадом гурӯҳҳо ҷудо мешуда бошад!? Шумо ба ин пурсиш чӣ посух доред, ворисони Рӯдакию Сино.., Айнию Улуғзода...
Аламовар аст, рӯзномаҳои тоҷикиро, ҳатто табақаи зиёӣ кам андар кам мутолиа мекунанд. Ин ҷо овардани иқтибосеро аз навиштаи сокини деҳаи Варзики ноҳияи Чуст Назирҷон Эргашев («Овози тоҷик», №95-96, 12 декабри соли 2020) зарур медонам. «Мактабҳое низ ҳастанд, ки таълимашон ба забони тоҷикист, вале ба ягон нусха рӯзномаи «Овози тоҷик» обуна намешаванд. Ин аламовар аст. Муаллимоне, ки аз ин рӯзнома озуқаи маънавӣ намегиранд, чӣ гуна ҷаҳонбиниашонро баланд бардошта метавонанд? Ба мактабиён бо забони тоҷикӣ чӣ гуна дарс медиҳанд? Агар рӯзномаи тоҷикӣ нахонанд, аз забони адабии тоҷикӣ дур шуда мераванд-ку. Ҳол он ки солҳои охир дар рӯзнома саҳифаҳои махсуси адабиёт ва санъат, оид ба мактабу таълим ва тарбия, маводҳои методӣ барои омӯзгорон чоп шуда истодаанд. Хабару мақолаҳои муаллимон низ дар рӯзнома бештар рӯйи чопро мебинад.
Фурсат расид, ки масъалаи обуна нафақат кори кормандони рӯзнома, балки вазифаи ҳар як фарди миллатдӯст ва зиёии миллатпарвар бошад».

Ӯзбакбойи РАҲМОН, 
муаллими собиқадор аз ноҳияи Нуратои вилояти Навоӣ.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: