КИТОБ – САРЧАШМАИ ДОНИШУ МАЪРИФАТ

Китоб манбаи рӯшноӣ, сарчашмаи донишу маърифати инсон аст.

Фармони Президенти кишвар Шавкат Мирзиёев доир ба мутолиаи китоб ва маданияти китобхонӣ ба мо – омӯзгорон рӯҳи тоза бахшид.
Китоб ақлу хирад, заковати одамонро зинда нигоҳ медорад, роҳи инсониятро бо нуру донишу маърифат равшан месозад. Он беҳтарин муъҷиза аст, ки Худованд ба одамон додааст. Ҳар қадар, ки онро мӯътабар донем, ҳамон қадар моро барои фатҳи зинаҳои баланди илму маърифат ноил месозад. Моро ба қуллаи мурод, ба баландтарин нуқтаи орзуву ҳадаф мерасонад.
Китоб дар ҳар мушкилӣ ба инсон ёрирасон мебошад. Ин лаҳза дар шеъри Ҷомӣ хуб ифода ёфтааст.
Ҳуштар зи китоб дар 
ҷаҳон ёре нест,
Дар ғамкадаи замона 
ғамхоре нест.
Ҳар лаҳза аз ӯ ба гӯшаи 
танҳоӣ,
Сад роҳате ҳаст, 
ҳаргиз озоре нест.
Мо, омӯзгорон метавонем шавқу ҳаваси насли наврасро ба китобхонӣ зиёд кунем. Зеро аз овони хурдсолӣ шавқу ҳаваси бачаҳоро ба олами афсонаю ҳикояҳо ҷалб кардан натиҷаи самарабахш медиҳад. Бояд ҳикояву афсонаҳоеро, ки ба синну соли онҳо мувофиқ аст, барояшон нақл кунем. Падару модарон метавонанд ба зодрӯзи фарзандашон ё ин ки иду рӯзҳои хурсандӣ китоб тӯҳфа кунанд, ки аз он пурбаҳотар тӯҳфае нест. Мо аз қарибонамон  ба ҷойи китоб тӯҳфаи гаронбаҳо мунтазир мешавем. Ҳол он ки куртаҳои қиматбаҳо, планшет ё ин ки компутер ҷойи як китоби пурмаъноро гирифта наметавонад.
Дар мактаб ғайр аз китобхонаи мактаб боз китобхонаи синф ташкил карда, дар он бисёртар китобҳои шавқовари бадеӣ ҷамъ овардан мумкин аст.
Ман дар давоми фаъолияти педагогиам аз хонандагон ҳаминро талаб мекунам, ки бештар китобҳои бадеӣ мутолиа кунанд. Ва шогирдоне, ки ба ин амал мекунанд, ҳавасманд мегардонам.
Пеш аз ҳама худи омӯзгор бояд дар вақти холӣ аз кор бо мутолиаи китоб машғул шавад. Ҳар чизе, ки аз донишомӯз мепурсем, пеш аз ҳама, бояд худамон аз он хабардор бошем. Масалан, аз хонанда дар бораи Ватан шеър мепурсем. Аввал худи омӯзгор бояд дар бораи Ватан шеъри пурмазмунро ифоданок хонад, то ки дар дили шогирдон нисбат ба Ватан меҳру муҳаббат пайдо шавад. Мисли ин сатрҳо:
Ватанро бинозам, 
маро дар канор
Чу модар гирифту 
намуд бахтиёр.
Ватан ҷони ман, 
ҳам ҷаҳони ман аст,
Ватан боғи ман,
 бӯстони ман аст.

Гулгуной АЗИЗОВА,
омӯзгори 
мактаби рақами
34-уми ноҳияи 
Сайҳунободи
вилояти Сирдарё.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: