КИТОБ – ТАРБИЯТГАРИ ИНСОН

Гоҳо дар ҷойҳои ҷамъиятӣ гувоҳи худдорӣ карда натавонистани наврасон, муомилаи дурушти онҳо бо калонсолон мешавем.

Донишмандон дар он андешаанд, ки решаи ҳамаи чунин рафтори номатлуби ҷавонон аз маънавият, ба хусус китобхонӣ дур шудани онҳост. 
Аммо он чиз хурсандиовар аст, ки солҳои охир аз тарафи ҳукумат ба рушди ҳамаҷонибаи насли наврас эътибори алоҳида дода мешавад. Дар мавзеъҳои дурдасти мамлакатамон сохта ба истифода дода шудани муассисаҳои таълими томактабӣ, дар онҳо бештар ба роҳ мондани машғулиятҳое, ки қобилияти зеҳнии кӯдакро ривоҷ медиҳанд, бо адабиёти бачагонаву дастурҳои методӣ таъмин гардидани онҳо далели ин гуфта аст.
Дар Маркази матбуоти миллии Ӯзбекистон муаррифии яке аз чунин китобҳое, ки ба бачагони муассисаи таълими томактабӣ ва синфҳои ибтидоӣ ихтисосонида шудааст, баргузор шуд. Китоб ба қалами нависандаи бачагон Муаззам Иброҳимова мансуб буда, «Самолёти суманакхӯр» ном дорад.
– Китоби навбатии Муаззам Иброҳимоваро аз нигоҳи бачагон мутолиа кардам, – гуфт дар баромади худ устоди муаллиф, нависандаи бачагон Кавсар Турдиева. – Муаззам духтури бачагон аст. «Вирус», «грипп», «гӯшак», «дандонча» образҳои асосии асари ӯ буда, «ба сухан даромадан»-и онҳо доираи тасаввури кӯдакро васеъ мегардонад, ки мақсади асосии адабиёти бачагон низ аз ин иборат аст. Ба ҷуз ин, тарзи номгузории «Самолёти суманакхӯр», «Камзӯлчаи сеҳрнок», «Гриппалӣ», «Қулуфнойи қандолотпаз», «Афсонаи зимистон» барин шеъру афсонаҳо барои бачагон мароқангез аст.
Дар нишасти матбуотӣ лавҳаи видеоии суҳбати М. Иброҳимова бо нависандаи номвари бачагон Худойбердӣ Тӯхтабоев намойиш дода шуд. Х. Тӯхтабоев оиди муваффақияти китоби мавриди назар ва адабиёти имрӯзаи бачагон андешаҳояшро иброз дошт: 
– Адабиёти бачагону наврасон соҳаи басе муҳими адабиёт буда, вақти он фаро расидааст, ки ин навъи адабиёт низ ривоҷ ёбад. Ҳоло сарфи назар аз кам буданаш, теъдоди нашри ҳар як асар аз 2,5 - 3 ҳазор адад намегузарад. Агар ба назар гирем, ки қисми асосии аҳолиро бачагону наврасон ташкил медиҳанд, ошкор мегардад, ки барои онҳо ғизои маънавӣ кам пешниҳод мешавад. Ба сифат ва нашри асарҳои бачагона низ бояд рӯйи эътибор гардонда шавад, зеро китоби хуб тарбиятгари инсон аст. 

Н. НОДИРОВА,
хабарнигори «Овози тоҷик».

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: