КИТОБ — УСТОДИ БЕҲТАРИНИ АДИБ

Маҳбуба Турсунова аз овони хурдсолӣ духтараки ҳассос буд.

Ҳар чизе, ки ба дасташ меафтод, мехонд. Зуд-зуд ба китобхонаи қишлоқашон рафта, барои мутолиа китобҳои нав ба нав мегирифт. Боре ҳангоми китобхонӣ амакаш – омӯзгор Тӯрақул Шафиев ба хонаашон омад. Дид, ки Маҳбуба китоби «Ҳазору як шаб»-ро мехонад. Гуфт, ки «ҳоло ба синну соли ту хондани ин хел китоб рост намеояд. Ман ба ту китоби дигаре меорам». Ва баъди чанд рӯз китоби Ҷонатан Свифт «Саргузашти Гуливер»-ро ба ӯ тӯҳфа кард. Онро дар як шаб хонда, хуб хандид. Баъди ба нафақа баромадан боз онро аз назар гузаронида, мазмуну маъно ва ғояҳои нави муаллифро кашф кард. 
Ӯ, ки дар хурдсолӣ аз падар ҷудо гашт, баробари модари муштипараш ба парваришу тарбияи хоҳару додаронаш машғул шуд. Бо вуҷуди ёрирасонӣ ба модар ва корҳои рӯзгор аз китоб ҷудоӣ надошт. Дар зиндагӣ ҳар чизе медид ва ё шоҳиди воқеаву ҳодисае мегашт, мутаассир гашта, онҳоро ба рӯйи қоғаз мефаровард. Норасоӣ ва камбудиҳоро ба забон оварда, ба ислоҳи онҳо мекӯшид. Баъзеи онҳоро ба рӯзномаи «Ҳақиқати Ӯзбекистон» (ҳоло «Овози тоҷик») мефиристод. Аввалҳо онҳоро дар рӯзнома чоп карданд. Баъде, ки ҳаҷми навиштаҷоти ӯ калонтар шуданд, чоп накарда монданд. Он солҳо қариб, ки тамоми матбуоти Тоҷикистон дастраси мардуми Самарқанд мегашт. Вай навиштаҷоти худро ба маҷаллаву рӯзномаҳои Тоҷикистон, аз ҷумла журнали «Садои Шарқ», фиристод. Навиштаҳои Маҳбуба Турсунова диққати нависандаи маъруфи тоҷик Фазлиддин Муҳаммадиевро ба худ ҷалб кард магар, ки аз номи ӯ мактуб гирифт. Мувофиқи дархости адиб ӯ дастнависҳои дигарашро низ фиристод. Бо шарофати дастгирии Фазлиддин Муҳаммадиев ҳикояҳои ҳаҷвии ӯ дар рӯзнома ва маҷаллаҳои «Хорпуштак»-у «Садои Шарқ» чоп шуданд. Вай то ин дам гумон мекард, ки навиштаҳои ӯ мақолаҳои танқидианд. Баъдтар фаҳмид, ки онҳо ҳаҷвия ва ҳикояҳои ҳаҷвӣ будаанд. 
Бо ҳидояти тағои омӯзгораш Абдурашид Қаюмов Маҳбуба Турсунова ба Донишгоҳи давлатии Самарқанд дохил шуд. Онро хатм карда, дар мактаби рақами 28-уми зодгоҳаш, то ба нафақа баромадан, бо таълиму тарбияи насли наврас машғул шуд. Вале дар тӯли ин солҳо рӯзе ҳам китобу қаламро аз даст нагузошт. Мехонд, меомӯхт ва менавишт. Навиштаҳояш маъқул нашаванд, корро аз нав сар мекард. Ё баъди гузаштани солҳо онҳоро аз нав кор мекард. Хат мезад, ислоҳ мекард, такмил медод. Ин кори ӯ то вақте давом мекард, ки худ қаноатмандие ҳосил накунад. 
Ҳамин тавр, бо ёрӣ ва таҳриру такмили устод Фазлиддин Муҳаммадиев маҷмӯаи ҳикояҳои ҳаҷвии Маҳбуба Турсунова бо номи «Савдои мушкил» дастраси хонандагон гардид. 
Ҳамчун адибаи худрӯй Маҳбуба Турсунова ба таҳриру сайқалёбии ҳикояҳояш заҳмати зиёде мекашад. Дар эҷоди ҳар як асар масъулияти азиме ҳис мекунад. Китобҳоро устоди беҳтарини худ медонад. Албатта, баробари худомӯзӣ сабақҳои Фазлиддин Муҳаммадиев, «амак»-и маънавиаш Антон  Чехов ва бисёр бузургони адабиётро дар эҷодаш бетаъсир намедонад. 
Занҳои эҷодкор кам нестанд. Вале аз байни онҳо монанди Н.А.Теффӣ  (адибаи руси муҳоҷиршуда) кам андар кам шахсон ёфт мешаванд, ки пурра ба эҷоди асарҳои ҳаҷвӣ машғул шуда, эътирофу эҳтироме пайдо карда бошанд.  
Маҳбуба Турсунова ҳамчун адибаи моҳир ва нозукадои асарҳои ҳаҷвӣ шинохта шуд. Ба ин асарҳои минбаъдаи ӯ «Аҷаб мардумоне» ва «Хазинаи ханда»  мисоли равшан шуда метавонанд. Қаҳрамонҳои асарҳои ӯ бофтаи тахайюл нестанд, ҳама ҳаётианд. Бо воситаи образҳои бадеии хандаовар, ташбеҳҳои обнарасида, тасвирҳои ҷолиб, муколамаҳои халқӣ зуд дар дили хонанда роҳ меёбад. Маҳбуба Турсунова дар эҷоди асарҳои саҳнавӣ ҳам маҳорати хубе дорад. Ин маҳорат дар саҳначаҳои ӯ бараъло намоёнанд. 
Шеърҳои пур аз танзу ҳаҷвомези ӯ аз паҳлӯи дигари маҳорати адабӣ гувоҳӣ медиҳанд. 
Маҳбуба Турсуноваро барои маҷмӯаҳои ҳикояҳои ҳаҷвияш соли 2014 ба узвияти Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон пазируфтаанд.
– Барои аъзошавӣ ба Иттифоқи нависандагон давутоз накардаам. Касе гуфт, ки як ҳикояат дар «Овози Самарқанд» чоп шудаасту ту ғолиб омадӣ ва Ҳаёт Неъмат мепурсанд. Кофта рафтем. Як пакетро ба дастам доданд. Дар дарунаш 100 сӯм будааст. Ин пул он солҳо барои ман пули калон буд. «Э орд гирифтан мумкин» гуфта хурсанд шудам. Он кас баъд гуфтанд, ки шуморо доимо аз Тоҷикистон мепурсанд. Мегӯянд, ки ба аъзогии иттифоқи нависандагон қабул мекунем.
– Э, барои ман ин чӣ даркор? Охир ман ҳеҷ чиз нанавиштаам-ку, – гуфтам.
Ман худро нависанда намеҳисобам. Аз гирифтани билети аъзои иттифоқи нависандагон ҳам хурсанд нашудаам. Охир ҳеҷ чиз чоп накардаам. Ман ҳоло чизҳое, ки дилам мехоҳад, нанавиштаам. Асаре навиштан даркор, ки мардум хонда, чашмашон ялаққӣ кушода шавад. 

Бахтиёри ҶУМЪА.
САМАРҚАНД.

Мутоибот

Шахсе эълонеро хонда, норозиёна гуфт:
– Барои ба кор даромадан ин қадар ҳуҷҷат? О кафшҳо ғалбер мешаванд-ку.
– Дуруст гуфтед, – тасдиқ намуд ҷавони сумкадор. – Ин қадар замонасозӣ чӣ лозим? Фалон миқдор кафан лозим гӯянду монанд. Гапи асосия руст карда-а-а меистанд номардҳо. Мисоли аёнӣ худи ман, бе ягон хел ҳуҷҷат ба кор қабул шудам.
Жанр
– Ин ашӯлачӣ фалака кафонд-э, ба хаёлам, жанри нав.
– Ёфтед! Жанри ҳангоса кашф кардагӣ ана ҳамин одам-дия.
Мардикор
Вазъи саломатии шахсе бад шуд. Ба писаронаш занг зад:
– Ҳеҷ аз пул сер мешавед? Баргардед! Мурданам аниқ. Ягон бор касалбинӣ наомадед, ақаллан дар сари қабрам чорта фарёд занед! Ноинсофҳо!
– Хафа нашавед, додоҷон! Ҳамин ки хабар расад, ба бозори мардикор телефон мекунем. Сағираҳо бисёр. Рафта чунон «додоҷон» гӯянд, ки мардум хун гирянд, – ҷавоб доданд бачаҳо аз хориҷа.
Кор зӯрӣ кард
– Шунидед?
– Чиро?
– Ҳамсоя келиндор шуду ба хонаи падараш тез-тез қаҳр карда мерафтагӣ шуд.
– Ду рӯзғора хизматаша кардан зӯрӣ кардагист.
Кӯчида рафтаанд
– Ба идораатон як ҳафта омадурафт карда, касеро намеёбам. Ягон ҷойи дигар кӯчондаанд магар? – пурсид пиразане аз посбон.
– Накӯчиден-у-у, калон дар хонаашон ҳашар ташкил кардаанд.
Ҳашар
– Ҳой мардум, ҳашара партофта куҷо мегурезед? Инсоф кунед, кор чала намонад!
– Тӯйхӯрӣ магар ҳашар нест, хӯҷаин? – гуфтанду канданд.
Фарқ аз хона то чойхона
Шахсе кӯдакеро аз роҳаш боздошт:
– Писарам, миёни очаю додоят фарқе мебинӣ?
– Фарқашон аз хона то чойхона аст.
Очаам дар хона нону ош мепазанд, додом чойхона рафта, шумо катӣ қарта мезананд.
Доруҳоя чӣ кунам?
– Модарҷон, бобоям ҳарчанд ин доруҳоро хӯрданд, всётаки мурданд. Акнун вайҳоя партоям? – пурсид духтар аз модараш.
– Ҳайф накун-а, пуламон сӯхтагӣ. Ягон вақт ба очакалонат медиҳам. Дар ҷояки нағз аз чашм панаҳ кун.
Тур-э!
– Тур-э, лаънатӣ. Саллая бо каллаам мекандӣ, чӣ мекардам, зор мон!
– Дод нагӯед, соҳибаш ин гапатонро фаҳмад, ҳама ҷоятона канда мегирад.
Ташвиш накаш
– Мардак, ҳамин замон меҳмонҳо аз хоб мехезанд, ширчой кунам?
– Ташвиш накаш. Онҳоро ба мурдахона мебарам. Он ҷо зиёфати худоӣ ҳаст.
Хизматгори танбал
– Ҳой, занак, намурданак равӣ, ман аз кор омадам. То ҳол дегу табақ ношустаю ошат нопухта? Варам карда хобидан мегирӣ?
– Хизматгори овардаатон танбали гӯр будааст, гуноҳи худатон. 
Ба шумо чӣ маъқул?
Пас аз консерт яке аз дигаре пурсид:
– Ба шумо овоз маъқул шуд ё мусиқӣ?
– Ҷастухез, – зуд ҷавоб дод дигарӣ.
Карнигор
Ҷавони ошиқ паси тиреза истода якчанд бор фарёд зад:
– Зарнигор! Зарнигор!
Зарнигор барқасд ҷавоб надод. Ҷавон ба хашм омад. Сиёҳиро пайдо намуд ва рӯйи дарвоза навишт: «Карнигор» дилама хун кардӣ!».
Шукргузорӣ
– Домулло, шумо одами заковатманд. Фаҳмонед, ки дар ҳама ҳолат «шукр» гуфтан ҷоиз аст?
– Албатта.
– Гуфта-ам, Ҳайитбой рӯзи гӯрондани занаш «шукр, шукр» мегуфт.
Туро чаро гирифтам?
– Занак, медонӣ туро чаро гирифтам?
– Барои хизматгорӣ.
– Наёфтӣ. Барои он гирифтам, ки рӯзе сар диҳам.
Ҳурмати бинӣ
Филмеро ба навор мегирифтанд. Падарқусури режиссёр дар интихоби актёрон сахтгирӣ мекард. Ниҳоят ситораи толеи яке тофт. Ҳангоми иҷрои нақша мардак режиссёрро писанд накарда, ҳаракатҳои беҷо намуда, мулоимхунукӣ мекард.
Режиссёр ду-се мушт ба зери ҷоғи ӯ фаровард:
– Хап шавед-э, ҳурмати ҳамин биниатона гуфта ба шумо рол диҳам, одама писанд намекунед?
Маҳбуба ТУРСУНОВА

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: