Роҳбари давлат бо ба инобат гирифтани ташаббусҳое, ки таҳти роҳбарии ӯ дар тамоми гӯшаву канори ҷумҳурӣ бо назардошти ҳифзи анъанаву одатҳои ниёгон ба амал бароварда мешавад, таъкид мекунад: «Ӯзбекистон дар зинаи нави рушди миллӣ қарор дорад.
Роҳбари давлат бо ба инобат гирифтани ташаббусҳое, ки таҳти роҳбарии ӯ дар тамоми гӯшаву канори ҷумҳурӣ бо назардошти ҳифзи анъанаву одатҳои ниёгон ба амал бароварда мешавад, таъкид мекунад: «Ӯзбекистон дар зинаи нави рушди миллӣ қарор дорад. Ин зинаи нави ҳаёти озоду мустақил, бунёдкорӣ ва некӯаҳволӣ мебошад».
Аз рӯи панҷ ташаббуси муҳими Президент дар чоряки аввали соли ҷорӣ дар тамоми китобхонаҳои ҷумҳурӣ чорабиниҳо таҳти мавзӯъҳои «Раҳораҳ мехонем», «Китобхониро ҷоннок месозем», «Вохӯрӣ бо адиби дӯстдоштаамон» ва ғайра ташкил карда шуданд. Дар ташаббуси чорум баланд бардоштани маънавияти ҷавонон, дар байни онҳо васеъ тарғиб намудани китобхонӣ ифодаи худро ёфтааст.
Чи тавре ки пештар хабар дода будем, 19-21 май дар Китобхонаи миллии Ӯзбекистон бо ҳамкории якчанд вазорату идораҳо дар Тошканд анҷумани XIV байналхалқӣ таҳти мавзӯи «Сentral Asia – 2021: дар фан, таълим, маданият ва тиҷорат интернет ва ресурсҳои ахбору китобхона» баргузор гардид. Анҷуман бори аввал бо ҳамкории давлатҳои аъзои ИДМ бо номи «Китоб ва мутолиа – захираи стратегии рушди ҷамъият» рӯйи кор омад.
Дар анҷумани васеъмиқёс мутахассисони соҳа аз Русия, Арманистон, Тоҷикистон, Қазоқистон, Озарбойҷон, Белорусия иштирок карданд. Инчунин, мутахассисони якчанд давлати хориҷӣ тавассути онлайн мулоқот намуданд. Дар анҷумани байналхалқӣ ҳолати имрӯзаи ахбору китобхона, иҷрои ҳуҷҷатҳои ҳуқуқӣ доир ба соҳа, таҷриба, масъалаи кадрҳо, созишнома ва нақшаҳои оянда ба имзо расиданд.
– Ҳаёти инсонро бидуни мутолиаи китоб тасаввур кардан имконнопазир аст. Муносибат ба китоб муносибати одамонро ба маънавият ва маърифат муайян мекунад. Бинобар ин, ҷалби аҳолӣ, хусусан, ҷавонон ба китобхонӣ барои ташаккули ҷаҳонбинии онҳо, азхуд кардани донишҳои нав, донистани таърихи халқу ватани худ хизмат мекунад. Барои муайян намудани китобхони беҳтарин дар миқёси мамлакат озмуни «Китобхони ҷавон», «Оилаи китобхони ҷавон»-ро ташкил намудем. Бахшида ба 580-солагии зодрӯзи Алишери Навоӣ аз ҷониби китобхонаҳои ҷумҳурӣ як қатор чорабиниҳо ба амал омаданд. Бахшида ба ин сана 41 грампластинка рақамнок карда шуд, «Соҳиби бузурги гавҳари сухан» ном фотонамоишгоҳ ташкил карда шуд, – гуфт дар баромади худ директори Китобхонаи миллӣ Умеда Тешабоева. – Дар саҳифаҳои иҷтимоӣ фаъолнокии ҷавононро ба инобат гирифта, ғайр аз веб-сайтҳои расмии марказҳои ахбору китобхонаҳои ҷумҳурӣ, саҳифаҳои иҷтимоии Facebook, Instagram, Telegram ва Youtube фаъолият мебарад. Бояд таъкид намуд, ки имрӯз китобхон метавонад дар ҷойҳои ҷамоатӣ бо кӯмаки воситаи мобилӣ тавассути кодҳои QR китобҳои электронии Китобхонаи миллиро мутолиа намояд.
Иштирокдорони анҷуман аз баромадҳои директори Китобхонаи миллии Арманистон Анна Чулян, президенти ассотсиатсияи нашриёти китоббарории Русия Константин Чеченев, ҷонишини директори Китобхонаи миллии Белорус Татяна Кузминич, муовини директори Китобхонаи миллии Тоҷикистон Гадобек Маҳмудов ва дигарон доир ба соҳа маълумотҳои гуногун гирифтанд ва ба таҷрибаи пешқадами онҳо таваҷҷӯҳи хосса зоҳир намуданд.
Дар қисми дуюми анҷумани байналхалқӣ бахшида ба 150-солагии Китобхонаи миллии Ӯзбекистон ба китобдорон ва ходимони соҳа, ки тӯли солҳо дар ин самт фаъолият бурда, дар ҳифзи китобҳои нодир, дастхатҳо, ташаккули маданияти китобхонӣ ва мутолиа, тайёр намудани кадрҳо ҳисса гузоштаанд, нишони сарисинагии «Аълочии ахбору китобхона» ботантана супурда шуд.
– Бо ташаббуси Китобхонаи миллии Ӯзбекистон тайи чанд соли охир конференсияи байналмилалии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад, ки дар он мутахассисони соҳаи китобдории кишварҳои хориҷ иштирок менамоянд. Соли ҷорӣ дар доираи ҷашни 150-солагии таъсисёбии Китобхонаи миллии Ӯзбекистон ин чорабинӣ баргузор шуда истодааст, ки дар баробари намояндагони дигар кишварҳо роҳбарияти Китобхонаи миллии Тоҷикистон низ ширкат намуда истодаанд. Ҳадафи асосии ин конференсия, ки аз шаш бахш иборат аст, масъалаҳои муҳими соҳаи китобдорӣ, аз он ҷумла, масъалаи хониш, нашри китоб, китобхонаҳои намунавӣ, рақамигардонӣ, ҳамкории байналхалқӣ байни кишварҳоро мавриди таҳлил ва омӯзиш қарор додан аст, – гуфт ҳангоми суҳбат муовини директори Китобхонаи миллии Тоҷикистон Гадобек Маҳмудов. – Ташкилкунандагони ин чорабинӣ Агентии ахбор ва коммуникатсияҳои оммавии назди Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва Китобхонаи миллии Ӯзбекистон хеле хуб ва дар сатҳи олӣ ташкил намудаанд. Аз фурсати муносиб истифода бурда, тамоми кормандони Китобхонаи миллии Ӯзбекистонро бо ин ҷашни бузург, яъне 150 солагии китобхона табрик намуда, қайд кардан бамаврид аст, ки китобхонаи мазкур яке аз китобхонаҳои калонтарин дар Осиёи Марказӣ ба шумор меравад, ки дорои бисёр дастхатҳои қадимӣ мебошад ва ҳамчун манбаи таърихӣ хизмат мекунад. Чи хеле ки ба ҳамагон маълум аст, бузургон дар ситоиши китоб бисёр гуфтаанд. Абдураҳмони Ҷомӣ фармудааст:
Аниси кунҷи танҳоӣ китоб
аст,
Фурӯғи субҳи доноӣ китоб
аст.
Г.Маҳмудов ва муовини аввали директори Китобхонаи миллии Тоҷикистон Салима Раҷабзода ба китобхонаи рӯзномаи «Овози тоҷик» китоби нодири «Авасто»-ро, ки бо ҳуруфи кирилӣ рӯйи чопро дидааст, туҳфа намуданд.
С. БЕКНАЗАРОВА,
хабарнигори
«Овози тоҷик».