«Ал-Қонун фит тибб» будани яке аз шоҳасарҳои Абӯалӣ ибни Сино ба ҳамаамон маълум.
. Боз огоҳ ҳастем, ин китоби нодир бо арабӣ таълиф ёфта, дар асрҳои миёна даст ба даст шудааст. «Ал-Қонун»-ро асрҳо дар мактабу мадрасаҳои Мовароуннаҳру Хуросон, Ҳинд, кишварҳои араб ба шогирдон меомӯзонданд. Асари мазкур эътибори аврупоиёнро низ ба худ кашид. Ибни Сино дар Ғарб чун Авитсена ном баровард ва ҳанӯз дар асри XII «Ал-Қонун» ба забони лотинӣ тарҷума карда шуд.
Хӯш, ба форсӣ-тоҷикӣ-чӣ?
Мо имкон надоштем то миёнаи солҳои ҳаштодуми қарни сипаришуда шоҳасари нодири донишманди беназирро бо забони модариамон мутолиа кунем. Ин аҷиб нест?
***
«Ал-Қонун» баробари доманфарохии мазмуну муҳтаво ҳаҷман бузург буда, назар ба фикри мутахассисон, фарогири бештар аз як миллион калима аст. Забони арабӣ забони бой, айни замон, Сино, ки донандаи хуби ин забон буд, аз захира ва имкониятҳои васеи таркиби луғавии ин забон устодона истифода кард. Ин аст, ки тарҷумаи асар кори ниҳоят сахт, сангин ва масъулиятталаб. Лозим меояд даҳҳо китоби луғату фарҳанг, маҷмӯи тавзеҳот варақгардон карда шавад. Мегӯянд, аснои баргардониши «Ал-Қонун» ба русӣ дар вақташ наздик 20 нафар академику профессор ва мутахассисони барҷастаи соҳаи тиб ширкат варзидаанд. Онҳо болои тарҷума ба русӣ 10-12 сол меҳнат карданд.
Тарҷума ба тоҷикӣ чӣ тавр сурат гирифт?
Ба забони модариашон баргардондани шоҳасари бобои бузурги худро ҳамзабонҳои мо кайҳо ният карда ва дар ин бобат машваратҳои зиёди илмӣ доир шуданд. Аз байн солҳо мегузаштанд, вале ба иҷро расондани ин кори ниҳоят муҳим ба таъхир андохта мешуд.
Ба тарҷумону мутахассисони халқҳои дигар мисле ҳама чиз мерасид ва онҳо тарҷумаи «Ал-Қонун»-ро дар вақташ ба анҷом расонданд. Ба тарҷумон ва мутахассисони мо бошад...
Аҷиб, чӣ намерасид?
***
Ба кори вазнин ва ҷонгудози тарҷума ба тоҷикӣ, ниҳоят ҳаракат оғоз ёфт. Вале гурӯҳи олимону пажӯҳишгарон, забондону луғатшиносҳо не, танҳо як нафар ба ин кор ҷуръат намуд – Саиднуриддин Шаҳобуддинов.
Ҳеҷ кас бовар надошт, ки як нафар чунин як кори душвору сангинро ӯҳда намояд. Вале асное ҷилди аввали «Ал-Қонун» дар тарҷума ба тоҷикӣ бо унвони «Андар умури ҳамагонии пизишкӣ» ба табъ расид, бо мутолиа ва ҳосил кардани боварии тамом ба хеле хуб баромадани тарҷума ҳама ангушти ҳайрат газиданд. Ба Саиднуриддин Шаҳобиддинов офаринҳо хонданд. «Аҷиб!» мегуфтанд китобхонҳо, гӯё бо дучороӣ ба як воқеаи ғайричашмдошт.
Аз ҷониби танҳо як нафар баанҷомрасонии бомуваффақияти кори душвор, ки солҳои дароз инҷониб мутахассисонро «метарсонд», дарҳақиқат, як воқеа. Ҳамин тавр не?
***
Саиднуриддин Шаҳобиддинов факултаи шарқшиносии донишгоҳро хатм намуда, чанд сол дар яке аз давлатҳои араб адои вазифа намудааст. Он вақтҳо дар ин факултет хондан ба ҳама даст намедод. Аксар «бойбача»-ҳо курсии донишгоҳ банд карда, баъди соҳиб шудан ба диплом, ба хориҷ мерафтанд, сарват ҷамъ ва мошинҳои замонавӣ харид менамуданд. Яъне, мақсади асосӣ аз шарқшиносӣ – хориҷравӣ ва мошинхарӣ.
Саиднуриддин низ метавонист «ГАЗ 24» харад, вале ин тавр накард. Ба сарвате, ки ғун карда буд, китоб харид. Шумо аҷиб, мегуфтанд шиносонаш, автомобил харед намешавад?
***
«Ал-Қонун», ниҳоят, ба тоҷикӣ низ нашр шуд. Ба фурӯш рафт?
Дидаем ва имрӯз ҳам мебинем, ки аксарият ба «адабиёти кӯча», ки шояд воситаи хуби вақтгузаронист, таваҷҷӯҳ доранд. Китобҳои баарзиш, мутаассифона солҳои дароз дар рафи дӯконҳои китобфурӯшӣ мехобанд.
Ба «Андар умури ҳамагонии пизишкӣ» низ чунин рӯй дод?
Не, хушбахтона. Ҳазору ду ҳазор не, бо адади 20 ҳазор аз чоп баромада буд он ва дар як фурсати кӯтоҳ куллан ба фурӯш рафт. «Во аҷаб» мегуфтанд ноширҳо, дар ҳоле дилашон ба ваҷд меомад. Китобдӯстон ба нашри «Ал-Қонун» бо забони модариашон то ин дараҷа нигарон ва ташна буданд?
***
Вақте аз хусуси хидматҳои шоёни Саиднуриддин даҳон кушоянд, вай: «Ин корро ман накунам, каси дигар мекард», мегуфтааст бо камоли фурӯтанӣ.
Каси дигар мекард? Пас аз ҷониби каси дигар ё касҳои дигар чаро ин кори муҳим анҷом дода нашуд? То ба ҳол анҷом дода нашуд?
***
Шояд шумо фикр кунед Саиднуриддин Шаҳобуддинов, ки тарҷумаи «Ал-Қонун»-ро ба тоҷикӣ устодона ӯҳда кардааст, соҳиби дараҷаҳои баланди илмист: профессор, академик...
Аснои шурӯъ ба тарҷума вай китобдори оддӣ буду халос. Бале, чун китобдори захираи дастнависҳои Институти шарқшиносӣ адои вазифа менамуд. Миёни китоб ва дастнависҳои нодир истода, эҳтимол бо дастгирии рӯҳи бузургворон, кори чанд луғатшиносу мутарҷим, академику зуфунунро як худаш ба хубӣ сару сомон бахшид ин китобдори донишманд.
Ш. МУҲАММАД.