КИТОБЕ, КИ ДАР ЯК ШАБ ХОНДА ШУД

Нависандагон бисёранд, асарҳои бадеӣ бешумор.

Нависандагон бисёранд, асарҳои бадеӣ бешумор. Аммо агар қаламкаше аз деҳа ё диёри худат бошад ва дар навиштаҳои ӯ манзараҳои ба худат ошно, воқеаю рӯйдодҳои шунида, саргузашти инсонҳои шиносро бихонӣ, асари ӯ дар назарат гуворою дилкаштар менамояд. Дилат мехоҳад аз хондани ҳикоя ва қиссаҳои ӯ сар набардорӣ, ба хурдтарин деталҳои тасвиркардааш диққат диҳӣ, бештар ба олами фикру тахайюлоти хомабадасти ошно фурӯ равӣ. 
Камина китоби «Ҷоми саргардон»-ро се бор хондам. Сабабашро худам ҳам намедонам, вале ҳар бори мутолиа маро саҳнаҳои тасвиршуда дар ин асар мисли оҳанрабо ҷазб мекунад. Қиссаи «Гурез аз худ» дар бораи тақдири як муаллими худбохта нақл мекунад. Ромиш омӯзгори хуб буд, пешаашро дӯст медошт, лекин аз дасти мушкилоти зиндагӣ ӯ ба роҳи каҷ меравад. Мехоҳад «кори савоб» кунад, вале надониста пушти сари ҳам ба аъмоли баду хатарнок даст мезанад ва дар ниҳоят, ҳодисот чунон печида мешаванд, ки пойи ба роҳи каҷ гузоштаи муаллим ӯро то гӯр мебарад. Фарҷоми қисса бисёр риққатовар аст, вале тамоми рӯйдодҳои дохили он тарбиявӣ ва воқеӣ мебошанд. Барои мане, ки муаллим ва раҳбари мактаб ҳастам, ин қисса як воситаи муҳими тарбиявӣ аст ва чандин бор мутолиа ва ибрат гирифтани ҳамкоронамро аз нақлҳои таркиби ин қисса хостаам.
Қиссаи дигар – «Равзанаи умед» беҳтарин асари дӯстдоштаи ман аст! Ин қисса ба ғайр аз нақли бадеӣ будан, як санади муҳими таърихӣ низ мебошад. Муаллиф дар хусуси воқеаҳое сухан меронад, ки дар замонҳои начандон дур ҳама бобою бобокалонҳои мо аз сар гузарондаанд. Ҳамлаю ҳуҷумҳои бемаврид, зӯроварӣ ва дуздию ғоратгариҳои душманони ҳарис ва роҳзанҳо, ки мо онҳоро «ёв» мегӯем, дар ҳар як деҳаи кӯҳистони мо сурат гирифтааст. Аз пайи ин зулму ситам халқ чӣ рӯзҳои фоҷеаангезеро аз сар нагузарондааст! Забони шево, нақлҳои пайдарҳам, таъбиру ибораҳои бамавқеъ ва ба хусус, бо як тобиши хоси бадеӣ ба тарзи воқеӣ баён кардани ҳодисаҳо хонандаро ба ваҷд меоварад. Масалан, ман моҷармӣ ҳастам, муаллифи асар аз деҳаи Эҷ. Ӯ ҳангоми офаридани сужетҳои худ асло деҳаи худро, одамони зодгоҳи худро ё дар кул, ҷоеро нисбат ба ҷойи дигаре афзал намешуморад. Барои мисол, ҳамон ҳикояти «Ҷашни куштӣ»-ро бигирем. Муаллиф метавонист қаҳрамони асари худ —  Суҳробро аз ҳама зӯртар, нерумандтар нишон диҳад, вале ин тавр намекунад. Чун дар куштигирӣ ҳеч деҳае дар куҳпояи мо ба Моҷарм баробарӣ намекунад, ин ҳақиқатро нависанда бо тасвирҳои олиҷаноб возеҳу равшан нишон медиҳад. Суҳроб ҷавонмардона дар назди устоди моҷармии худ таъзим ба ҷо меоварад ва дуои ӯро мегирад. Ин пора аз қисса:
«Суҳроб аз даври дӯстонаш берун омада мустақиман ба назди Ҷӯрапаҳлавон рафт. Бо эҳтиром дасти ӯро гирифту арз кард: 
– Тақсир, вақте ки шумо ҳастед, мо чӣ кораем? Ин охирин дасти куштигирист, хоҳиш мекунам, худатон ба майдон бароед.  
– Иззати меҳмон аз ҳама чиз болотар аст. Мехоҳам дар ин кӯҳпоя ту кори моро идома диҳӣ ва ҳоло барои худатро нишон додан фурсати муносиб расидааст. Дудила нашав, иродаатро маҳкам гир, то охир талош кун! Ман ба ту бовар дорам, албатта, дастболо мешавӣ!».
Дар бораи қиссаҳои «Гурез аз худ» ва «Равзанаи умед», ҳамчунин перомуни ҳикояҳои китоби «Ҷоми саргардон» гуфтаниҳои ман кам нест. Ҳоло то ин ҷо фикрҳоямро навиштаму сабаби асосии қалам ба даст гирифтани худро нагуфтам. «Китобе, ки дар як шаб хонда шуд» гапи беҳуда нест. 
Боре раиси Маркази тоҷикони вилояти Ҷиззах Абдукарим Шарипов дар деҳаи Ӯхм як ҷашни ботантанаи ҳамбастагии миллатҳоро баргузор кард. Дар он маърака аз чор сӯ меҳмонон омада буданд. Барандаи ҷашн овозхони маъруфи кӯҳпоя Дилмурод Қӯзиев буд. Суханрониҳо шуд, устодон ва шогирдон шеър хонданд, латифаҳо гуфтанд, оҳангҳои ҷаззоб садо дод, рақсу бозиҳо доир гардид. Ва ниҳоят, пас аз хотимаи қисми тантанавӣ созмондиҳандагони ҷашн ҳамроҳ бо «соҳибони хона» ҳамаро ба гирди суфраи нозу неъмат даъват намуданд. Иттифоқан, камина бо устодони сухан Абдулло Субҳон, Ҷаъфари Муҳаммад ва Юнуси Имомназар ба самти маъракаи пазироӣ мерафтем. Ногоҳ марде аз миёни селаи одамон ҷудо шуда рост ба сӯйи мо омад. Ӯ бо эҳтиром саломуалейк кард, вале ғайриихтиёр бародарамон Юнуси Имомназарро ба оғӯш кашид. Чеҳрааш шукуфон буд, ба назарам чашмонаш пури ашк намуд, оби дидааш бо нури хуршед ҷило медод. Ӯ бо як муҳаббати бепоён дасти бародарро сар надода гуфт:
– «Ҷоми саргардон» китоби дӯстдоштаи ман аст, бори аввал онро дар як шаб, дар зери чароғ хонда баромадам! Ташаккур ба шумо!
Аз ин суханҳои меҳромези ӯ ҳама ба ваҷд омадем. Абдулло Субҳон гуфт:
– Э, боракаллоҳ! Ана инро мухлис мегӯянд!
Умри инсон мисли оби ҷӯй мегузарад. Аз он воқеа ҳам чанд сол гузашт. Ман фахр мекунам, ки имрӯз ҳамдиёри мо Юнуси Имомназар яке аз хоманигорони зубда ва шинохтаи кишвар аст. Ӯ бо асарҳои «Аз гулгашти Мусалло то Нақши Ҷаҳон», «Аз санг сахт, аз гул нозук», «Ҷоми саргардон», «Деҳаи зархез» ва ба воситаи китобҳои дастҷамъии «Се барги сабз», «Суғдиёна» ва чандин ҳикоя, ки ҳанӯз дар китобҳо ҷой нашудаанд, ба дили хонандагон роҳ ёфтааст, алоқамандони бешумор дорад. Шунидам, ки ба наздикӣ нахустин романи ӯ аз чоп мебарояд. Ин на танҳо барои худи нависанда, балки барои миллат ва адабиёти мо туҳфаи арзандае хоҳад шуд.
Боиси хурсандист, ки ба туфайли ободсозиҳои кишварамон дар калонтарин деҳаҳои кӯҳпояи Нурато истгоҳҳои расонандаи операторони мобилӣ ва шабакаҳои интернетӣ шинонда шудаанд. Мо тавассути ин воситаҳои муҳим шабу рӯз бо хабарҳои ҷаҳон, навигариҳои сиёсию иҷтимоӣ, илмию фарҳангӣ ва ғайра шинос мешавем. Аз ҷумла Юнуси Имомназар низ дар ин бобат хеле фаъол аст. Ӯ гурӯҳи маърифатию фарҳангии «Эҷи зархез»-ро роҳандозӣ кардааст ва дар он на танҳо роҷеъ ба Эҷ, балки дар бораи дастовардҳои тамоми деҳаҳои тоҷикнишини кӯҳистони Нурато, одамони пешсафу шинохтаи ин диёр, расму оин, ҷуғрофиё, таърих, меъморӣ нақл мекунад, аксҳои ҷолибро мегузорад, наворҳои диданиро пахш мекунад. Чунончи, дар бораи Моҷарми мо чанд матлаби  ӯ доир ба ёдгориҳои деҳа, арчаи дуҳазорсола,  оромгоҳи Ҳазрати Зайнулобиддин (Саид Алоуддин), зиёратгоҳи «Эшони Халифа» (Андагин) пахш шудаанд.
Хулосаи калом, мо бояд ба қадри ҳамдигар бирасем, аз зиёиёну бузургони худ ҷонибдорӣ намоем, асарҳои боарзишро дар байни халқ тарғибу паҳн кунем. Ба хотири ин кори хайр бояд ҳар як рӯзи умрамонро ғанимат донем.

 Асалбой АКАБОЕВ,
роҳбари мактаби 
рақами 32-юми
деҳаи Моҷарми 
ноҳияи Фориш.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: