КИТОБЕ, КИ МАТОНАТИ ХАЛҚРО МАДҲ МЕНАМОЯД

Китоби нав

Ба ҳама маълум аст, ки соли 2020 дар таърихи тамоми инсоният ҳамчун давраи озмоиши ҷиддӣ мӯҳр зад. «COVID-19», ки соли 2019 пайдо шуд, дар саросари ҷаҳон босуръат паҳн шуда, ҳанӯз боиси нигаронӣ ва таҳлука дар саросари дунё гардид.
Ин бемории сирояткунанда кишвари моро низ канор нагузошт.
Дар асоси супориши Президент Шавкат Мирзиёев оид ба гирифтани пеши роҳи паҳншавии инфексияи коронавирус дар мамлакат, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, таъмин намудани осоиштагии санитарию эпидемиологии ҳудудҳо дар муддати кутоҳ маҷмӯи чораҳо муайян шуданд. 
Мутаассифона, дар вазъияте, ки тамоми ҷаҳон таҳти таҳлукаи коронавирус қарор дорад, талафоте, ки шамоли шадид дар вилояти Бухоро, обхезии вилояти Сирдарё овард, матонати халқи кишварамонро бори дигар аз озмоиш гузаронд.  
Мардуми мо, ки бисёр чизҳоро дида ва дар душвориҳо обутоб ёфтааст, ин офатҳоро низ бо матонат паси сар намуд.
Китоби нави «Офат ва матонат», ки ба қарибӣ дар нашриёти «Ӯзбекистон» аз чоп баромад, дар бораи равандҳои таърихии кишварамон дар давраи мураккаби пандемия, аз ҷумла, чораҳои фаврӣ ва таъҷилии аз ҷониби давлат ва ҳукумати мо бо мақсади мубориза бурдан  бо ин офат таҳияшуда, ташаббусҳои нек ва хайрхоҳонаи амалишуда,  хислатҳои наҷиби мардуми таҳаммулпазир ва наҷибамон нақл мекунад, ки офатҳои табиӣ ва техногении ғайричашмдоштро бо далерӣ, пурсабрӣ ва матонат бартараф кардаанд.
Боз як ҷанбаи  муҳим –ин китоб  ҳамаи моро ташвиқ мекунад, ки дар муқобили пандемияи мураккабе, ки ҳоло ҳам дар саросари ҷаҳон идома дорад, ҳушёр бошем, аз рӯзҳои озмоишӣ сабақи муносиб гирифта, аз донишу таҷрибаҳои андӯхташудаи ҳаёт самаранок истифода барем.

ӮзА

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: