КИТОБХОНАИ «АБДУРАҲИМИ БЕҲБУД»

Дар деҳаи Демирсади ноҳияи Сӯх боз як маскани маънавият ва маърифат – китобхонаи «Абдураҳими Беҳбуд» дари худро ба шефтагони каломи бадеъ ва осори адибони тоҷику ӯзбек боз намуд.

Дар маросими кушодашавии он сардорони чаҳор сектор таҳти раёсати ҳокими ноҳия Фаррух Ӯсаров, ҳамчунин  аҳли зиёву маърифат ва пиру барнои деҳ иштирок карданд.
– Ифтитоҳи ин китобхона дар болоравии маърифат ва маънавияти мардуми деҳаҳои Демирсад, Гулистон ва амсоли он, хоссатан ҷавонони ин деҳот хеле мусоидат хоҳад кард. Шодравон Абдураҳими Беҳбуд ҳамвора бо он ки дар таълиму тарбияи насли наврас пешсаф буд, аз саромадони аҳли адабу фарҳанги  ноҳияи мо маҳсуб меёфт. Аммо марги нобаҳангом ӯро аз байни мо барвақт рабуд. Ин китобхона дар боқӣ шудани номи Беҳбуд хизмат хоҳад кард. Бовар дорам, ки хазинаи ин китобхона рӯз аз рӯз ғанитар мегардад ва ба маскани дӯстдоштаи мардуми зиёд табдил меёбад, – изҳор кард Фаррух Ӯсаров.
 Вақте ки лента бурида шуд, вориди китобхонаи «Абдураҳим Беҳбуд» шудем. Дар рафи китобҳо намунаҳои зиёдеро аз осори шоирону нависандагони адабиёти ғановатмандамон бо диди баланд чида буданд. Аз «Самаки айёр», «Гулистон» ва «Бӯстон»-и Саъдӣ ва даҳҳо китобҳои адибони классикии форсу тоҷик то беҳтарин гулдастаи осори адибони муосирро дар он метавон пайдо кард.
– Ман аз китобхонаи шахсии худ 100 дона китоби бадеӣ, илмӣ ва публитсистиро ба ин китобхона ҳадя кардам. Дигарон низ даста-даста китобҳоро оварда месупоранд. Фикр мекунам, ки ин китобхона аз нигоҳи хазинаи маонӣ дар ноҳия аз шумори китобхонаҳои беҳтарин шинохта хоҳад шуд, – мегӯяд директори мактаби деҳа Равшани Мӯъмин.
– Аз марафони китобсупорӣ банда низ дар канор намондам. Ба ин китобхона беш аз панҷоҳ номгӯй китоби бадеиро оварда супурдам. Абдураҳими Беҳбуд бароям ҳаққи  устодӣ дорад ва ҳангоми ҷамъоварии мавод барои рисолаи номзадиам низ дасти кӯмак дароз кардааст, – гуфт номзади илми таърих Ӯринбой Сӯфиев.
 Ҳоло дар деҳаҳои зиёди ноҳияи Сӯх ташкили чунин китобхонаҳо ба ҳукми анъана даромадааст. Шумораи ин китобхонаҳо аз даҳ адад беш аст ва ин раванд идома дорад. 

Файзулло 
ИБРОҲИМОВ.

Вилояти ФАРҒОНА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: