КИТОБХОНАИ ҶАВОНОНИ НАМАНГОН – МАЪВОИ ДОНИШ

Китобхона аз қадимулайём маъвои маърифат маҳсуб меёфт.

Китобхона аз қадимулайём маъвои маърифат маҳсуб меёфт. Муҳаббат ба китоб дар дили инсон маҳз ҳангоми қироати он дар китобхона пайдо мешавад.
Дар партави пешрафти ҷаҳони кунунӣ кор дар китобхонаҳо ба тарзи нав, бо истифодаи технологияҳои пешқадами иттилоотӣ ба роҳ монда мешавад. Вобаста ба ин дар кишвари мо корҳои мунтазам амалӣ мешаванд.
Китобхонаи ҷавонон дар Намангон сеошёна мебошад, дар ин ҷо шароитҳои замонавӣ фароҳам оварда шудаанд. Вай дар як вақт ба 500 китобхон хидмат карда метавонад, китобхона ба рушди маънавияти аҳолӣ, бахусус ҷавонон, тарғибу ташвиқи китобхонӣ мусоидат менамояд. Дар маъвои дониш барои 250 ҳазор китоб ҷойи махсуси нигоҳдорӣ, толори қироат, хонаҳои компутерӣ, қаҳвахона, майдончаи бачагона ва фаввораҳо мавҷуданд.
Барои шахсони имконияти ҷисмониашон маҳдуд хонаи махсуси мутолиа сохта шудааст, ки дар он нашрияҳо ба хати Брайл ҳастанд, дар компутерҳо бошад, барномаи махсуси «Javs» устувор карда шудааст. Барои хонандагони китоб дукони китоб амал мекунад, дар он низ хидматҳои иловагӣ мавҷуданд. Майдончаи хониши компутерӣ ва «Соҳати сабз»-и истифода аз интернет барои 70 ҷой ва қаҳвахона барои 80 нафар бунёд карда шудаанд.
– Дар китобхонаи ҷавонон ва истифодабарандагони он барои мутолиаи доимӣ ва мустақил бо технологияҳои ҳозиразамони иттилоотӣ кӯмак расонида мешавад, – мегӯяд директори Китобхонаи миллии ба номи Алишери Навоӣ Умеда Тешабоева. – Аз тариқи пойгоҳи электронии маълумот, интернет-захираҳо хидматҳои иттилоотӣ пешкаш карда мешаванд. Номгӯйи хидматҳо дар соҳаҳои гуногун васеъ ва компутерикунонида шудаанд.
Дар китобхонаи ҷавонон беш аз 100 ҳазор нусха адабиётҳои бадеӣ, илмӣ ва таълимӣ мавҷуданд. 10 ҳазор адади онҳо аз Русия оварда шудаанд. Дар ин ҷо ҳамчунин нусхаҳои электронии 100 ҳазор адад китоб вобаста ба мавзӯъҳои гуногун нигаҳдорӣ мешаванд.
Дар ошёнаи сеюми бино китобхонаи рақамӣ ҷойгир аст, ки дар пойгоҳи IT Park бунёд гардидааст. Дар пойгоҳи электронии он зиёда аз 3 миллион нусха китобҳои рақамӣ, беш аз ҳазор китоби аудиоӣ мавҷуданд.
– То ба наздикӣ дар китобхонаҳо IT Park набуд, – мегӯяд директори IT Park Фарҳод Иброҳимов. – Дар вилояти Намангон чунин таҷриба бори аввал татбиқ гардид. Ин аз он ҷиҳат аҳамиятнок мебошад, ки дар китобхонаи ҷавонон метавон аз тамоми китобҳои рақамикунонидашудаи ҷаҳон истифода бурд. Мутаассифона, ҳанӯз чунин китобхонаҳо дар деҳоти дурдаст кушода нашудаанд, вале дар ҳар кадом ноҳия бахшҳои IT Park ҳастанд. Дар пояи онҳо имконият фароҳам омад, ки ба истифодабарандагони маҳалҳо тамоми китобҳои рақамикунонидашуда расонда дода шаванд. Аз IT Park метавон ҳамчун воситаи маълумотгирӣ ва ҳам ба сифати китобхона истифода бурд.
Дар китобхонаи ҷавонон якҷо бо IT Park 2 синфхонаи таълимӣ низ ба кор пардохт. Дар ин ҷо ҷавонон барномасозӣ ва ороишоти компутериро меомӯзанд. Ташаббуси мазкур аз ҷониби резидентҳои IT Park дар саросари вилояти Намангон татбиқ карда мешавад.
Сокини ноҳияи Поп Норбек Юсуфҷонови 23-сола дар Донишгоҳи Куриёи Ҷанубӣ таҳсил мекунад.  Дар давраи таътил вай ба ҷавонони ноҳия технологияҳои рақамиро меомӯзонад.
– Бо вуҷуди он ки мо кори худро ба қарибӣ оғоз намудем, сафи ҷавононе, ки мехоҳанд соҳаи мазкурро аз худ намоянд, рӯз аз рӯз меафзояд, – мегӯяд Н.Юсуфҷонов. – Ҳоло мо бинобар лоиҳаи нав оид ба китобхонаи рақамӣ ва низоми нигаҳдории тандурустии Намангон кор мебарем. Аз ҷумла имконияти истифодаи бунёди китоби китобхонаҳои бонуфузи ҷаҳон аз тариқи такмил додани низоми Китобхонаи рақамии Намангон фароҳам меояд.
Баъди тамошои китобхонаи ҷавонони Намангон кас муҳити махсусро эҳсос менамояд.
Дар ин ҷо писарону духтарон дониши худро зиёд мекунанд. Онҳо ният доранд, ки мутахассисони соҳибихтисос шаванд, уфуқҳои нави илмро забт намоянд.

Абдулазиз МУСОЕВ,
хабарнигори ӮзА. 
Дар суратҳо: дар китобхонаи ҷавонони Намангон.
Суратгир: Т.МАМАДАМИНОВ (ӮзА).

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: