«КИТОБХОНАИ ТАЪҶИЛӢ» – ДАР МАҲАЛЛАҲО

Шуъбаи ноҳияи Попи Маркази маънавият ва маърифати ҷумҳурӣ бо ҳамкории Маркази ахбори китобхонаи ноҳия дар доираи «Китоб – оинаи маънавияти инсон» дар маҳаллаҳо китобхонаи таъҷилӣ ташкил намуд.

Шуъбаи ноҳияи Попи Маркази маънавият ва маърифати ҷумҳурӣ бо ҳамкории Маркази ахбори китобхонаи ноҳия дар доираи «Китоб – оинаи маънавияти инсон» дар маҳаллаҳо китобхонаи таъҷилӣ ташкил намуд.
Китобҳои бадеӣ, сиёсӣ ва оиди соҳаҳои гуногун аз рафи «китобхона» ҷой гирифтаанд.
Ташкилотчиёни чорабинӣ дар ҳузури аҳолии маҳаллаҳои Боғкӯча, Ойбек, Пиллакаш, Гузар ва Миришкор буда, оиди фаъолияти китобхона ва манфиати мутоилаи китобхонӣ сухан ронданд.
– Чорабинии мазкурро дар асоси иҷрои қарори Девони Вазирон «Дар бораи рушди маданияти китобхонӣ дар солҳои 2020-2025 ва тасдиқи дастгирии барномаи миллӣ» ташкил намудем, – мегӯяд раҳбари шуъбаи ноҳиявии Маркази маънавият ва маърифат Фарҳодҷон Примназаров.
Дар ин тадбире, ки ба мақсади такмили маънавияти аҳолӣ, ҳавасманд кардани онон ба китобхонӣ, барқарор намудани қадриятҳои миллӣ, махсусан, барои васеъ гардондани ҷаҳонбинии ҷавонон нигаронида шудааст, шаҳрвандони маҳаллаҳо фаъол иштирок карданд.
– Ба ташкилотчиён ташаккур, – гуфт бошандаи маҳаллаи Пиллакаш Машраббой Исмоилови 73-сола. – Ин ташаббус ба ҷаҳонбинии ҷавонон хеле муҳим мебошад. Зеро китобхона то дари хонаамон омад. Мо, калонсолон аз он китобҳо харида ба ҷавонон намуна бояд шавем, то ки дар қалби онон меҳр ва ҳаваси китобхониро бедор кунем. «Китобхонаи таъҷилӣ» аллакай дар рӯзи аввал 138 нафарро ба худ аъзо намуд.

Шоҳида ДАМИНОВА.
Вилояти НАМАНГОН.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: