КИТОБХОНАҲОИ МАРДУМӢ ДАР ШАҲРИ ФАРҒОНА

Дар назди ҷамоатҳои шаҳрвандони маҳаллаҳои «Соҳибкор», «Наврӯз», «Бешбола» ва «Ҳувайдо»-и шаҳри Фарғона маросимҳои ифтитоҳи китобхонаҳои мардумӣ баргузор гардиданд.

Дар ин маросим намояндагони ҳокимияти вилоят ва шаҳри Фарғона, вакилони Бунёди хайрияи иҷтимоии «Маҳалла» ва як гурӯҳ адибон ширкат карданд. Хазинаи ин китобхонаҳо ҳудудан аз дуҳазор нусхагӣ иборат буда, аз китобҳои бадеӣ, илмӣ, иҷтимоиву сиёсӣ ва бачагона ташкил ёфтаанд.
Дар вилояти Фарғона таъсиси чунин китобхонаҳо ба ҳукми анъана даромадааст. Бори нахуст чунин китобхонаи мардумиро соҳибкори риштонӣ Дилшод Болтабоев (мутахаллис ба Дима Қаюм) ифтитоҳ намудааст. Ин китобхона дар яке аз гӯшаҳои бозори деҳқонии шаҳри Риштон маскан гузида, дар айни ҳол ба ҷои дӯстдоштаи шефтагони каломи бадеъ табдил ёфтааст. 
Аз ин китобхонаи мардумӣ арбобони давлатӣ,  адибони шинохта ва соҳибкорон боздид кардаанд ва дар ғанӣ сохтани хазинаи он дасти кӯмак дароз кардаанд. Дар мавриди сохтмони китобхонаи мардумии Дилшод Болтабоев ва мавриди баҳрабардорӣ қарор додани он аҳли қалам, соҳибкорону тоҷирон ва ҳокимияти ноҳияи Риштон саҳми калон гирифтаанд.
Дар шаҳру ноҳияҳои вилоят таъсиси китобхонаҳои мардумӣ доман фарох намудааст.

М. АҲРОРОВ.
Вилояти ФАРҒОНА.
 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: