КИТОБХОНАҲОИ ШАХСИИ АДИБОН БА ХОНАНДАГОН ДАРИ ХУДРО БОЗ КАРД

Дар хонаҳое, ки адибони маъруф, узви Иттифоқи нависандагони Ӯзбекистон Одил Ҳотамов ва Шойим Шерназар зиндагӣ кардаанд, маросими ботантанаи кушодашавии китобхонаҳои шахсии адибон дар ҷамоати шаҳрвандони «Кӯҳнақӯрғон» ва «Дӯрмон»-и ноҳияи Карманаи вилояти Навоӣ баргузор гардид.

Ҳамчунин лавҳаҳои хотиравӣ гузошта шуд. Дар пештоқи хонаҳои эҷодии адибон навиштаҷоти «Китобхонаи нависандагони Ӯзбекистон» қалби ҳар як хонандаро фараҳ мебахшад.
Дар маросими кушодашавии китобхона бо роҳбарии раиси шуъбаи вилоятии Иттифоқи нависандагон Баҳриддин Садриддинов як гурӯҳ адибон ва аҳолии маҳаллӣ иштирок намуданд. Адабиётшинос Абдуҳамид Холмуродов, шоирон Достон Мавлонов, Бахтиёр Тошназаров ва дигарон ба ҳозирин аз хотираҳои худ ҳикоят намуда, шеърҳо қироат карданд.
Бо иштироки меҳмонон ва намояндагони маҳаллаҳо лентаи сурх бурида, лавҳаи мармарӣ боз гардид.

Ӯзбакбойи РАҲМОН, 
хабарнигори «Овози тоҷик».
Вилояти НАВОӢ. 

 

ДУШВОРИҲО БАРТАРАФ МЕГАРДАНД
Қабули сайёри навбатии ҳокими ноҳияи Чуст дар  маҷлисгоҳи мактаби таълими миёнаи умумии рақами 58-уми ноҳия сурат гирифт. 
Дар он асосан ҷавонон, шаҳрвандони маҳаллаҳои Қалъаи Поён ва Майдон  пазируфта шуданд. Ба роҳбар онҳо оид ба ҳалли мушкилоти  иҷтимоию маишӣ  муроҷиат намуданд. Чунончи, сокинон Гулноза Ҳасанова, Гулноза  Султонова, Аюбҷон  Мирбозоров,  Аъзамҷон Усмонов, Тоштилло Ҷӯраева  ва боз чанде масъалаҳои кумак ба муолиҷа, таъминоти иҷтимоии оби тоза, вомгирӣ аз бонк ва ёрӣ ба сохтмони манзилро ба миён ниҳоданд. Боз пурра ва саривақтӣ дастраскунии гази моеъ ба аҳолӣ  муҳокима гардид.
Ҳоким  Бахтиёрҷон Салимҷонов барои рафъи душвориҳо ва ёрӣ ба эҳтиёҷмандон ба сарварони созмону  муассисаҳо супоришҳо дод.
      
Ш. МИРЗОЕВ.
Вилояти НАМАНГОН.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: