«КИТОБХОНИ ҶАВОН»

Китоб мунису ғамхор ва ҳамдаму ҳамрози мост.

Аз китоб зиндагиву ҳаётро амиқтар меомӯзем. Инак, бо ибтикори Сарвари давлат Шавкат Мирзиёев ба китоб ва мутолиаи он дубора эътибор нигаронида шуд. 
Озмунҳои гуногун ташкил карда мешавад. Ба беҳтарин китобхонон туҳфаҳои гаронбаҳо, ҳатто мошини сабукрави «Спарк» тақдим мегардад.
Чанде қабл миёни наврасони аз 10 то 14-сола марҳилаи вилоятии озмуни «Китобхони ҷавон» доир гардид. Дар он аз сездаҳ ноҳияи вилоят як нафарӣ (ҳамагӣ сездаҳ нафар) иштирок намуданд. Узви ҳакамон камбудӣ ва норасоиҳои ҷавобҳои иштирокчиёнро дар рафти озмун ислоҳ карданд.
Натиҷаи озмуни «Китобхони ҷавон» собит сохт, ки аз ноҳияи Зомин Фарангис Ғайбуллоева ба ҷойи аввал лоиқ аст. Ӯ ба марҳилаи ҷумҳурӣ роҳхат гирифт. Озмун аз рӯйи синну соли дигар ҳоло идома дорад.

Анорбой НАЗАРОВ,
хабарнигори «Овози тоҷик».

Вилояти ҶИЗЗАХ.
 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: