КИТОБХОНИ СОЛ ДОНИШИ ФАРОХТАР БОЯД ДОШТА БОШАД

АНДЕШАҲОИ ПАС АЗ ТАМОШО

Соли дуюм аст, ки дар кишвар озмуни «Китобхони сол» вобаста ба синну сол гузаронида мешавад. Зинаҳои аввали ин тадбир дар мактабу маҳалҳо ва ноҳияю вилоят гузаронида шуда, аз зинаи вилоятӣ як нафар ба зинаи ҷумҳуриявӣ роҳхат мегирад.  Хурсандиовар аст, зинаи ниҳоӣ дар пойтахти кишвар гузаронида шуда, аз тариқи телевизион мустақиман намоиш дода мешавад. 
Ин амали нек дар навбати аввал шаҳрвандонро ба китобхонӣ дилгарм мекунад. Дар қалби ҳар як тамошобин шавқи донишро бедор намуда, онҳоро ба китобхонӣ бештар моил мекунад. 
Мақсад аз нигориши  ин сатрҳо баёни муносибат нисбати шартҳои «Заковатманди адабиёти ҷаҳон» ва «Мутафаккир ва адиби бузург» мебошад. Имрӯз ин тадбирро аз телевизион ашхоси зиёд тамошо мекунанд, лаззати маънавӣ мегиранд. Он барнома боиси гуфтугӯҳои зиёд, яъне баҳсу андешаронӣ сурат гирифтааст. Албатта, ҳар кас дар алоқамандӣ бо ҷаҳонбиниву маърифаташ фикр баён мекунад. 
Давраи ниҳоӣ 14  иштироккунанда  дорад,  аз 14 ҳудуди маъмурии кишвар. Онҳо дар натиҷаи баҳсу талош,  заҳмату меҳнати бехобиҳои  зиёд то давраи ниҳоӣ расиданд. Чандин   рақибро дар  вилоят   мағлуб   карданд. Санҷиши  чандин  ҳакамро паси  сар  намуданд.  Албатта, телевизион  аудиторияи васеъ дорад.  Ба  замми  ин,  ҷавоб дар  назди  ҳакамони  серталаб масъулияти  бештарро  тақозо мекунад. Ин  ҳама  аз  иштироккунанда  сабру  таҳаммули зиёд тақозо мекунад. 
Домони   адабиёт  фарох,  уқёнуси   ҷаҳониро   шабеҳ  аст. На  ҳар  кас, ҳатто беҳтарин китобхон  ҳам  аз  он  ҳама   комёбиҳо бархурдор  шуда  наметавонад. 
Дар ибтидо ҳар кас бояд адабиёти халқи худро хуб донад. Вале  раванди «Китобхони сол» баъзан акси ин андеша  буд. Борҳо  шоҳид  шудем, ки  ҷавонон доири ҳаёт ва фаъолият, осори намояндагони барҷастаи адабиёти навини ӯзбек  умуман тасаввурот надоранд ва ё ҷавобҳо хеле ноқис буданд. Чунин  ҳодиса  нисбати Ҳамза Ҳакимзода Ниёзӣ, адиби шинохта, академик Мақсуд Шайхзода, яке  аз саромадони адабиёти навини ӯзбек, Устод Айнӣ, ки аксар романҳояшро ба забони ӯзбекӣ ва аввалин монографияро  доири ҳаёт ва фаъолияти Алишери  Навоӣ навишта, дар тарбия ва ташаккули чандин адибону олимони ӯзбек саҳми беназир гузоштааст, рух дод. Баъзе иштироккунандагон доири алломаҳое мисли Ибни Сино, Имом Бухорӣ, Мотурудӣ ва чанди дигар тасаввуроти кофӣ надоранд. Ҳол он ки ҳаёт ва фаъолияти абармардони сарзамини мо дар синфи панҷум аз фанҳои «Эҳсоси Ватан» ва «Таърих« омӯзонида  мешавад. Ҳамаи иштирокдорон дар солҳои истиқлолияти давлатии Ӯзбекистон таълим ва таҳсил гирифтаанду мегиранд.
То барҳамхӯрии  хонигариҳои аморат адабиёти тоҷику ӯзбек бо ҳамбастагии қавӣ ташаккул ёфтааст. Дар саргаҳи ин анъанаи нек Ҷомӣ ва Навоӣ қарор доштанд. Ҳавзаҳои адабӣ дар Бухоро, Ҳирот ва ё Самарқанду Қӯқанду Хева ягона буд. Ҳар касе, ки аз таърихи адабиёти халқҳои Осиёи Марказӣ огоҳӣ дорад, ба ин андеша розӣ мешавад. Адибон аз ҳамдигар меомӯхтанд, адабиётро ривоҷ  медоданд.
Медонем, ки Навоӣ ба забони форсӣ-тоҷикӣ девон дорад. Онро адабиётшиноси забардасти ӯзбек Ҳ.Сулаймонӣ аз Эрону Туркия дастрас карда, бо тарҷумааш пешкаши  хонандагон  намудааст.  Мутаассифона, иштироккунандае, ки доири осори Навоӣ посух дод, аз ин девон ёдовар ҳам нашуд.
Аз рубоиёти оламгири Хайём, «Маснавии маънавӣ»-и Ҷалолиддини Балхии Румӣ ва  «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ огоҳӣ надоштани иштироккунандаи давраи ниҳоии «Китобхони сол» аз чӣ гувоҳӣ медиҳад? Аксар иштирокдорони гурӯҳи охир донишҷӯ ва омӯзгор буданд. 
«Китобхони сол» манфиати зиёд дорад. Ин аввали кор аст. Он пас аз 4-5 сол самараи бештар хоҳад дод. Аз як ҷониб сафи китобхонҳо чанд маротиба афзун гардида, аз тарафи дигар ҷаҳонбинӣ ва маънавияту маърифати шаҳрвандон ташаккул меёбад.

Ӯзбакбой  РАҲМОНОВ, 
омӯзгори мактаби миёнаи рақами 30-юми 
ноҳияи Нурато.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: